Сафири Исроил дар Вашингтон гуфтааст, созиши оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон метавонад, "дар чанд рӯзи оянда" ба даст биояд.
Майк Ҳерзог рӯзи 25-уми ноябр ба радиои артиши Исроил гуфт, ҳама гуна созиш ризояти ҳукуматро талаб мекунад, вале "мо ба он наздикем".
Ҳафтае пеш фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна низ хатми ҷангро миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" имконпазир дониста буд.
"Ҳизбуллоҳ", ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, ҳам ҳизби сиёсист ва ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ. Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро як созмони террористӣ медонад, аммо Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
“Ҳизбуллоҳ” 8-уми октябри соли гузашта, як рӯз баъд аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба Исроил ба хоки ин кишвар мушак партофт. Аз он замон даргирии ду тараф идома дошта, моҳҳои охир шиддат гирифтааст.