Генерал Солеҳзода: "Мақсади хешовандони Гулмурод Ҳалимов маълум буд". ВИДЕО

Искандар Солеҳзода

Сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 20 июл гуфт, хешовандони Гулмурод Ҳалимов - полковник ва узви гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" мехостанд ба Афғонистон бо ҳадафи пайвастан ба ДИИШ фирор кунанд. Дар як амалиёти рӯзи 4 июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ мақомот аз кушта шудани чор шахси наздики полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, ки аз ӯ "вазири ҷанги ДИИШ" низ ном мебаранд, хабар доданд. Се ҳамроҳи дигари онҳо боздошт шудаанд.

Искандар Солеҳзода, ки баъди беш аз ду ҳафтаи ин ҳодиса бо журналистон сӯҳбат мекард, дар шарҳи ин амалиёт гуфт:

«Ҳадаф чӣ буд? Ба ҳама маълум аст. Аз роҳи убури ғарйиқонунии сарҳад ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» буд. Тарафдорони собиқ корманди мо Гулмурод Ҳалимов – тарафдорон ва хешу таборонаш буданд. Бе ягон фикр зеҷ гоҳ ба хонаи ҳамсоя намеравед. Аз ин ҷо хеста, нақша баста тарҳе сохта омода карда рафтан барои буру кардани марз – мақсад аллакай маълум буд».

Вай гуфт, ки тафтиши парвандаи мазкур дар додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот, на ҳамаи ҷузъиёти парванда ошкор мешавад.

Вай таъкид кард, ки мақсади ин гурӯҳ «маълум аст»: «Ин якрӯза кор набуд. Чандин моҳ нақша кашиданд. Лекин кори бад ба мақсад намерасад».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Искандар Солеҳзода: "Хешовандони Ҳалимов мехостанд ба ДИИШ бипайванданд"

Сардори раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон инчунин гуфт, ки корманди ин сохтор Анвар Ҳусейнов, ки дар амалиёт маҷрӯҳ шудааст, аз ҷониби раҳбарияти корҳои дохилӣ қадрдонӣ шудааст ва умедвор аст, ки дар остонаи ҷашнҳои муҳими давлатӣ корнамоии ӯ фаромӯш нахоҳад шуд. Вай гуфт, ки саломатии Ҳусейнов ҳоло хуб аст.

Хешутабори Ҳалимовҳо баъди ҳодисаи задухӯрд дар Восеъ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки 7 марди хонаву ҳамсояҳо "ба хотири кор дар ноҳияи Ҳисор" аз хона берун шуданд. Ҷасади чор нафари кушташуда рӯзи 10 июл таҳти чораҳои амниятӣ дар Дарафи Фонии ноҳияи Варзоб ба хок супурда шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситонии Кӯлоб: Хешовандони Ҳалимов барои муқовимат ба пулис кушта шуданд

Аз ин пеш Хушвақт Машрабзода, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки “ҳангоми муқобилият ба кормандони милиса чор тан аз наздикони Ҳалимов кушта шуда ва се тан аз онҳо боздошт шудаанд”.

Ӯ дар робита ба ин ҳодиса афзуд: “Амалиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ҳафт нафар чор нафар ба ҳалокат расида, безарар гардонида шудааст ва се нафар дастгир шудаанд. Тафтишот идома дорад. Бинобар сабаби муқобилият нишон додан, ки намояндаи мақомотро маҷрӯҳ карданд, баъдан безарар гардонида шуданд. Нисбати ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, тафтишот идома дорад”.

Машрабзода нагуфт, ки оё кушташудаҳо бо кадом навъи силоҳ муқовимат нишон дода ва дар чӣ шароит ба кормандони милиса дарафторанд, вале гуфт, ки нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишро додситонии кулл пеш мебарад. Маълум нест, ки ин ҳодиса аз рӯи кадом модда баррасӣ мешавад.

Ҳодисаи кушта шудани чор шахси наздики полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, ки аз ӯ "вазири ҷанги ДИИШ" низ ном мебаранд, рӯзи 4 июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ рух дод. Се ҳамроҳи дигари онҳо боздошт шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин нафарон ба ҳангоми талоши фирор ба хоки Афғонистон боздошт ва чор нафарашон кушта шуданд.

