Агар дар гузашта заноне, ки дар хонаи шавҳар ҳадафи хушунат қарор мегирифтанд, ба манзили падару модари худ бармегаштанд, ҳоло онҳо мехоҳанд, паноҳгоҳи худро дошта бошанд.
Созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯянд, ҳамарӯза ба онҳо занони ҷабрдидае муроҷиат мекунанд, ки ҷои рафтан надоранд. Ин ниҳодҳо пешниҳорд намудаанд, ки барои чунин занон паноҳгоҳ ё хонаи махсус барои зиндагии мувақати сохта шавад.
Ба ин марказҳо одатан занҳое меомадаанд, ки онҳо аз ҷониби шавҳарони худ мавриди хушунати равонӣ, ҷинсӣ ва гоҳо шаҳвонӣ қарор гирифтаанд, аммо барои раҳоӣ аз вазъи мушкили худ ҷои рафтан надоштаанд. Баъзеи ин занҳо, ки бо худ фарзанд доранд, мегӯянд, ки онҳо наметавонанд бо фарзандони худ дар хонаи падар паноҳ баранд ё онҷо зиндагӣ кунанд, чун метавонанд мавриди таънаи бародарон ё ҳамсарони онҳо қарор бигиранд.
Шаҳло, як зани ҷавоне аст, ки дар маркази дастгирии равонии занон буд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳараш пайваста ӯро мавриди лату кӯб қарор медод, вале ӯ наметавонад, ки бо ду фарзандаш роҳи хонаи падарро гирад, чун медонад, ки бо ду фарзандаш барои бародаронаш мушкилсоз шудаанд: “Шукри Худо, ду писар дорам, вале намедонам, ки аз чӣ бошад, ки шавҳарам ҳамеша манро мавриди лату кӯб қарор медод ва мегуфт, ки ба хонаатон рав, вале ман ҷои рафт надорам, сабаби лат кардашанро намедонистам.”
Шаҳло танҳо зане нест, ки мавриди лату кӯби шавҳар қарор мегирад, мисли ӯ даҳҳо зан дар вилояти Хатлон ҳадафи зӯроварӣ қарор мегирифтаанд ва ба созмонҳои ҷаъмиятӣ муроҷиат мекардаанд.
Ба иттилои созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, соли 2013 зиёда аз 5000 ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 4000 ҳазор зан дар Хатлон ба созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқи инсон муроҷиат кардаанд, ки дар байни онҳо занони хушунатдида нинз зиёд буда, ҳар рӯз як ё ду нафари онҳо паноҳгоҳ мехостаанд.
Мавҷуда Шарипова, роҳбари маркази “Ғамхорӣ” дар Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамарӯза талабот ба паноҳгоҳ барои заноне, ки мавриди хушунат қарор мегиранд бештар мешавад. Хонуми Шарипова мегӯяд: ”Агар мо паноҳгоҳ медоштем, занҳоро мебурдем ва онҳоро онҷо дар назорати равоншинос ва ҳуқуқшиносон мегузоштем инчунин кормандони иҷтимоӣ ба онҳо кумак мекарданд. Ба маркази мо занҳое меоянд, ки ҷои рафтан надоранд ва мо ба идораи занон ва ё хешовандони дури онҳо тамос мегирему онҳоро онҷо нигоҳ медорем. Агар паноҳгоҳ мебуд, занҳо онҷо муддате мемонданд ва каме ором мешуданд.”
Мавҷуда Шарипова инчунин мегӯяд, ки агарчи аксари хонаводаҳо дар Хатлон суннатианд, аммо занҳое, ки мавриди хушунату зӯроварӣ қарор мегиранд, гоҳо ба танг омада, фарзандони худро гирифта аз хонаи шавҳар мегурезанд, аммо бисёрии онҳо ба хонаи падар намераванд.
Маърифат Зоирова, раиси идораи занон ва оила дар вилояти Хатлон дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ тасдиқ кард, ки созмонҳои ҷаъмияти дар мавриди хушунату занозорӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд ва онҳо омодаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз хушунат бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Хонум Зоҳирова афзуд, онҳо барои кумаки молӣ барои бунёди як паноҳгоҳ аризаи расмӣ дарёфт кардаанд, аммо ихтисос додани пул барои чунин коре дар салоҳияти онҳо нест.
Пас аз муроҷиати созмонҳои ҷамъиятии Хатлон барои бунёди паноҳгоҳ соле қабл гуфта шуд, ки ҳукумати маҳаллӣ 8 сотих заминро аз маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо кардааст, аммо дар мавриди кӯмаки молӣ ҳукумат ба онҳо ваъдае надодааст ва бо гузашти як сол ин созмонҳо дар ҷустуҷӯи пуле ҳастанд, ки паноҳгоҳро бисозанд.
Созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, ки тарҳи сохтмони паноҳгоҳро ба ҳукумат пешниҳод кардааст, мегӯяд, ки онҳо барои дарёфти пул ба созмонҳои хориҷӣ ва сафоратҳо муроҷиат мекунанд, вале то ҳол ваъда ё посухи мусбате нагирифтаанд.
Дар соли 2012 бо кӯмаки намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон дар ҳудуди беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов хонаи паноҳбарии занону кӯдакони мавриди хушунату лату кӯб қароргирифта таъсис дода шуда буд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи занони маҳаллӣ он замон гуфта буданд, ки чунин паноҳгоҳи муваққат барои таъмини ҳимоят аз заноне ки марвиди зӯроварӣ қарор мегиранд, кофӣ нест.
Бино ба омори расмӣ, ҳар рӯз дастикам як зан дар Тоҷикистон қасди ҷони худ мекунад. Дар миёни онҳо заноне ҳам ҳастанд, ки дар натиҷаи хушунату зӯроварии пайваста дар хона худкушӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, боз шудани паноҳгоҳ барои занони ҷабрдида метавонист шумори онҳоеро, ки аз мушкилоти зиндагӣ ба ҷон омада, ба ҷони худ қасд мекунанд, хеле коҳиш диҳад.