Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти сол ва омодагиҳо ба Олимпиадаи Пекин-2008


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатӣ бо муҳимтарин хабарҳои варзишии ҳафта шурӯъ шудааст.

Муштзани маъруфи Узбакистон Руслан Чагаев, қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сангинтарин аз рӯи ривояти WBA унвони худро муваффақона ҳимоя кард. Ӯ дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон бар рақибаш Мэтт Скелтони 40-солаи бритониёӣ дастболо шуд. Ҳар се доварон аз рӯи имтиёз Чагаевро ғолиб донистанд. Лозим ба тазаккур аст, ки Чагаев пас аз пирӯзӣ бар Николай Валуеви русиягӣ барои аввалин бор унвони қаҳрамониашро ҳимоя кард.

Дастаи мунтахаби гуштии занонаи Чин барандаи Ҷоми ҷаҳон гардид. Тими мизбон дар шаҳри Тайюан дар сабқати ниҳоӣ дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дод. Тими мунтахаби Ҷопон ҷои севумро касб кард.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ду шаҳри номзад ба баргузории нахустин Бозиҳои олимпии наврасонро дар соли 2010 эълом кард. Инҳо шаҳрҳои Маскави Русия ва Сингапури Сингапур мебошанд. Пойтахти нахустин Бозиҳои олимпии наврасонро Жак Рогге, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 21-уми феврали соли равон эълон хоҳад кард.

Саҳифаи дуввуми маҷалла ба ҷаласаи солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти ин кумитаро дар соли 2007 баррасӣ кард, бахшида мешавад. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияти бадан ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон:

«Соли 2007 барои варзишгарони тоҷик соли бобарор гардид. Се роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 беҳтарин дастоварди намояндагони кишвар дар мавсими соли гузашта ба шумор меравад. Соли 2008 бошад, барои варзишгарони мо соли имтиҳони ҷиддист. Олимпичиёни тоҷик барои дарёфти медалҳои олимпӣ дар Пекин талош хоҳанд кард.»

Дар саҳифаи севвуми маҷалла мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Усто Устопиров, мураббии варзидаи гуштӣ, аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар бораи вазъи гуштии самбо ва рушди минбаъдаи он дар кишвар ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад. Ӯ, аз ҷумла, чунин иброз дошт: «Барои пирӯзии паҳлавонони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ бояд онҳо ҳар сол камаш дар 5-6 мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат карда, таҷоруби хуб касб намоянд.»

XS
SM
MD
LG