Аз оғози фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” расо 10 сол гузашт, аммо аз суд ё баҳраи саҳмияҳо ҳанӯз дараке нест.
Қисме аз сокинон мегӯянд, бовар надоранд, ки аз саҳмияҳои харидаашон рӯзе фоида гиранд. Мақомот тавсия медиҳанд, мардум саҳмияҳоро ҳифз кунанд, чун бо поён ёфтани сохтмони нерӯгоҳ аз онҳо баҳра ё дивиденд хоҳанд гирифт.
“Бигзор дивиденд нагирем, пулро ҳам надузданд”
Қобилҷон, муҳоҷири кории тоҷик, замоне ки донишҷӯ буд, саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун”-ро харидааст. Мегӯяд, соли 2010 маъмурияти донишгоҳ талқин мекард, ҳар як донишҷӯ ба камияш ба 100 сомонӣ саҳмияи Роғунро харад.
“Падарам ҳамон шабу рӯз барои пардохти пули иҷораву харҷҳои дигар 1000 сомонӣ фиристода буданд. Ҳамаи пулро пурра барои саҳмияи “Роғун” харҷ кардам, то ватан соҳиби барқ шавад”, -- нақл кард ӯ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аз саҳмияҳои харидааш суде мунтазир нест, аммо айни замон афзуд, “саҳмияҳо дар кунҷи сандуқ хобанд, Худо медонад, ки аз он фоида мегирем ё не. Бигзор дивиденд нагирем, аммо агар як сомонии ҳамин пул дуздӣ шуда бошад, шахсан намебахшам."
Дар орзуи барқе, ки нест
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баъди саҳмия – Навбати вексел барои рушди энержӣ дар ТоҷикистонҚобилҷон афзуд, ӯ ва шояд ҳазорон нафари дигар аз саҳмияҳои “Роғун” бештар барқ мунтазиранд, то пули сарбахш. Барқе, ки ҳанӯз сокинони Тоҷикистон аз камбуди он ранҷ мебаранд. Рӯзи 5-уми январ ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, лимит ҷорӣ кард.
Сокинони рустонишин дар Тоҷикистон, ки 70 дарсади ҷамъияти кишварро ташкил мекунанд, шабҳои сарди зимистони имсол барқ намегиранд.
Қобилҷон танҳо нафаре нест, ки аз баҳраи саҳмияҳои “Роғун” умедашро кандаааст. Мақомот ҳам дар Тоҷикистон хилофи қонуни ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бораи дахлу харҷи нерӯгоҳи Роғун ба таври шаффофу ошкоро гузориш намедиҳанд.
Соле ду бор нишасти саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун бо ҳузури чанд намоянда аз ҳар ноҳияи Тоҷикистон дар Душанбе барпо мешавад. Дар ин ҳамоишҳо хабарнигорон аз расонаҳои мустақил роҳ намёбанд ва натиҷаҳои молиии ҷамъият манзури ом намегардад.
Ин аст, ки дар саҳифаҳои матбуот ва бозорҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон сокинон ҳозиранд саҳмияҳои “Роғун”-ро ба маротиб арзонтар аз нархи харидаи худ бифурӯшанд.
"Мардум хотираи нек надоранд"
Мардуми Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ аз авроқи гаронбаҳо, аз ҷумла заёму вомбаргу саҳмия, ки давлат нашр кардаву бо ваъдаҳои гуногун фурӯхтааст, хотираи нек надоранд. Чун дар аксар ҳолат дар ниҳоят фиреб хӯрдаанд. Аз ин рӯ, баъзе аз кадбонуҳо авроқи гаронбаҳоро бинобар сахту чандир будани коғазаш барои гулдӯзӣ, аз ҷумла таҳияи тоқиҳои миллӣ истифода кардаанду мекунанд.
