Нахустин тарона дар васфи Дилшод Назаров (ВИДЕО)

Дилшод Назаров

Иззат Шарифӣ, овозхони тоҷик, рӯзи 23-юми август эълон кард, ки дар васфи Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро нахустин тарона омода шудааст ва онро ҳангоми истиқбол аз гурзандози маъруфи тоҷик иҷро хоҳанд кард. Ба қавли Иззат Шарифӣ, матни ин тарона аз Сафар Аюбзодаи Маҳзун буда, оҳангаш аз тарафи ӯ эҷод шудааст ва таронаро Манучеҳри Салимзода ва Фаридун, кормандони шуъбаи фарҳанги Душанбе сароидаанд.

"Ин таронаро ҳамин шаб сабт кардем, ҳарчанд идеяаш баъди лаҳзаҳои пирӯзии Дилшод Назаров пайдо шуда буд. Пирӯзии Дилшод Назаров орзуи чандинсолаи Тоҷикистон буд. Фахри мо аст. Кадом инсоне бошад, ба нангу номус бошад, чӣ гуна худро канор мегирад. Инро мо бояд таҷассум кунем. Ин пирӯзии ҳамаи мост," - гуфт ӯ.

Ин нахустин таронае аст, ки дар васфи Дилшод Назаров сароида шудааст. бо То кунун чанде аз шоирони тоҷик, аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб, Озар ва Исфандиёри Назар дар ҳаққи ӯ шеър навишта, ҳатто баъзе аз расонаҳо барои шеъри беҳтарин дар васфи Дилшод Назаров ҷоизаҳои пулӣ эълон кардаанд.

Дилшод Назаров, ки рӯзи 20-уми август бо партоби гурз ба масофаи 78 метру 68 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро шуд, рӯзи 26-уми август ба Душанбе бармегардад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аввал ҳамроҳи мураббиаш Владимир Машко ба Прага, маркази Ҷумҳурри Чех рафта, сипас аз он ҷо ба Маскав ва баъдан ба Душанбе меравад.

"Рӯзи 26-уми август соати 18:00 ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мерасам," – таъкид дошт ӯ. Ҳайати варзишии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Сан-Паулу-Истанбул-Душанбе рӯзи 27 август соати 03:35 ба Душанбе мерасад.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки барои истиқболу қадрдонӣ аз Дилшод Назаров тамоми омодагиҳоро дидааст. Ин мавзуъ рӯзи 22-юми август дар ҷаласаи кории Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бо фаъолони пойтахт матраҳ шудааст.

Ӯ гуфтааст, “шаҳрдорӣ барои пешвозу қадрдонии арзандаи дастпарвари мактаби олимпӣ ва «Варзишгари беҳтарини шаҳр» - Дилшод Назаров омодагиҳои ҳамаҷониба дидааст”. Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе зикр кардааст, ки “барои рушди соҳаи варзиш дар шаҳр ва боло бурдани натиҷаву дастоварди варзишгарон мактабҳои олимпӣ таҷдид шуда, ба низоми идоракунии онҳо дастгирии махсуси гаҳрдорӣ равона карда мешаванд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дилшод: Дар пушти ман 8 миллион нафар буд

ДИЛШОД НАЗАРОВ

6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва

Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006)мебошад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад