Сокинони Сӯх мегӯянд, муҳосираи ин ҷазирақаламрави тоҷикнишин аз ҷониби Қирғизистон боиси камчинии маводи сӯхту ғизо дар ин гӯша шудааст.
Таниш дар атрофи Сӯх тақрибан 10 рӯз пеш дар пайи мухолифати сокинони ин ҷазирақаламрав ба насби сутунҳои барқ дар як посгоҳи марзбонии Қирғизистон оғоз ёфт ва ба тирандозиву гаравгонгириҳо низ мунҷар шуд.
Қирғизистон ахиран дар манотиқи атрофи Сӯх вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, роҳи байни Сӯху Риштонро баст, ки ба гуфтаи сокинон, зиндагии онҳоро сахт мушкил кардааст.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки ҷониби Узбакистон ба пардохтани товони зиёне, ки сокинони рустои қирғизии Чорбоғ дар ҷараёни даргириҳои охир дар Сӯх бардоштанд, оғоз кардааст. Пардохти ин товон яке аз шартҳои ҷониби Қирғизистон барои идомаи кори куммиссиюни дуҷонибае буд, ки барои ҳалли низои Сӯх ташкил шудааст. Бино ба хабарҳо, мақомоти узбак се мошинро ба соҳибони қирғизашон баргардонда, ба соҳиби 7 мошине, ки дар нооромиҳои рӯзҳои 5-6 январ тахриб шуданд, дар маҷмӯъ 29 600 доллар товон додаанд.
Булат Мирзоалиев, раҳбари пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон, гуфт, “ба 7 сокини Чорбоғ дар ҳузури ҳокими Сӯх аллакай товон доданд. Мошинҳои харобшудаи онҳо дар Сӯх монд, вале онҳо дар иваз аз 800 то 10 000 доллар ҷуброн гирифтанд. Аммо мо намедонем, ки ин пул аз куҷост.”
Сокинони Сӯх мегӯянд, мақомот пули товон аз мардум ҷамъ мекунанд. Мӯъминҷон, як сокини ин минтақаи тоҷикнишини Узбакистон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳукумат ба сари халқ пул мондааст, ки ҷамъ карда, зиёни қирғизҳоро диҳед. Аз ҳар кас вобаста баҷои кору даромади моҳонааш пул мечинанд. Охир, ин чӣ ҳукумат аст, ки аз халқ пул мепурсад? Мардум ин пулро аз куҷо меёбад?”
Мансур, сокини дигари Сӯх, ба "Озодӣ" гуфт, ин тасмим дар як мулоқоти мақомот бо тоҷирони маҳаллӣ эълон шуд ва бори асосии пардохти товон ҳам ба дӯши ҳамин мардуми, ба таъбири дар Узбакистон маъруф, “тадбиркор” бор мешавад, ки ҳар кадом бояд 2 миллион сӯми узбакӣ(беш аз 700 доллар) “товон” бидиҳанд: "Тоҷиронро ҷамъ карда, ба ҳар кадомаш барои додани товони қирғизҳо думиллионӣ пул бастанд. Коргарони барқи Узбакистон сутунҳоеро, ки сӯхиҳо вайрон карда буданд, дар ҳудуди Қирғизистон барқарор мекунанд. Коргарони ширкати газ ҳам ба тармими хатти обе, ки сӯхиҳо дар рӯзҳои ҷанҷол вайрон карда буданд, шурӯъ кардаанд. Қирғизҳо ваъда додаанд, ки баъди ин роҳро барои 2 соат кушода, сӯхиҳоеро, ки дар Риштон дармондаанд, таҳти ҳимояти нирӯҳои интизомӣ меоранд."
Сокинони Сӯх мегӯянд, 10 рӯзи муҳосира боиси башиддат камчин шудани маҳсулот дар Сӯх шудааст. Мусоҳиби мо Мӯъминҷон мегӯяд: “Нархи ҳар литри бензин чанд рӯз пеш то 3 доллар шуд. Ҳоло он ҳам нест. Вале бензин маҳсулоти ниёзи аввал нест. Мардум бемор дорад, ягон ҷо баромаданаш даркор. Дар Риштону Фарғона то 1000 нафар ҷамъ шуда, поида шиштаанд, ки роҳи Сӯх кай боз мешавад. Вазъият дар ҳоли ҳозир хуб нест. 70 000 тоҷики Сӯх дар муҳосира мондааст.”
Мансур, ки бо "Озодӣ" аз дохили ҷазирақаламрави Сӯх сӯҳбат мекард, низ гуфтаҳои Мӯъминҷонро тасдиқ мекунад: “10 рӯз шуд, ки роҳ баста аст ва дар мағозаҳо ғизою сӯзишворӣ нест."
Танишҳо дар атрофи Сӯх рӯзи 5 -уми январ, дар пайи ба насби сутунҳои барқ дар посгоҳи Чорбоғ иқдом кардани марзбонони қирғиз оғоз ёфт. Марзи байни Узбакистону Қирғизистон дар ин минтақа пурра таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва сокинони рустои Ҳушёр, ки мегӯянд, сутунҳои барқро мехостанд дар ҳудуди Сӯх шинонанд, бо марзбонҳои қирғиз даргир шуданд. Ҷониби Узбакистон аз захмӣ шудани 5 сокини Сӯх ва Қирғизистон аз маҷрӯҳ шудани як марзбону асорати то 30 қирғизи раҳгузар хабар доданд. Ин 30 гаравгон фақат рӯзи 7-уми январ дар пайи музокироти мақомоти вилоятҳои Бодканду Фарғона раҳо ёфтанд.
Волии вилояти Суғди Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ ахиран аз имкони бурузи чунин низоъҳо бар сари ҷазирақаламрави Ворух, ки низ дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, ҳушдор дод.
Сӯх, ки беш аз 90 фоизи аҳолиаш тоҷиканд, соли 1955 ба Узбакистон тааллуқ гирифт. Тибқи як ривоят, ин қаламравро як мақоми ҳизби ҳокими вақти коммунисти Қирғизистон дар қартабозӣ ба як ҳамтои узбакаш бохтааст. Бино ба ривояти дигар, мақомоти шӯравӣ ба маҳзи наздиктар будани роҳаш ба Узбакистон додани ин минтақаро муносибтар донистанд.
Дар ҳар сурат, баъди суқути Шӯравӣ ин ҷазирақаламрав ҳамеша мояи танишҳои кунде байни Тошканду Бишкек буд. Дар поёни солҳои 90 Тошканд бо ин иддао ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон мехоҳанд аз Сӯх ба сифати пойгоҳ истифода кунанд, ҳузури низомиашро дар ин гӯша тақвият дода, ба минакории марз пардохт. Дар соли 2001 Узбакистон содироти газ ба Қирғизистонро қатъ кард. Мақомҳои қирғиз мегуфтанд, ки Тошканд мехоҳад бо чунин фишор дар ивази айни қаламрав дар ягон минтақаи дигар Бишкекро ба додани тақрибан 20 километри мураббае, ки Сӯхро бо боқӣ қаламрави вилояти Фарғона бипайвандад, маҷбур кунад.
Бо ин ҳол, мусоҳиби мо Мансур мегӯяд, мардуми Сӯх дигар ба ҳал шудани мушкили худ эътимоди чандон надорад ва алакай бисёриҳо дар мавриди кӯчидан аз ватани бобоии худ ба ягон гӯшаи дигар дар дохили вилояти Фарғона фикр мекунанд.