Созиши нави Тоҷикистон ва Қирғизистон

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон ба созиш расидаанд, ки шаҳодатнома ё парвонаи ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми апрел бо матни созишнома шинос шуд.

Дар санад омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳангоми будубош дар хоки ҳамдигар бе супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро иваз карда метавонанд.

Яъне, Тоҷикистон ҳуҷҷати ронандагони Қирғизистонро эътироф мекунад ва Қирғизистон ҳам ин корро бояд анҷом диҳад. Шарт танҳо ин будааст, ки шаҳрвандони ду кишвар бояд ҳуҷҷати ронандагии худро бо тарҷумаи забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод кунанд.

"Дар сурати пайдо шудани шубҳаи марбут ба дурустӣ ё аслӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ, ки барои иваз кардан пешниҳод шудааст", мақомоти ду кишвар метавонанд аз тарафи дигар дуруст будани ҳуҷҷатро пурсад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз чанд муноқишаи хунин дар марз аз соли 2021 равобити тирае доштанд. Моҳи марти имсол роҳбарони ду кишвар созишномаро дар бораи таъйини хати марз имзо карданд ва сарҳадҳои ду тараф ба рӯйи ҳамдигар боз шуд.