Дурахши зодаҳои Тоҷикистон дар хориҷ (ВИДЕО)

Даврон Муҳаммадиев дар Олимпиадаи Сочи

Дар ин солнома ба чанд шахсияти бархоста аз Тоҷикистон мепардозем, ки тавонистаанд дар соли 2014 номи кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Дар соли 2014 баъзе аз намояндагони миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон бо корномаҳои худ дар сархати рӯйдодҳои ҳунарӣ ва варзишӣ қарор гирифтанд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ матраҳ карданд. Дар давоми сол дар рӯйдодҳои мухталифи байналмиллалӣ асосан ин номҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он дар доираҳои илмиву ҳунарӣ ва варзишӣ вирди забонҳо буд ва онҳоро ба чеҳраи сол табдил дод: Светлана Герасименко, Барзу Абдураззоқов, Нигина Сайфуллоева, Анӯшервон Назарзода ва Даврон Муҳаммадиев.

ТАБЛИҒГАРИ ТОҶИКИСТОН АЗ САЙЁРАИ ЗАМИН ТО КАЙҲОН

Шаби 12 ноябри соли 2014 дастгоҳи Ожонси кайҳонии Аврупо бо номи “Розетта” дар сатҳи шаҳоб ё ситораи дунболадори Чурюмов-Герасименко фуруд омад. Дастгоҳи “Розетта”-ро модули “Филе”-и ожонси мазкур ба фазои кайҳон интиқол дод ва ин амалиётро дар маркази Ожонсии кайҳонии Аврупо аз масофаи бештар аз 500 миллион километр аз Замин идора мекард.

Светлана Герасименко ба ин марказ дар шаҳри Кёлни Олмон даъват шуда буд ва ҷараёни фуруд омадани дастгоҳи “Розетта” ба сатҳи шаҳобро ҳамроҳ бо донишмандони номовари ҷаҳон назорат мекард. Ин шаҳоб дар илми ситорашиносии ҷаҳон бо номи Чурюмов-Герасименко сабт шудааст. Ҳамон лаҳзае, ки “Розетта” ба сатҳи шаҳоб фуруд омад, Ожонсии кайҳонии Аврупо эълон кард, ки ин шаҳобро Светлана Герасименко - корманди Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кашф кардааст. Хонум Герасименко аз соли 1973 то ҳол дар шаҳри Душанбе дар ин маркази илмӣ кор мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дурахши зодаҳои Тоҷикистон дар хориҷ

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ он рӯзҳоро ба ёд овард: “Мо моҳи сентябри соли 1969 ба Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Алмаато ба сафари илмӣ рафтем, то ситораҳои дунболадор ё шаҳобҳоро назорат кунем. Ман аз як телескопи 50 сантиметӣ якчанд шаҳоб, аз ҷумла ҳамин шаҳобро шаби 11 ба 12 сентябр мушоҳида кардам. Ба ин ситора ё шаҳоб шиноснома доданд ва Чурюмов-Герасименко ном гузоштанд. Албатта, мо он вақт аз ин дастовард ва кашфиёт ифтихор доштем. Сипас дар соли 2003 ба мо хабар доданд, ки ба ситораи дунболадори мо як дастгоҳи таҳқиқотӣ мефиристанд.”

Парвози “Розетта” даҳ сол давом кард. Дар садкилометрии ситораи дунболадор модули “Филе” аз дастгоҳи “Розетта” ҷудо шуд ва шаби 12 ноябр дар сатҳи ситора нишаст ва аввалин маълумотҳоро аз он ҷо ба “Розетта” фиристод ва аз “Розета” ин маълумотҳо ба сайёраи Замин фиристода мешуд.

ҲУНАРМАНДЕ, КИ ДАР БЕРУН АЗ ВАТАН ДУРАХШИД

Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов - коргардони тоҷик дар соли 2014 асосан дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон кор кард. Вай моҳи январ маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк кунад ва барои кор ба театри академӣ-драммавии русии Бишкек ба номи Чингиз Айтматов равад. Ба вай барои се сол дар Қирғизистон қарордоди ҳамкорӣ доданд. Қабл аз ин пешниҳоди ҳамкорӣ вай дар шаҳри Душанбе мехост студияи худро ташкил диҳад, вале мақомоти зидахл ба ин кор иҷоза надоданд.

Вай дар аввали сол дар Бишкек намоишномаи “Плаха” ё “Қиёмат”-ро бар асари Чингиз Айтматов ва сипас намоишномаи “Дон Жуан”-ро бар асари ҳамноми Жан Батист Молер рӯи саҳна овард. Ин намоишномаҳо аз комёбиҳои солҳои охири театри Қирғизистон эътироф шуданд.

Бо назардошти ин комёбиҳо 27 марти соли 2014 Барзу Абдураззоқов коргардони беҳтарини чанд соли охири Қирғизистон эълон шуд ва ҷоизаи беҳтарин коргардонро гирифт. Сипас намоишномаи “Хандаи лангуст”-и Ҷон Моррелро таҳия кард. Сипас Барзу намоишномаи “Роҳи дури дур ба Макка”-ро, ки хузаш ҳам муаллиф ва ҳам таҳиягар буд ба ҷашнвораи байналмиллалии театр ба таласи Қазоқистон бурд. Ин намоишнома чаҳор ҷоизаи аслии ҷашнвора “асари беҳтарин, “дастаи беҳтарин” ва нақшҳои беҳтарини зан ва мардро ба худ ихтисос дод. Дар ин рӯзҳо Барзу сафари даҳрӯза ба Академияи Фарҳангии Қазоқистон баргашт ва ба таҳияи намоишномаи дигар бо номи “Искусство” омодагӣ мегирад. Барзу дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Соли Нави мелодӣ бо сафар ба Алмаато шурӯъ мешавад ва дар он ҷо вайро се театр мунтазиранд. Дар соли 2015 таҳияи 5-6 намоишномаро ба нақша гирифтааст, ки он барои як коргардон хеле зиёд аст.

