СММ: Дар ҳамла ба Лубнон “иншооти ғайринизомӣ зарар дидаанд”

Лубнон

Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои Исроилро ба як ширкати вобаста ба “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон маҳкум кард ва гуфт, ки ин ҳамлаҳо ба иншооти ғайринизомӣ зарари зиёд расондаанд.

“Ҳизбуллоҳ” аз ҳимояти Эрон бархурдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 21-уми октябр дар баёнияе гуфт, ҳамлаҳо ба муассисаҳои марбут ба ниҳоди молии “Ал-Қард ал-Ҳасан” нигаронида шуданд.

Нерӯҳои исроилӣ рӯзи якшанбе ба намояндагиҳои ин ниҳод дар Бейрут ва гӯшаҳои дигари Лубнон зарба заданд. Ин ширкати молӣ, ки расман ҳамчун созмони хайрия номнавис шудааст, аз соли 1980 ба ин сӯ ба муштариёнаш қарзи бебаҳра медиҳад. Аксар муштариёни ин ниҳод мусулмонони шиа ҳастанд, аммо мусулмонони суннӣ ва насронӣ низ аз хидматҳои ин ниҳод баҳра мебаранд.

Амрико алайҳи ин ниҳод таҳрим ҷорӣ карда, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро муттаҳам кардааст, ки аз он барои пинҳон доштани фаъолиятҳои молии худ ва дастрасӣ ба низоми байнулмилалии молӣ истифода мекунад.