Салимҷон Насриддинов, соҳибкори тоҷики сокини Бруклини Ню-Йорк ва Николай Голтсев, сокини Канада ба он айбдор мешаванд, ки таҷҳизоти таҳримшударо ба Русия фурухтаанд ва Русия ин таҷҳизотро дар ҷангаш зидди Украина истифода кардааст.
Насриддинов ва Голтсев дар додгоҳи федеролии Бруклин эътироф кардаанд, ки аз номи ширкатҳои русии таҳримшуда дар харидани қисмҳои таҷҳизоти радиотехникӣ миёнаравӣ кардаанд.
Русия ин маҳсулотро дар силлоҳҳои низомӣ истифода кардааст ва намунаҳояш дар анборҳои силоҳи мусодирашудаи русҳо дар ҷанги Украина ошкор гаштааст.
Айбдоршавандаи сеюм Кристина Пузирева гуфтааст, гуноҳи худро танҳо дар қисмати “машварат бо ҳадафи шустушӯи даромад аз нақшаи экспорти маҳсулот” эътироф мекунад.
Ба навиштаи дафтари матбуоти Вазорати адлияи ИМА, ба Насриддинов ва Голтсев то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар мурофиаи додгоҳие, ки 9-уми июл барпо шуд, Бреон Пис, додситони ИМА дар ҳавзаи шарқии Ню-Йорк гуфт, “айбдоршавандаҳо қонуни ИМА-ро поймол карданд, то ки ба Русия дар ҷангаш зидди Украина ёрӣ расонанд, вале пеши роҳи онҳо гирифта шуд ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.”
Муовини додситон Лиза Монако дар мурофиа гуфтааст, “айбдоршавандаҳо маводи электронии амрикоиро бо арзиши миллионҳо доллар содирот кардаанд ва ин маҳсулот барои мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишине ба кор рафтааст, ки Русия дар ҷанги зидди Украина истифода мекунад.”
Иван Арвело, як намояндаи тафтишот гуфт, “бо эътирофи имрӯзаашон ҳарсе айбдоршаванда даст доштани худро дар нақшаи расонидани кӯмаки моддӣ ба Кремл дар ҳаҷми беш аз 7 миллион доллар дар ҳамлаҳои бераҳмонааш ба Украина тасдиқ карданд.”
Дар парванда гуфта шудааст, ки айбдоршавандаҳо бо истифода аз ду ширкати сабтшуда дар Бруклини Амрико бо номи “SH Brothers” ва “Inc. SN Electronics Inc.” молу маводи таҳримшудаи электрониро аз Амрико ба кишварҳои сеюм, мисли Туркия, Ҳонгконг, Ҳинд, Чин, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ харида ба Русия фиристодаанд. Баъзе аз ин маҳсулоти фиристодашуда дар миёни силоҳҳои русӣ дар ҷанги Украина ошкор шудаанд.
Маълум нест мушаххасан дар мурофиаи додгоҳӣ Насриддинов ва ҷавобгарони дигар чӣ гуфтаанд.
Хабари боздошти ӯ ва ду гумонбари дигар моҳи ноябри соли 2023 нашр шуд.
Салимҷон Насриддинов дар байни муҳоҷирони тоҷики Амрико фарди шинохта ва соҳибкори муваффақ дониста мешавад. Гуфта мешавад, ӯ ҳамчунон молик ё ҳаммуасиси тарабхонае бо номи “Тандурӣ” дар Бруклин аст. Афроде, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, Насриддинов солҳои дароз дар Русия кор ва зиндагӣ карда, аз ҷумла дар харид ва дастрас кардани таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ёрӣ кардааст. Ӯ ҳамчунон фаъолияти илмӣ дошта, доктори илмҳои иқтисодӣ аст. Рисолаи докториашро дар Русия дифоъ кардааст.