СИТОРАИ НАВ ДАР ОЛАМИ КОРГАРДОНИИ СИНАМО

Соли ҷорӣ ситораи нави дигаре бо як филми кутоҳметраи худ дар ҷашнвораи байналмиллалии Женева дурахшид. Нигина Сайфуллоева баъд аз такмили филми “Номи ман чист?” 20 октябр дар ҷашнвораи кинои Женева барои ин филм беҳтарин коргардони соли 2014 эълон шуд.

Лаҳзае аз филми "Номи ман чист?"

Нигина мегӯяд: “Барои ман рӯйдоди муҳим такмили филми кӯтоҳмуддати “Номи ман чист?” буд, ки дар ҷашнвораҳои синамо соҳиби ҷоизаҳо шуд. Баъд аз 11 сол бори аввал дар синамотеатрҳои Аврупо як филми русӣ ба намоиш даромад. Ин барои ман ифтихори бузург буд. Ин филм ҳамчунин 26 октябр дар ҷашнвораи байналмиллалии “Оғоз” дар шаҳри Санкт-Петербург барандаи Шоҳҷоиза шуд. Филми мо дар маҷмӯъ дар ҷашнвораҳои аврупоӣ соҳиби 7 ҷоиза шудааст. Падару модари ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ман саъй мекунам ҳар сол як бор ба дидори онҳо равам. Падарбузургам нависанда Атахон Сайфуллоев ду сол пеш ба тӯи арӯсии мо ба Маскав омада буд. Ман дар донишгоҳи илмҳои гуманитарӣ дар бахши таърихи ҳунар таҳсил кардам ва дар Маскав бо шавҳарам шинос шудам ва арӯсӣ кардем. Баъдтар давраҳои омӯзишии коргардонии синаморо хатм кардам.”

ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ВА АВРУПО

Анӯшервон Назарзода чеҳраи тоза ва номи наве дар ҷаҳони варзиш аст, ки акнун дар сатҳи байналмилалӣ садо медиҳад. Дар давоми се соли ахир вай дар вазни худаш дар ҳар мусобиқае, ки ширкат дошт, саҳнаро ба касе надодааст. Комёбии охири вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъи самбо дар шаҳри Лимассоли Кипр сабт шуд. Вай дар вазни худаш ҳамаи рақибонро мағлуб кард ва соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид. Анӯшервон 15-сола аст ва дар вазни 46 килограм ҳам қаҳрамони ҷаҳон ва ҳам қаҳрамони Аврупост.

Анӯшервон мегӯяд, ки дар соли 2015 вазнаш тағйир мекунад ва дар вазни 50 килограм дар мусобиқаҳо ширкат хоҳад кард. Барои роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои қаҳрамонии Аврупо ва ҷаҳон аввал бояд дар ин вазн унвони қаҳрамони Русияро ба даст орад.

БЕҲТАРИН НАҚШИ ЗАН, “БОЗЁФТИ НОДИР” ВА КИТОБИ

“ДЕВОНАГРАД”

Нилуфар Файзиева - ҳунарманди ҷавон, ки дар филми “Она” нақш офарид, дар соли 2014 яке аз қаҳрамонҳои синамо буд. Бо вуҷуди ин ки вай бори аввал дар синамо нақш бозӣ мекард, вале нақши Майя вайро ба ситораи синамо табдил дод. Вай дар ҷашнвораи 7-ӯми байналмиллалии синамо дар шаҳри Чебоксарии Русия ин унвонро соҳиб шуд. Ин филм аз 8 то 15 август дар ҷаншвораи 21-уми Русия бо номи “Окно ва Европу” дар шаҳри Виборги вилояти Ленинград низ соҳиби ҷоиза шуд.

Соли 2014 Александр Котт - таҳиягари шинохтаи рус дар мусоҳиба бо сомонаи The Hollywood Reporter Russia оид ба сериали наваш «1001», ҳунарманди дигари тоҷик Сайёра Сафариро “бозёфти нодир” дар синамо номид. Вай дар ин филм нақши қаҳрамони асосӣ Шаҳзодаро офаридааст.

Аниса Собирӣ

Аниса Собирӣ низ аз ҷумлаи тоҷиконе буд, ки дар соли 2014 нахустин китоби худро дар Маскав бо номи “Девонаград” ба нашр расонд ва маросими муаррифии китобаш дар Душанбе баргузор шуд.

“МАН БО ТОҶИК БУДАНАМ ИФТИХОР МЕКУНАМ”

Соли 2014 аз 7 то 23 феврал дар Сочӣ Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ баргузор шуд. Бо пешниҳоди Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва ширкати Coca-Cola Даврон Муҳаммадиев дар даври ниҳоии эстафетаи машъали олимпӣ дар баробари варзишгарони номии ҷаҳон ва шахсиятҳои шинохта машъали олимпиро бардошт ва ба расонаҳо изҳор дошт, ки вай тоҷик аст ва аз тоҷик буданаш ифтихор дорад.

Пеш аз Даврон Муҳаммадиев варзишгари дигари тоҷики муқими шаҳри Новокузнетски Русия Алидод Исмоилов низ дар сафи варзишгарони номдори Русия машъали ин бозиҳоро бардошта буд.