Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ рӯзи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳашари муштараки субҳи имрӯз аз деҳоти ҷамоати Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара тақрибан се ҳазор нафар ва аз деҳоти Оқтатиру Самарқандаки вилояти Бодканди Қирғизистон беш аз 70 нафар ширкат варзида, канали обро тармим поксозӣ карданд. Вай афзуд, ки пас аз ҳодисаҳои 11 январ ин бори аввал аст, ки мардуми деҳаҳои марзии Исфараву Ботканд ба чунин як ҳашари муштарак иқдом карданд.
Масъулини ҳукумати ноҳияи Исфара тасмим дорад субҳи рӯзи дигар аз дарёи Исфара обро ба канали Хоҷаи Аъло ҷорӣ кунад. Дар мавсими кишти беш аз 5000 сокини ҷамоати деҳоти Оқтатир ва Самарқандак низ заминҳои кишти худро аз ҳамин канали Хоҷаи Аъло обёрӣ мекунанд.
Ҳашари муштараки сокинони рустоҳои ду тарафи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки ин ду кишвар дар ин қисмати марз дар соли ҷорӣ дучори ҷиддитарин таниш шуданд. Рӯзи 11 январ дар натиҷаи тирпарронӣ дар марзи байни рустоҳои Оқсой ва Хоҷаи Аъло 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд.
Қирғизистон баъди ин муноқиша сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин кишварро баст. Сафири Қирғизистон Урмат Саралаев танҳо дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт ва марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ танҳо дар оғози моҳи апрел, амалан баъди қариб се моҳ боз шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо музокироти марзии ду кишвар дар солҳои охир хеле ба кундӣ пеш меравад ва аз соли 2006 ба ин сӯ ягон километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар аломатгузорӣ нашудааст. Доғтарин ва мушкилзотарин нуқтаҳо дар марзи ин ду кишвар маҳз дар қисмати марзи Исфараву Бодканд қарор доранд.