Сокинони як маҳаллаи Кӯлоб аз сел гурехтанд, вале балои дигар омад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар як маҳаллаи шаҳри Кӯлоб, ки мардум аз сел гурехта онҷо хона сохтанд, ҳар вақте борон борид, айнан ҳодисаҳои 14-15 сол пеш такрор мешаванд. Оби зиёд дар сари роҳу ҳавлиашон ҷамъ шуда хонаҳои баъзе аз онҳоро ҳам нимавайрон ва барои зиндагӣ хатарнок кардааст.