Содиқи Зебокалом, устоди 75-солаи донишгоҳи Эронро рӯзи 12-уми май дастгир кардаанд.
Қувваи қазоияи Эрон хабар дод, ки ин мунтақиди Ҷумҳурии Исломиро бар асоси се парванда ба зиндон фиристод, вале ҷузъиёти онҳоро нагуфт.
"Мизон", хабаргузории вобаста ба Қувваи қазоияи Эрон, навишт, "Зебокалом дар солҳои охир талош кардааст, матолиби ғайривоқеиро дар расонаҳо муаррифӣ кунад."
Ба гузориши як саҳифаи телеграмӣ, Содиқ Зебокалом рӯзи якшанбе дар роҳ ба намоишгоҳи китобҳои Теҳрон боздошт шуд. Ҷое, ки бояд китоби наваш "Чаро Шуморо намегиранд?"-ро муаррифӣ мекард.
Содиқ Зебокалом дар гузашта низ ба иттиҳоми "таблиғот алайҳи режим" ба 18 моҳ зиндон маҳкум ва аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум гардида буд.