Сокинони боз як ноҳияро дар Курск ба ҷойи амн мекӯчонанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Русия рӯзи 15-уми август дар вилояти Белгороди ҳаммарз бо Украина вазъи фавқулода эълон кард. Даҳҳо ҳазор сокини ин вилоят аз хавфи ҳамлаҳои артиши Украина ба макони амн кӯчонда шудаанд. Як ҳафта пеш дар вилояти Курски Русия ҳам вазъи фавқулода ҷорӣ шуда, то кунун беш аз 200 ҳазор сокини ин устон макони доимии зисташонро тарк кардаанд.