Шуморе аз сокинони ноҳияи Ишкошим бо ирсоли як муроҷиатнома ба Маҷлиси намояндагони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳукумати ин ноҳия тасмим дорад номи онро аз Ишкошим ба Вахон табдил диҳад.
Аммо Зикрихудо Самадзода, раиси ноҳияи Ишкошим рӯзи 2 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯи табдили исми ноҳия матраҳ нест ва танҳо тасмим аст, исми ҷамоати Шитхарф ба хотири эҳёи номи таърихӣ бо номи Вахон номгузорӣ шавад.
Шуморе аз сокинони Ишкошим нигаронанд, ки номи ин ноҳия аз Ишкошим ба Вахон табдил дода мешавад. Аммо мақомот маҳаллӣ мегӯянд, ки тасмим доранд танҳо номи як ҷамоатро ба Вахон табдил диҳанд.
Баҳс атрофи иваз кардани номи ноҳия чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархост ва аксар сокинони навоҳии вилояти Бадахшон дурустии дахолат ба забону номҳои таърихиро аз ҷониби мақомот зери суол бурданд.
Ноҳияи Ишкошим воқеъ дар шарқи Бадахшони Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор аҳолӣ дорад ва сокинонаш пайрави мазҳаби исмоилӣ буда, миёни худ асосан бо се забон - тоҷикӣ, вахонӣ ва ишкошимӣ суҳбат мекунанд. Забонҳои вижа, маконҳои таърихие мисли Қалъаи қадимии Қаҳ-қаҳа, Ямчун, чашмаҳои нодири шифобахш ба монандаи Гармчашма ва Бибӣ-Фотимаи Заҳро ин ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистонро барои сайёҳони хориҷӣ ба макони диданӣ табдил додааст.
Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷики муқими Маскав 2 феврал ба “Радиои Озодӣ” гуфт, Ишкошим як “осорхонаи зиндаи забонҳост”. Ӯ дар мавриди вижагиҳои ноҳияи Ишкошим гуфт: “Вахиҳо ё вахониҳо дар он ноҳия аксариятро ташкил медиҳанд. Ишкошимиҳо танҳо дар рустои Рин ва худи маркази ноҳия ба сар мебаранд ва инчунин ғорониён ҳам, ки форсизабон ҳастанд”. Ба гуфтаи ӯ, забонҳои маҳаллӣ аз гӯишҳои сакоӣ бозмондаанд ва аз қадимтарин забонҳои зиндаи эронӣ ҳастанд, ки 2700 сол умр доранд.
Саодатшоҳ Матробиён, муовини аввали Кумитаи забон ва истилоҳот дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” бо ишора ба гуногунии забонии ноҳияи Ишкошим гуфт, забони вахонӣ, ки номи маҳалли он “хъиквор” аст, ба ҷуз аз Тоҷикистон дар миёни гурӯҳҳои мухталиси се кишвари дигар низ ба кор меравад. Ба гуфтаи ӯ: “Забони вахонӣ дар Тоҷикистону 11-12 ҳазор гӯишвар дорад. Ҳамин қадари дигар дар Афғонистон ва аз 18 то 20 ҳазор нафар дар Покистон ва теъдоде ҳам дар Чин ба ин забон суҳбат мекунанд.”
Ин забон дар водии Вахон, ки рустоҳои Намадгут, Раманит, Даршай, Шитхарв, Зумудг, Путуп, Навобод, Ямчун, Вунукут, Вранг, Зонг, Туггоз, Дриж, Ширгин ва чанд рустои дигар шомили он мешаванд, ба кор меравад.
Ҷаноби Матробиён дар мавриди забони ишкошимӣ ё ринӣ мегӯяд: “Бо ин забон танҳо дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим ва қисме аз мардуми деҳаи Сумҷин суҳбат сӯҳбат мекунанд. Миқдори гӯяндагони ин забон дар Тоҷикистон аз 500 то 700 нафар мебошанд ва дар минтақаҳои Султони Ишкошим ва Зебоки Афғонистон ҳам чанд гуишвар дорад.”
Ба ҷуз аз ин забонҳо, сокинони ноҳияи Ишкошим ба забони тоҷикӣ низ сӯҳбат мекунанд, ки аксарият дар водии Ғорони ин ноҳия зиндагӣ мекунанд. Онҳое, ки дар хона бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, дар Ишкошим тахминан 7 ҳазор нафар ҳисоб шудаанд. Забони тоҷикӣ ба унвони забони давлатии Тоҷикистон дар коргузориву мактабҳои маҳаллӣ омӯхтаву ба кор бурда мешавад.
Донишмандони улуми забон далели зинда мондани забонҳои нодири бадахшӣ аз ҷумла дар Ишкошимро аз сӯе ба вижагиҳои фарҳангиву мазҳабии зиндагии мардуми маҳаллӣ рабт медиҳанд. Аз сӯи дигар, воқеиятҳои ҷуғрофиро ҳамдалели аслии ҳифзи ин забон дар муҳити гӯяндагонаш таъкид мекунанд. Зиндагӣ дар минтақаи кӯҳсор ва начандон осон будани иртиботи заминиву нақлиётӣ бо манотиқи дигар, шонси зиндаву рушд кардани забонҳои маҳаллиро бештар кардааст. Ҳарчанд, ба қавли донишмандон, муҳити истифодаи онҳо бештар бо сокинони маҳаллӣ маҳдуд мешавад.
Аммо Шодихон Юсуфбеков, раиси Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, дар Тоҷикистон барои густариши забонҳои хурд кори чашмрас ба назар намерасад. Густариш ва ҳифзи забонҳои помирӣ ба ӯҳдаи ҳукумати ВМКБ гузошта шудааст, ки ба гуфтаи ин донишманд, барои нигаҳдории онҳо чизе намешавад: "Фақат дар Институти илмҳои гуманитарӣ шӯъбаи забонҳои помирӣ аст, ки фақат аз лиҳози илмӣ забонҳоро меомӯзанд. Чанд бор ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят навишта будем, ки дар мактабҳо ба таври факултативӣ ҳам бошад аққалан 2 соати таълим дода шаванд. Вале, ин чиз амалӣ нагардид.”
Вилояти мухтори Бадахшон яке аз манотиқи вижаи фарҳангӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст, ки 300 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксар сокинони ин вилоят пайрави мазҳаби исмоилӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки дигар сокинони Тоҷикистон суннии ҳанафӣ мебошанд. Дар ин минтақа ба забонҳои помирӣ-як гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ (язгуломӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ, вахонӣ, сариқулӣ) ва дигар забонҳо сӯҳбат мекунанд. Дар гуфтугӯ бо ҳамдигар сокинони маҳаллӣ аксаран ба форсӣ сӯҳбат мекунанд.