Рӯзи 21-уми май СММ тақсими маводи ғизоӣ дар шаҳри Рафаҳро боздошт, ки дар ҷануби Ғазза ҷойгир аст.
Ин созмон гуфт, чунин тасмим бо сабаби камбуди захираи хӯрок ва вазъи номусоиди амниятӣ бо сабаби тавсеаи амалиёти низоми Исроил гирифта шудааст.
СММ ҳушдор дод, ки амалиёти башардӯстона дар тамоми ин қаламрав метавонад ноком шавад. Дар давоми ду ҳафтаи гузашта садҳо ҳазор нафар Рафаҳро тарк карда, дар урдугоҳҳо ё дар минтақаҳои баъди амалиёти Исроил холишуда хайма задаанд.
Бовар меравад, ки ҳанӯз дар Рафаҳ тахминан 400 ҳазор кас боқӣ мемонанд ва то ҳол 900 ҳазор кас талош кард минтақаро тарк кунанд.