Ҷасадҳо дар Дараи Фонӣ хоксупорӣ шуданд

Наздикони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, гуфтанд, ки чаҳор хеши ӯро рӯзи 10-уми июл дар Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба хок супурданд. Ба қавли онҳо, нирӯҳои интизомӣ субҳи барвақти душанбе ҷасади Фозил ва Султонмурод Ҳалимовҳо (бародарони Гулмурод), Афзал Абдурашидов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов (додарарӯси Саидмурод Ҳалимов)-ро ба дасти наздиконашон додаанд.

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ин ҳодиса мақомоти расмии Тоҷикистон низ тафсилоти қазияро нагуфтаанд.

Бобомурод Меликов, имоми деҳаи Дараи Фонӣ, рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади чаҳор хеши Гулмурод Ҳалимов бидуни шустан ва намози ҷаноза ба хок супурда шуданд. Ӯ гуфт, “зарурат барои ҷаноза набуд” ва афзуд, “мақомот шоми дирӯз моро огоҳ карданд, ки қабрҳоро аз қабл омода кунем. Ҳамин ки ҷасадҳо расиданд, саҳарии барвақт ба хок супурдем ва мардуми деҳа хеле кам буд”.

Гулмурод Ҳалимов

Бино ба иттилои манобеи расмӣ, ин афрод шаби 4-уми июли имсол дар як задухӯрд бо нирӯҳои интизомии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаи Ибратии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кушта шуданд. Дар ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Раёсати умури дохилии Душанбе низ захмӣ шуд.

Наздикони Гулмурод Ҳалимов гуфтанд, ки тақдири се пайванди дигари онҳо Алӣ Ҳалимов (писари Султонмурод Ҳалимов), Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов (бародарони Гулмурод) ҳанӯз маълум нест.

Манзили Наим Раҳмонов дар Дараи Фонии ноҳияи Варзоб

Як ҳафта баъди рӯй додани ин ҳодса мақомоти расмии Тоҷикистон аз шарҳи тафсилоти қазия худдорӣ карданд. Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон, рӯзи 10-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, дар робита ба ҳодисаи задухӯрд бо пайвандони Гулмурод Ҳалимов парванда боз шуда, тафтишотро як гурӯҳи корӣ таҳти назорати Додситонии кулл пеш мебарад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, ки ҳодиса дар ҳудуди ин вилоят рух додааст, низ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз тафсилоти расмиро дар даст надорад ва наметавонад чизе бигӯяд. “Ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва беҳтар аст, ки то ниҳоӣ шудани қазия аз ҳамагуна тахмину фарзияҳо худдорӣ шавад”, - гуфт ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷасади чаҳор хеши Гулмурод Ҳалимовро дар Дараи Фонӣ гӯронданд

Манобеи расмӣ мегӯянд, ки пайвандони Гулмурод Ҳалимов шаби 4-уми июл талош доштаанд, ки ба Афғонистон бираванд. Ба гуфтаи манобеъ, ин афрод хостаанд, аз тариқи минтақаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон ба ин кишвар бираванд ва дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо нирӯҳои давлатӣ вориди даргирӣ шудаанд.

Хабарнигорон дар пӯшиши ин ҳодиса ба манбаъҳои худ дар вазоратҳои қудратӣ такя карданд. Тарафи дигари қазия, хонаводаи Ҳалимов, аз таҳаввулот изҳори бехабарӣ кард ва ҳатто баъди гӯрондани кушташудаҳо низ касе аз онҳо ҳозир нашуд дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад.

Мурда ё зинда будани худи Гулмурод Ҳалимов, ки ҳоло ба назар мерасад, банди хатарноки "ҷиҳод"-и ӯ ба пойи хонаводааш низ сахт печидааст, маълум нест. Бори охир маҷаллаи Times рӯзи 15-уми апрел хабари ҳалокати ӯро эълон кард ва баъди ин навору муроҷиатҳои ӯ дар сомонаҳои "ҷиҳодиҳо" пайдо нашуданд. Баъзе мақомот дар Тоҷикистон ба марги Ҳалимов бовар надоранд ва мегӯянд, ки мурда будани ӯ собитнашудааст.

Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон

Охири моҳи июн Беҳрӯз, писари ҳаждаҳсолаи Гулмурод Ҳалимов, бо ҷурми “тайёрӣ ба ҷиноят” ва “зархаридӣ” ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.

Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. То замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ буд.​