Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки болоравии қурби доллар ва ҳамин тавр коҳиш ёфтани қурби пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ ҳатман ба нархи маҳсулот дар бозор таъсир мерасонад.
Константин Бондаренко, раиси Анҷумани бозори озоди Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 24 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “сабаби асосии беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба ду омил бастагӣ дорад. Якум, кам шудани мизони интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ ва дуюм, дар ҳоли ҳозир набудани бозори маҳсулоти умдаи содиротӣ, аз ҷумла, алюмниниум ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ.”
Ба гуфтаи ҷаноби Бондаренко, тибқи гузоришҳои расмӣ, мизони интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар охири соли 2014 нисбат ба соле пеш 6 дарсад кам шудааст. Муҳоҷирони кории тоҷик, бино ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2013 беш аз 4 миллиард доллар, баробари қариб нисфи ММД-и Тоҷикистон аз Русия маблағ ворид кардаанд. Аммо ин рақам баъд аз таҳримҳои Амрикову Аврупо алайҳи Русия ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ба ин далел, ҷаноби Бондаренко мегӯяд, “дар сурати кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, пули миллӣ низ беқурб мешавад.”
Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, "ҳамакнун мавсими фурӯши молҳои содиротии Тоҷикистон – пахта ва алюминиум, ки саҳме дар ворид кардани асъори хориҷӣ ба бозори дохилӣ доранд, нест ва ин албатта ба беқурбшавии пули миллӣ таъсир мерасонад."
Нигаронии Константин Бондаренко, раиси Анҷумани бозори озоди Тоҷикистон аз он аст, ки беқурбшавии пули миллӣ ва афзоиши қурби доллари амрикоӣ ҳатман ба нархи маҳсулот дар дохили кишвар таъсири амиқи худро мерасонад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Бондаренко, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон воридкунандаи молу маҳсулот аз хориҷ аст ва саҳми воридот низ бештар аз содирот аст, ҳатман, ки молу коло бо асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд ва ба ин далел дар бозорҳо нархи маҳсулот, ба хусус маҳсулоти маврид ниёзи аввалия, баланд мешавад.
Муддати ду рӯзи ахир дар саррофиҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва ҳамин тавр Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар қурби доллари амрикоӣ дар нисбати сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Бар асоси иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз, сешанбеи 24 феврал, қурби хариду фурӯши 1 доллари амрикоӣ ба 5 сомониву 91 дирам ва 5 сомониву 93 дирам баробар шуд.
Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки 1 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои маркази вилояти Суғд ба 5 сомониву 97 дирам ва ҳатто 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Субҳи рӯзи сешанбеи 24-уми феврал аксари саррофиҳо дар шаҳри Хуҷанд аз фурӯши доллар худдорӣ мекарданд. Дар 5 дӯкони саррофӣ гуфтанд, ки доллар надоранд, вале ба хариди он ба нархи 5 сомониву 93 дирам ба 1 доллар омодаанд. Навиштаҷоти саррофиҳоро қурби як рӯз пеш зеб медод, ҳарчанд ки ба гуфтаи саррофон, ҳоло қурби хариду фурӯши 1 доллари амрикоӣ то 5 сомониву 97 дирам ва 6 сомонӣ боло рафтааст.
Саррофиҳои Хуҷанд умдатан дар назди бозори Панҷшанбе ҷойгиранд ва назди он даҳҳо сокинони барои хариди доллар омада, ҳайрону парешонҳол ба назар мерасиданд. Сипас дар майдони бозор як автомобили пулкашони бонки “Эсхата” бо доллар, 5 сомониву 90 дирам барои фурӯш ҳозир шуд ва тӯдаи харидорон, марду зан назди он навбат оростанд.
“Дар дӯконҳои мубодилаи асъор нархҳои паст навиштаанд, аммо ба он нарх доллар намефурӯшанд. Ман дар чанд дӯкон будам, ҳамаашон мегӯянд, ки доллар мехарем, аммо барои фурӯш надорем.” – гуфт як зане, ки дар навбат меистод.
“Ин ҷо чанд рӯз боз бо автомобил доллар наоварда буданд. Барои ҳамин навбат калон аст” – мегӯяд зани дуюмӣ.
