Бархе талабаҳои мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии Хуҷанд ва волидайни онҳо аз рӯзи якшанбе оғоз шудани соли нави таҳсил тавассути СМС – паём аз мактаби худ огоҳ шуданд.
Дар ҳоле ки чандин сол инҷониб дар Тоҷикистон барномаи компютеронидани мактабҳои миёна роҳандозӣ мегардад, ин аз нахустин иқдомҳои ҷиддиест, ки мактабҳои миёна бо истифода аз имконоти компютер ва интернет дар беҳбуди идораву таълим кор мегиранд. Ин имконро барномаҳои интернетии идораи электронии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба мактабҳо дастрас кардааст.
Илҳом Султонов, мудири мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и шаҳри Хуҷанд, ки онҳо барои ин аз сомонаи интернетии tahsil.tj кор мебаранд, гуфт: “Талабаҳои мактаби мо ва падару модарони онҳо ба саҳифаи хоси мактабамон дар ин сомона дохил шуда, метавонанд бо ҷадвали дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, маълумот дар бораи муаллимон ва хабару тағйиротҳо огоҳ шаванд. Ҳамчунин онҳо бо рамз саҳифаи хоси фарзандашонро боз карда, аз баҳову пешрафти вай дар таҳсил бохабар шаванд.”
Вай афзуд, ҳамчунин ин барнома имкон медиҳад миёни раҳбарият ва муаллимони мактабу талабҳо ва волидайни онҳо робитаи доимӣ барқарор бошад ва раҳбарияти мактаб тавассути ирсоли СМС-паёмҳо ба мобили талабҳо ва ё падару модарон аз баргузории чорабиниҳои мактаб онҳоро дар ҷараён гузорад. Зимнан, мактаб СМС-паёмҳоро тавассути барномаи интернетӣ ба телефонҳои ҳамроҳ ройгон равон мекунад.
Ба гуфтаи Илҳом Султонов, барои дастрасӣ ба ин барнома талабаҳои хоҳишманд моҳе 1.5 сомонӣ ба суратҳисоб маблағ мегузаронанд ва он барои дастрасии доимии мактаб ба интернет, моҳонаи танзимгари барнома дар мактаб масраф мегардад.
Сайфуллохон Раҳматов, муовини мудири раёсати маорифи вилояти Суғд ба Озодӣ гуфт, аммо ҷорӣ намудани ин навгонии электронӣ ҳатмӣ нест ва танҳо мактабҳои хоҳишманд бо ризояти падару модарони талабаҳо метавонанд ба он шомил гарданд. Чунки ба гуфтаи вай, ҳарчанд коргирӣ аз барномаи идораи электронӣ ба беҳбуди фаъолияти мактаб ва барқарор кардани робитаи зичу доимӣ бо талабаҳову волидайни онҳо, ба хусус назорат аз талабаҳои дарсгурез ва душвортарбия мусоидат мекунад, вале ҳамзамон аз корбарони он заҳмати зиёд металабад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳудуди 10 мактаби миёнаи Суғд, дар Хуҷанду Чкалов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаҳое ки ба интернети босуръат дастрасии доимӣ доранд, ба барномаи идораи электронӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.