Раҳмону Отамбоев дар Маскав масоили марзро баррасӣ кардаанд

Маскав, 8 май

Раиси ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти ахир дар чаҳорчӯби нишасти созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав мушкилоти марзи муштаракро баррасӣ кардаанд.
Раиси ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти ахир дар чаҳорчӯби нишасти созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав, ки рӯзи 8 май бо даъвати президенти Русия Владимир Путин баргузор шуд, мушкилоти марзи муштаракро баррасӣ кардаанд. Сӯҳбати рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев пушти дарҳои баста дар ҳошияи нишасти СПАД баргузор шудааст. Ин мулоқоти камназири ду раҳбари кишварҳои ҳамсоя баъди моҷарои тирандозии моҳи январ дар сарҳади вилояти Ботканд ва Суғд мебошад. Дар паи моҷарои марзбонон бар сари сохтмони роҳе дар қаламрави баҳсӣ аз ҷониби Қирғизистон, давоми қариб 2 моҳ марз баста буд.


Сухангӯи президенти Қирғизистон Қодир Тоқтогулов дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ рӯзи 9 май гуфт, ки тафсилоти андаки ин хабарро аз худи президенти кишвараш ҳангоми бозгашт аз Маскав суол кардааст.


- Ҳангоми бозгашт дар ҳавопаймо аз президентамон пурсидам, ки оё дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон роҷеъ ба кадом масъалаҳо сӯҳбат шуд. Алмосбек Отамбоев гуфт, ки дар ин мулоқот ҳарду раҳбар изҳори омодагӣ кардаанд, ки бояд масъалаи аломатгузории марзи муштарак дар баландарин сатҳ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли худро пайдо кунад. Вай гуфт, ки ҳарду раҳбар тарафдори ҳарчи зудтар ҳал шудани ин масъала мебошанд, то ки вазъ дар марзи ду кишвар ба ҳолати оддӣ баргардад.


Дар ҳамин ҳол, Тоқон Мамитов, собиқ муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, ки масъалаи марзи ду кишвар бояд танҳо бо ширкати мақомоти ин ду давлат баррасиву ҳал шавад. Ба саволи хабарнигои Озодӣ дар Бишкек оид ба ин ки оё «ташкилоти минтақавии мисли СПАД ё Созмони ҳамкориҳои Шонҳой метавонанд дар ҳалли ин қазия дахолат кунанд?», Мамитов гуфт, чунин низоъҳо аз рӯи муқаррароти СММ бояд танҳо бо ширкати ду ҷониби вориди ихтилоф ҳал шаванд. Танҳо дар сурати муроҷиати ҳарду кишвар ба тарафи сеюм, дахолати созмонҳои минтақавӣ иҷозат дода мешавад.


Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки шоми 7 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моҷарои наве бархост, к ибо маҷрӯҳ шудани сокинони рустоҳои наздимарзии ҳарду тараф анҷомид. Додситони вилояти Ботканд гуфтааст, ки дар амри таҳқиқи ҳодиса ва бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ кашондани омилони сангандозиҳои ахир, 14 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои «авбошиву» «вайрон кардани моликияти хусусӣ» боз шудааст.



Таъхир дар гуфтушуниди марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон



Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, гуфттушуниди навбатии комиссиюни байнидавлатии масоили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи сешанбеи 13 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Мулоқоти аъзои кумиссюни муштаракиТоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли масъалаҳои марзии байни ду кишвар, ки қарор буд, 11-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, то 13-уми май ба таъхир афтод. Интизор мерафт, дар гуфтушуниди 11-уми май муовинони сарвазирони ду кишвар ширкат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин таъхирро ба вуқуи муноқишаи ахири марзӣ, ки шоми 7 май рух дод, бастагӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Ифсара, ҳайати мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 8 май дар маҳали муноқиша буданд ва музоркироте анҷом додаанд, бояд қазияи ахирро таҳқиқ кунанд, то дар ин мавзӯъ дар комиссиюни муштараки масоили марзӣ дар таърихи 13 май мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Зимнан, раҳбарии комиссиюни муштараки масоили ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев, муовинони нахуствазири ҳар ду кишвар бар ӯҳда доранд.



