150 донишҷӯе, ки моҳи сентябр ба президентҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хидмат хоҳанд кард, ҳамзамон бо одоби меҳмондорӣ, дарси сиёсат ва ҷуғрофиё мехонанд.
Ба ин ҷавонону духтарон, ки аз донишгоҳу донишкадаҳои гуногун интихоб шудаанд, на танҳо одоби пешвозгирию саломдиҳӣ ё рӯи даст бурдани лаълию тақдими гулдаста, балки ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ дар кишварҳои узв ва шеваи рафтор дар ҳолатҳои изтирориро омӯзонида мешавад.
Нигора Бобоева, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар қатори 150 нафари дигар беш аз 10 рӯз аст, дар як давраи омӯзишӣ дар муассисаи Маркази таълимии калонсолон нозукиҳои "пешхидматӣ"-ро меомӯзад. Вай мегӯяд, ҳаргиз фикр намекард, ки ин пеша ин қадар мураккаб буда, маҳорати хос металабад: «Ба мо мегӯянд, ки бояд ҳангоми қабулу мизбонӣ симои хуб ва чеҳраи кушода дошта бошем. Агар пешхизмати зан бошад, бояд маводи косметикӣ кам истифода бараду мӯйҳояш ҳам ғундошта бошанд ва албатта дар ин ҷо, ки меҳмонони хориҷӣ ҳастанд, мо бояд забонҳои туркӣ, русӣ ва англисиро ҳатман бояд донем.»
Нигора ва даҳҳо ҷавони тоҷик баъд аз як озмун ба ширкат дар ин давраҳои омӯзишӣ даъват шуданд ва акнун аз мутахассисони соҳибтаҷриба сабақ мегиранд.
Рустам Муродов, корманди меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ва яке аз устодони давраи омӯзишӣ барои пешхидматони маъракаҳои муҳими сиёсӣ рӯзи чоршанбеи 28 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ин ҷавонон шурӯъ аз ороиши мизу тарзи доштани лаълӣ то шеваи рафтору гуфтор ва масоили муҳими сиёсӣ маълумот дода мешавад:
«Инҳо бояд аз ҳама ҷиҳат хуб ва пешхизматони дар сатҳи олӣ омода шаванд. Мо қабл аз ҳама ба онҳо шеваи дурусти рафтору гуфторро меомӯзем ва баъдан пешхизмат бояд ба ҳар савол посух дошта бошад. Масалан, меҳмон сари миз менишинад ва ғайр аз хӯрок хӯрдану нӯшидан ба пешхизмати дар наздаш буда, суол медиҳад, метавонад пурсад, ки роҳбарони мақомоти шумо киҳоянд? Чӣ қадар миллат аст ин ҷо? Пешхизмат бояд аз ҳар ҷиҳат фаъол бошанд ва ба ҳар як савол бояд ҷавоб диҳанд.»
Ҷаноби Муродов мегӯяд, дар интихоби ин ҷавонон дар баробари зоҳири зебо ва қаду қомат, ҳамчунин ба саломатӣ ва забондониву дониши онҳо низ таваҷҷӯҳи шудааст. Аммо дар ошкор кардани чеҳраҳои ин ҷавонон ва тарғиби онҳо, ки назди сарони давлатҳо хизматрасонӣ хоҳанд кард, масъулон барои бехатарӣ каме аз эҳтиёт кор мегиранд ва чандон моил нестанд, ки чеҳраҳои онҳо ҷое намоиш ёбад.
Кенҷа Латифов, мудири шӯъбаи ташкилии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки 110 донишҷӯи ин донишгоҳ ҳам ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд, ин иқдомро барои дар сатҳи баланд баргузор кардани нишастҳои муҳими сиёсӣ муассир арзёбӣ мекунанд. Вай меафзояд: «Аз нигоҳи аввал ин кор барои мо як кори оддӣ менамояд, аммо дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ як пешхизмат муаррифгари як кишвару миллат аст ва агар ин пешхизат дар сатҳи зарурӣ омода шуда бошад, ин боиси ифтихори миллати мо мешавад ва меҳмон ҳам бо табъу таасуроти хубе аз Тоҷикистон бармегардад ва ин ҳам метавонад боис ба ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон гардад.»
Ба гуфтаи масъулони Маркази таълимии калонсолон, онҳо чандин сол аст, барои пазироӣ ва хизматрасонии меҳмонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ аз ин роҳ пешхизмат омода мекунанд, аммо як сабаби аслии ин иқдомро бархеҳо ба ҳодисае рабт медиҳанд, ки чанд сол пеш дар нишасти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе рух додааст.
Пешхидмате дар ин маърака, бо лаълии пури дасташ дар назди раҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин меафтад ва ин ҷониби мизбонро дар як ҳолати ногувор қарор медиҳад. Баъди ин воқеа, афроди масъул ҳадафи танқидҳои сахти худи раисиҷумҳур қарор мегиранд.
Одатан донишҷӯёне, ки дар чунин маъракаҳо ширкат мекунанд, барои кори худ дастмузд мегиранд, аммо яке аз масъулон мегӯяд, ин бештар як кори ифтихорист. Бо вуҷуди ин гуфта шуд, ки барои кори хуб, ба ин донишҷӯён подошҳое дода мешавад.
Дар баробари 150 донишҷӯ барои пазироии президентҳо дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ҳамчунин беш аз 10 афсар дарси ошпазӣ ва қаннодӣ мегиранд. Эҳтимол меравад, вазифаи асосии онҳо таъмини амнияти меҳмонон бошад.