Сарбозе, ки дар куштори Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонӣ гумонбар дониста мешуд, дар аввалин пурсишҳо дар мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
- Ӯ гуфтааст, аз кори кардааш пушаймон аст ва хонаводаи Олимбековщо узр пурсид. Баррасии мурофиаи қатли Муносиб Олимбеков рӯзи 21 феврал дар додоҳи ҳарбии вилояти Бадахшон шурӯъ шуд.
Лейтенант Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ буд ва рӯзи 7-уми декабри соли 2018 дар ҳамин дидбонгоҳ аз зарби се тир кушта шуд. Дар қатли ин афсар сарбоз Мансур Наврӯзови 19-сола аз ноҳияи Хуросон гумонбар дониста мешуд. Нисбат ба гумонбар бар асоси моддаҳои 104 ва 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” ва “убури ғайриқонунии марз” парванда боз шуда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сарбози маъюбро пас аз 17 сол аз нафақа маҳрум карданд. ВИДЕОБаҳси сари телефон, ки бо фоҷеа анҷомид
Ин сарбоз дар оғози мурофиаи додгоҳӣ, дар ҳузури наздикони афсари кушташуда гуфтааст, ин ҳодиса дар пайи як баҳс бо Муносиб Олимбеков барои телефон сурат гирифт. Лейтенанти нерӯҳои марзбонӣ, тавре ҳам тафтишоти пешакӣ муайян карда буд, телефонро аз дасти сарбоз гирифта, ӯро шаллоқ задааст. Сарбоз ҳам ба хашм омада, ба сӯйи афсар тир холӣ кардааст.
Сарбоз Мансур Наврӯзов, ба гуфтаи наздикони афсари кушташуда Муносиб Олимбеков, дар мурофиа аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуда, бахшиш пурсидааст. Давлатбек Олимбеков, амаки Муносиб Олимбеков рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “(Мансур Наврӯзов) гуфт, ҳама корро тавре дар тафтишот омада буд, кардааст. Иқрор шуд, изҳори пушаймонӣ кард. Ду сарбози дигар ҳамчун шоҳид дар мурофеа иштирок карданд, онҳо ҳам инро тасдиқ кардаанд”.
Як манбаъ аз додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сарбоз Наврӯзов аз оғози қазия ҳам ба гуноҳи худ иқрор шуда буд. Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ метавонад бо назардошти эътирофи гуноҳи айбдоршаванда пешниҳоди ҳолатҳои сабуккунандаро баррасӣ кунад. “Агар шахс ба гуноҳаш иқрор шавад, додгоҳ метавонад дар вақти таъини ҷазо ин ҳолатро ба назар гирифта, ҷазои сабуктар пешниҳод кунад”, гуфт ин манбаъ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Олимбеков: “Мехоҳам аз гумонбар пурсам, ки чаро Муносибро кушт?”Қаблан як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфта буд, ки гӯё сарбоз Наврӯзов баъди кушта шудани Муносиб Олимбеков қасд дошт ба он сӯи марз фирор кунад, вале дастгир карда шуд. Ин сарбози 19-сола аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буда, баҳори имсол ба артиш даъват шудааст.
Таҳдиди то 25 соли зиндон
Ёғибек Олимбеков, сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ва падари афсари кушташуда Муносиб Олимбеков, талаб карда буд, як бор бо муттаҳам дар қатли писараш вохӯрда ба суолҳояш посух бигирад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд: “Бародарам Давлат ба ман хабар расонд, ки ба Муносиб ҳамин ҳодиса рух додааст. Ҷасадашро овардем. Расман ба мо чизе нагуфтанд, аммо дидем, ки аз пушт ва сараш тир хӯрдааст.”
Падари афсар гуфта буд, хостори тафтиши мунсифона ва муҷозоти гумонбари қатли фарзандаш аст. Қаблан гуфта мешуд, сарбози гумонбар Мансур Наврӯзов бемории руҳӣ дорад, аммо баъдан тафтишон муайян кард, ки ӯ солим аст.
Ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 104 ва 335, ки бар асоси он сарбоз Наврӯзов дар курсии айбдорӣ нишастааст, аз 12 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Муносиб Олимбеков, лейтенанти кушташудаи нерӯҳои марзбонӣ, мактаби рақами 35-и ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим ва Донишкадаи нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ тақрибан се моҳ пеш аз марг дар дидбонгоҳ ба кор оғоз карда буд.
Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шудааст. Аммо мақомот аксари ин ҳодисаро тасодуфӣ гуфтаанд.
Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шудааст. “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, дар чор соли гузашта ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум карданд. Моҳи июн додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Модари сарбози ҳалокшуда: "4 сол боз ба худ омада наметавонам"