Вазъ ором, аммо роҳи Исфара -- Ворух бастааст

Масъулони шаҳри Исфара рӯзи ҷумъаи 9-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаби гузашта вазъ дар минтақаи марзӣ бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ором буда,кормандони раёсати корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятиро таҳти назорат доранд. Айни маълумотро дар пайванд бо маҳаллаҳои қирғизнишини марз Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар баёнияи расмияш нашр намудааст.

Аммо масъулони ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара, ки муноқишаи марзӣ шоми 7-уми май дар он ҷо иттифоқ афтод, мегӯянд, шоми дирӯз - 8-уми май дар маҳалли Ортабози ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳудуди 2 ҳазор нафар аз қирғизҳо ҷамъ ва монеи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон шудаанд.

Собир Сафаров, раиси ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "қирғизҳо дар маҳалли Ортабоз гирди ҳам омада ва талаб карданд, ки роҳи Оқсой - Тамдиқ сохта шавад. Зеро то кунун сокинони деҳаи Оқсой танҳо ба воситаи деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон метавонанд, ба манотиқи марказии вилояти Бодканд сафар кунанд ва дар навбати худ, сокинони Ворух барои расидан ба Исфара маҷбуранд, қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро гузаранд.

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара, қирғизҳои гирдиҳамомада дар маҳаллаи Ортабоз шӯру ғавғо бардошта, мошинҳои ҳайати музокиракунандаи мақомоти Қирғизистонро сангборон карданд, ки дар ниҳоят ҳайат натавонистааст, ки бо намояндагони расмии Тоҷикистон гуфтушунидро дар Чоркӯҳ идома диҳанд. Дар изҳороти Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар ин бора гуфта мешавад, ки шумораи қирғизҳои ҷамъомада 500 нафар буда, соати 2-и шаб онҳо бо тақозои мақомоти Қирғизистон пароканда шуданд.

Ин сокинон мегӯянд, ки таҷаммӯи қирғизҳо дар маҳаллаи Ортабоз ва халал расондани онҳо ба гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон як амали аз қабл тарҳрезишуда мебошад.
Ҳамсӯҳбатони "Озодӣ" афзуданд, ки ҳоло ҳайати Тоҷикистон, таҳти сарварии Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар Исфара аст ва аз тариқи телефон бо мақомоти Қирғизистон гуфтушунид анҷом медиҳад. Роҳи байни Исфара ва Ворух дар як соли охир ҳафт мартаба баста шуда, боиси муноқиша ва задухӯрд байни тоҷикон ва қирғизҳо шудааст. Талоши сохтани роҳи нав ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон сабаби тирандозӣ байни мурзбонони тоҷику қирғиз шуд, ки бар асари он чандин нафар захм бардоштанд.

Зимнан, муноқишаи навбатӣ шоми 7-уми май дар маҳаллаи Зарафшони деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара иттифоқ афтод, ки гуфта мешавад, баҳонаи аслии ин муноқиша, бадрафтории се қирғизи сархуш дар нисбати сокинони Ворух мебошад, ки дар натиҷа ба муноқишаи шумори зиёди сокинони деҳоти ду тарафи марз анҷомидааст.

Бино ба хабарҳои расида, дар ин муноқишаи марзӣ дар марзи Исфараву Бодканд 30 сокини Қирғизистон ва 8 нафар аз Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд. Аммо мақомоти Исфара мегӯянд, ки бар асари муноқишаи марзии рӯзи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳ наздик ба 8 нафар сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, ин 8 нафар танҳо онҳоеанд, ки ба бемористони Исфара муроҷиат карда бистарӣ шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон дар ҳамин ҳол, дар бораи захмӣ шудани то 17 нафар, бо шумули 10 кормандии милиса, хабар дода, мегӯяд, аз ин миён 9 нафарро дар бемористонҳо бистарӣ кардаанд. Қаблан ҷониби Қирғизистон шумори осебдидагон аз он тарафро беш аз 30 нафар мегуфт.