17:26
13.9.2013
Дар Бишкек мулоқоти президентҳои Русия ва Эрон Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гашт. Ду раҳбар ҳамкориҳои миёни ду кишвар, авзоъ дар Ховари Миёна, ба хусус Сурия, дурнамои баҳси барномаи ҳастаии Эрон ва густариши ҳамкориҳои ҳастаии байни ду кишварро баррасӣ мекунанд.
16:59
13.9.2013
Дар хотимаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек Тоҷикистон раҳбарии ин эътилофро барои як соли оянда бар зимма гирифт. Ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2014 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.
16:34
13.9.2013
Дар поёни нишасти сарони кишварҳои СҲШ чунин ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Эъломияи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек.
- Қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бобати тасдиқи Барномаи фаъолиятҳо дар солҳои 2013-2017 дар роҳи татбиқи Шартномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.
- Қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бобати тасдиқи Гузориши Дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай роҷеъ ба фаъолияти созмон дар соли гузашта.
- Қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бобати тасдиқи Гузориши Шӯрои Минтақаии ниҳоди зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2012.

16:11
13.9.2013
Раҳмону Рӯҳонӣ хостаанд соҳибкорони ду кишварро дар Душанбе ҷамъ оранд http://t.co/iZwKsD0BKx via @RadioiOzodi
— Radioi Ozodi (@RadioiOzodi) September 13, 2013