Як мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки худро Нозимҷон муаррифӣ кард, мегӯяд, бори аввал барои хариди ҳамагӣ 200 доллар омадааст ва дидани манзараи навбат истодан барои хариди доллар, барояш нохушоянд аст: “Беҳтар нест, ки бонкҳо долларро ба дӯконҳо тақсим кунанду ин хел навбат напоем. Гумон мекунед, ки худи банкҳо долларро камчин карда, қурбашро боло бурда бошанд.”
Ин ҳам дар ҳоле, ки нимаи дуюми ҳафтаи гузашта доллари амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳри Душанбе дар муқобили сомонӣ ба маблағи 5 сомониву 75 ва ё 5 сомониву 76 дирам мубодила мешуд. Ва дар Хуҷанду манотиқи дигар низ қури доллар аз пойтахт камубеш фарқ дошт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамакнун тибқи иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли ҳозир ба 5 сомониву 87 ва 5 сомониву 89 дирам баробар аст. Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки бозори асъори кишвар таҳти назорат аст ва ҳама рӯза ба вазъи он таъсир гузошта мешавад.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ ахиран дар сӯҳбат бо расонаҳо “таъсир ба бозори қурби асъор”-ро чунин шарҳ дод: “Мо талош мекунем, то тағйирёбии қурби асъорро мӯътадил гардонем, то ба афзоиши қимати маҳсулот оварда нарасонад. Ба хусус аз тариқи фурӯши нақдӣ ва ғайринақдии доллар дар бозори дохилӣ ин амр имконпазир хоҳад буд.”
Аммо ба якборагӣ афзоиш ёфтани қурби доллар дар саррофиҳои Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки мутаассифона, иқдомоти Бонки миллии кишвар дар заминаи нигаҳдории қурби пули миллӣ натиҷаҳои муассир намедиҳад.
Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд ҷаҳиши доллар нисбат ба сомониро ба “нокофӣ будани захираи доллар” рабт медиҳад. Рухшона Асророва, мудири шуъбаи танзими асъор дар ин намояндагӣ мегӯяд: “Барои он ки ҳозир содирот аз кишвар кам шудагӣ аст, асосан – воридот. Интиқоли маблағ аз хориҷа ҳам кам шудааст. Ҳама маҳсулоте, ки аз хориҷа меорем, бо асъори хориҷӣ меорем. Барои ҳамин асъори хориҷӣ кам шудааст.”
Дар ҳоли ҳозир ки Тоҷикистон ҳатто қисме аз маводи аслии ғизоӣ, орду шакар ва равған ва ҳатто меваю сабзавотро аз хориҷ бо асъори хориҷӣ, умдатан доллари амрикоӣ ворид мекунад, пас, оё мешавад қурби сомониро дар баробари доллар танзим кард? Хонум Асророва мегӯяд: “Ба қадри имкон Бонки миллӣ бо даровардани асъор ба бозор мудохила мекунад, барои танзими бозори асъор талош мекунад, вале ман ҳозир қурби ояндаи сомониро пешгӯӣ карда наметавонам.”
Ҷаҳиши доллар дар баробари сомонӣ аз ҳама бештар тоҷирон ва фурӯшандагони суғдиро нигарон кардааст. Як ҷавони нонфурӯш дар бозори Панҷшанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бидуни муаррифии худ чунин гуфт:
“Ҳама чизро тоҷирон ба мо бо қурби доллар ҳисоб карда медиҳанд. Масалан, орд, равған, ҳатто ҳамин салафанро, ки мебинед. Барои ҳамин қурби доллар, ки баланд шуд, баъди 1-2 рӯз нархи маҳсулоти мо мехаридагӣ ҳам баланд мешавад. Масалан, як халта ордро ҳар навбати баландшавии қурби доллар камаш 5- 6 сомонӣ баланд мекунанд. Мо зарар мебинем, нархи нонро баланд бардорем, харидоронро а даст медиҳем, агар нонро хурдтар кунем, боз ҳам харидор меранҷад.”
Зимнан, паст рафтани қурби сомонӣ ва тасъири он ба нархи маҳсулот дар бозори Панҷшанбе равшан мушоҳида мешавад. Як кило себи миёнаи маҳаллӣ 6-7 сомонӣ, як кило анор15-16, як кило гӯшти беустухон 45 сомонӣ арзиш дорад.