Домулло Сайидакбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар арафаи Иди Қурбон ё Азҳо аз сокинон хост, ба исрофкорӣ ва харҷи беҳуда роҳ надиҳанд. Ӯ дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, ҳар гуна сабқат барои худнамоишдиҳӣ бо пушаймонӣ анҷом меёбад ва беҳтар аст, сокинон пулро аз рӯи нақша харҷ кунанд, на аз рӯи ҳавою ҳавас.
Ин рӯҳонии тоҷик як бори дигар ба сокинони кишвар гӯшзад кард, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон бар асоси фатвои Шӯрои уламо 5 октябр таҷлил хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки аксар кишварҳои исломӣ ва мусалмонии ҷаҳон Иди Қурбонро рӯзи шанбеи 4 октябр ҷашн мегиранд ва ҳоҷиёни тоҷик дар Макка низ дар ин рӯз сари гӯсфандҳояшонро хоҳанд бурид.
Бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ихтилофи назарҳо миёни рӯҳониён дар бораи рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон вуҷуд дорад, аммо сокинон барои зебу зиннат бахшидани дастархонҳояшон омодагӣ мегиранд. Зоҳиран дар ин шабу рӯз тоҷирон ҳам "хеле серкоранд" ва талош доранд, то рӯи дастархонаи идонаи сокинон аз ҳама нуқлу наво пур бошад. Вале чизе ки мардумро аз ҳоло нигарон кардааст, боло рафтани нархи баъзе аз маҳсулот дар бозорҳои кишвар мебошад.
Таъкиди муовини раиси Шӯро уламо дар боари сарфаҷӯӣ дар ҳолест, ки Одинашоҳ Вализода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар арафаи Иди Қурбон аз “сабқат”-и сокинон барои оростани дастархону болоравии нархи маҳсулот нигаронӣ карда, онро як навъ зулм хондааст. Ӯ дар матлабе дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” гуфтааст, “аксар тоҷирону савдогарони мо дар тамоми сол фарорасии идҳои саиди Фитр ва Қурбонро ба беқарорӣ интизоранд. Чунки фурсати муносибе барои боло бурдани нархҳои маводи зарурии ғизоӣ пайдо мекунанд.”
Ӯ дар идома мегӯяд, бархе аз тоҷирон ба боло бурдани нархи маҳсулот қаноат накарда, "аз тарозу ҳам мезананд": “Ба ҳама рӯшан аст, ки нархи гӯсфандҳои қурбониро низ дар арафаи ид боло мебаранд. Баъд аз ин, пулҳои ба фиреб ҷамъовардаро бо риё хайр мекунанд, қурбонӣ менамоянд, дастархонҳои идонаашонро зиннат медиҳанд. Бо ин амалҳо, ки дар чашмашон нек метобад, бархе худро дар биҳишти адн тасаввур мекунанд.”
Ин масъули дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ин суолро ҳам пеш гузошта, ки “магар барои оростан ё худ зиннати дастархони идона дар миёни мо мусобиқаи эълонношуда нест? Ҳаст. Дар ин маврид тобеи хоҳишҳои ҳамсарони худ нестем? Ҳастем. Ниёз ба тавсифи чанд зани ҳамсояву дӯстон низ дорем. Чаро дунболи шуҳрат мегардем?”
Одинашоҳ Вализода мегӯяд, ҳатто афроди нодор ҳам ба хотири он ки аз “сабқат” берун намонанду аз ҳамсояҳои дорояшон як қадам қафо набошанд, бо қарз болои дастархони худро пур мекунанд. “Ғизоҳоеро, ки барои ид мехарем, барои як моҳ ва бештар аз он мерасад. Яъне, дар харидан низ исроф мекунем. Дар осиёби манфиату фиребу зулми тоҷирону савдогарон дар арафаҳои ид худамон об мерезем ва баъд менолем. Мегӯем, ки бар мо зулм карданд ва ба шикоят ба сарварон рӯ меорем.”
Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ афзудааст, сокинони кишвар на танҳо дар остонаи идҳо, балки дар рӯзҳои дигар низ, ба гуфтаи ӯ, ба худ зулм мекунанд: “Соли гузашта хароҷоти аҳолӣ барои хариди мошинҳои сабукрав ба як миллиарду 400 миллион сомонӣ расид. Дар ин бора бо тамоми масъулияти исломию инсонӣ андешидаем? Барои пардохти хизматрасониҳои операторони мобилӣ беш аз 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Мутмаин шудем, ки ба мушкилот ва бадбахтиҳои рӯзгорамон худамон сабаб мешавем?”
“Ҷумҳурият” дар хулосаи матлаби худ “хубу мақсаднок” доир кардани идҳои исломиро ба худи сокинон вобаста дониста, аз Ҳазрати Иброҳим ва фарзандаш ёдоварӣ кардааст, ки “бо фарзандаш (а) чӣ гуна ҳақиқатро нек шинохтанд, ид карданду қурбонӣ. Оё онҳо мисли мо буданд ва ё мо мисли онҳоем?”