Аммо Фурқат Элов, муовини раиси Оҷонсии рушди бозори коғазҳои қимматноки Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “саҳмия коғази одӣ не, коғази гаронбаҳо ба шумор меояд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Саҳмияи "Роғун" - коғази даруни тоқӣ?“Беҳтар аст, мардум саҳмияҳоро нигоҳ доранд. Агар онро нобуд кунанд, ба зарари худашон мешавад. Саҳмияҳоро бо пул хариданд. Бигзор онро бо худ нигоҳ доранд, замонаш расид, мумкин аст, фоидаи иловагӣ ба даст оранд”, -- иброз дошт ӯ.
Давлати Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2010 дар як маъракаи нимамаҷбурӣ фурӯши густардаи саҳмияҳои “Роғун”-ро оғоз карда буд. Ҳукумат ба маблағи 6 миллиард сомонӣ 5 миллион саҳмияи Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомонӣ нашр кард. Дар ин маърака 890 миллион сомонӣ аз фурӯши саҳмияҳо ва ҳамчунин пулҳои хайрия барои сохтмони нерӯгоҳ ҷамъоварӣ шуд.
Вазорати молия дар бораи чигунагии харҷи ин пулҳо ва чӣ қадар масраф шудани он пурра маълумот намедиҳад.
“Пули саҳмияҳо дар сохтмон харҷ шуд”
Дар пайи талошҳои Радиои Озодӣ 6-уми январ як масъули баландпояи ҷамъияти саҳомии “Роғун” гуфт, ҳама пулҳое, ки аз мардум бо фурӯши саҳмияҳо ба даст омада буд, пурра дар сохтмони нерӯгоҳ харҷ шуданд.
Зӯҳро Мӯсоева, сардори Шӯъбаи сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии “Роғун”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Он пулҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъ шуда буд, барои харидани таҷҳизоти нерӯгоҳ мақсаднок харҷ шуданд”.
Мӯсоева афзуд, мувофиқи нақша танҳо дар сурати ба пуррагӣ ба кор даромадани 6 чархаи нерӯгоҳ ва анҷоми расмии сохтмони “Роғун” сокинон метавонанд, ба даромад аз саҳмияҳо умед банданд. “Нерӯгоҳ аз 6 агрегат иборат аст. Ҳоло ду чархаи он фаъол шуд. Дар сурати ба кор даромадани чаҳор агрегати дигар баъд саҳмиядорон аз ҳисоби даромадҳои ҷамъият метавонанд дивиденд (фоида) гиранд”, --гуфт Мӯсоева.
Талқин ба сармоягузорӣ ё садақаи ҷория?
Ба гуфтаи ин масъули ҷамъият, мувофиқи нақша анҷоми сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба соли 2027 пешбинӣ шудааст. Номуайянии дигар аз он ҷо меояд, ки нерӯгоҳ дар оянда давлатӣ мемонад ё шахсӣ мешавад. Дар ҳолати дувум, оё сарнавишти саҳмияҳо чӣ мешавад, низ норӯшан аст. Тағйири шакли моликият имкон дорад, муқаррароти таъйини баҳра ё сарбахши саҳмияҳоро низ дигар кунад.
Зимнан дар рӯзҳои аввали фурӯши саҳмияҳои “Роғун” баъзе аз сиёсатмадорон ва рӯҳониён ин маъракаро “садақаи ҷория” маънидод мекарданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, он замон раиси шаҳри Душанбе, дар як маъракаи пуриздиҳоми оғози фурӯши саҳимияҳо (6-уми январи 2010) гуфта буд, бо 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харид, аммо нияташ фоида гирифтан нест. “Иштирокчиёни ҷанг, насибашон кунад, аз худ ғалаба монданд. Мо имрӯз метавонем бо роҳи ширкати фаъолона аз худ нерӯгоҳи Роғунро бигузорем”, -- гуфта буд ӯ.
Зоҳиран Убайдуллоев аз он замон ин маъракаро ҳамчун як иқдоми ватандӯстона ва хайрия ба мардум талқин мекард, то як имконияти сармоягузорӣ ва баҳрабардорӣ.
Маъракаи фурӯши саҳмия соли 2010 баъди дахолати Сандуқи Байналмилалии Пул хотима ёфт. Ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҷамъоварии маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта, мумкин аст, сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш ёбад".