Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимбеков: “Мехоҳам аз гумонбар пурсам, ки чаро Муносибро кушт?”


Муносиб Олимбеков
Муносиб Олимбеков

Додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон ба таҳқиқи марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ, рӯзи 10-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса пас аз зуҳри 7-уми декабр дар дидбонгоҳи Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ рух додааст.

Талаб дорам, ки бо гумонбар як бор вохӯрда ва аз ӯ суол кунам, ки чаро ин хел шуд?

Тасодуфӣ ё барқасдона?

Ба қавли манбаъ, лейтенант Муносиб Олимбеков муовини сардори дидбонгоҳ буд ва аз тири сарбоз Наврӯзов ба ҳалокат расидааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, "гурӯҳи корӣ дақиқ хоҳад кард, ки ҳодиса тасодуфӣ рух додааст ё қасдан сурат гирифтааст."

Муносиб Олимбеков
Муносиб Олимбеков

Ба қавли сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир сарбози муттаҳам дар куштори Муносиб Олимбеков дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, муовини сардори дидбонгоҳ аз зарби 2 ва ё 3 тир ҷон бохтааст.

"Мехоҳам, тибқи қонун ҷазо гирад"

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, ки сарбоз Наврӯзов баъди ҳалокати Муносиб Олимбеков қасд дошт, ба он сӯи марз фирор кунад, вале дастгир карда шуд. Ин сарбози 18-сола аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буда, баҳори имсол ба артиш даъват шудааст.

Ёҳибек Олимбеков, сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ва падари афсари кушташуда Муносиб Олимбеков, хостори муҷозоти гумонбари қатли фарзандаш шудааст. Олимбеков рӯзи 10-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот то ба ҳол чӣ гуна рух додани ҳодисаро ба ӯ нагуфтаанд.

“Бародарам Давлат ба ман хабар расонд, ки ба Муносиб ҳамин ҳодиса рух додааст. Ҷасадашро овардем. Расман ба мо чизе нагуфтанд, аммо дидем, ки аз пушт ва сараш тир хӯрдааст. Талаб дорам, ки бо гумонбар як бор вохӯрда ва аз ӯ суол кунам, ки чаро ин хел шуд? Мехоҳам тибқи қонун муҷозот шавад”, - мегӯяд Ёҳибек Олимбеков.

Аз мактаби Андароб то Донишкадаи марзбонӣ

Муносиб Олимбеков мактаби рақами 35-и ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим ва Донишкадаи нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ тақрибан се моҳ пеш дар дидбонгоҳ ба кор оғоз кард. Бори охир қариб ду ҳафта пеш дар тӯйи хоҳараш дар ноҳияи Шуғнон иштирок кардааст.

Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шудааст. Аммо мақомот аксари ин ҳодисаро тасодуфӣ гуфтаанд.

Аз ҷумла, моҳи ноябри имсол Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум карданд. Моҳи июн додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 сол зиндон маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG