2 паём. Раҳмон аз “худнамоӣ” гуфт, Кабирӣ – аз “ҳадафҳо”

Эмомалӣ Раҳмон тариқи телевизионҳои давлатӣ сокинони мусулмони кишварро ба Иди Қурбон табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, бар пояи Қонуни асосии Тоҷикистон озодии эътиқоду гуногунандешӣ дар кишвар кафолат дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз сокинон даъват кард, бо тақлид ба якдигар ба оростани дастархону қурбонӣ напардохта, балки аз сарфаҷӯӣ кор бигиранд.

Ӯ, ки субҳи 4 октябр дар як паёми телевизионӣ мардумро ба Иди Қурбон табрик мегуфт, изҳор дошт, “баръакс, дар ин рӯз аз ҳарвақта дида, бештар ба эҳтироми якдигар, ҳимоя аз ҳаққи якдигар ва некӯкорӣ пардохта, ба хотири ободии наздикон аз исрофкориву худнамоӣ даст кашем.”

Оқои Раҳмон дар паёмаш Иди Қурбонро аз ҷумлаи қадимтарину азизтарин маросими суннатии мусулмонон донист ва гуфт, “ҷавҳари он аз ормонҳои башардӯстиву шафқат иборат мебошад.” Ӯ аз сокинони мусулмони кишвар хост, дар ин рӯз хайру сахоро аз ёд набаранд ва барои тавқияти ҳарфаш аз сураи “Нисо”-и Қуръони карим ҳам оят овард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз он нигаронӣ кард, ки ҳанӯз ҳам гуруҳе аз сокинон қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро риоя намекунанд: “Барои беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон мо Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро қабул намуда, роҳи беҳтарини баргузории ҳама гуна маъракаву чорабиниҳоро фароҳам овардем, вале баъзеҳо то ҳанӯз ба таассуб ва хурофот дода шуда, зиндагии худро дидаву дониста вазнин мекунанд.”

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар, низ бо нашри паёме сокинонро ба Иди Азҳо табрик гуфтааст. Ӯ таъкид намудааст, “Иди Қурбон танҳо як рӯзи иду хурсандӣ ва баҳонае барои ёдоварӣ аз гузаштагон нест. Балки, фурсатест, то ҳар инсони муъмин бо пайравӣ аз Ҳазрати Иброҳим (а) худро бисанҷад, ки оё омода ҳаст то ба хотири арзишҳо ва ҳадафҳои болотари муштарак аз баҳри хостаҳо ва ормонҳои шахсиву гурӯҳиаш бигзарад ё не.”

Оқои Кабирӣ илова кардааст, "имрӯзҳо, ки барои миллати мо арзише болотар аз сулҳу ваҳдат ва суботу оромиш вуҷуд надорад, бояд ҳар кадом талош кунад, онҳоро аз хостаҳои худ болотар бигзорад.”

Сокинони мусулмони Тоҷикистон имсол Иди Қурбонро 5 октябр, дуруст дар рӯзи ҷашни забони тоҷикӣ ва мавлуди Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мекунанд. Ин дар ҳолест, ки субҳи 4 октябр дар аксар кишварҳои исломӣ ва мусулмонии ҷаҳон намози Иди Қурбон хонда шуд. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон ҳафтае қабл гуфта буд, ба далели осмонбӯс будани куҳҳои кишвар моҳи нав дертар дида мешавад ва бинобар ин ҷашни Иди Қурбон ҳам дар муқоиса ба дигарон як рӯз дертар таҷлил хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ихтилофи назарҳо миёни рӯҳониён дар бораи рӯзи Иди Қурбон сокинони кишвар барои таҷлил аз ҷашни суннатӣ омодагӣ доранд. Беш аз ҳама кӯдакон хушҳоланд ва либосҳои навашонро тайёр мекунанд, то суҳи барвақт ба дари ҳамсояҳову наздиконашон рафта, идӣ бигиранд.