Ситоиши нерӯҳои "Сурияи демократӣ" аз суқути "таърихӣ"-и Башор Асад  

Димишқ, 8-уми декабри 2024

Фармондеҳи нерӯҳои “Сурияи демократӣ” рӯзи якшанбе аз он чи “суқути таърихӣ”-и режими Башор Асад номид, ситоиш кардааст.

Ин нерӯҳо таҳти ҳимояти Амрико ва зери раҳбарии курдҳо буда, бахшҳои зиёдеро дар шимолу шарқи Сурия назорат мекунанд.

Фармондеҳи нерӯҳои “Сурияи демократӣ дар баёнияе дар Телеграм эълом кард, ки дар ҳоли таҷрибаи лаҳзаҳои таърихӣ ҳастанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, суқути “режими истибдодӣ”-ро дар Димишқ диданд.

Вай афзудааст, ин тағйир фурсатеро барои сохтани Сурияи нав, демократӣ ва одил фароҳам мекунад, то ҳуқуқи ҳама суриягиҳо кафолат дода шавад.

Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом", ки Амрико ва кишварҳои дигар созмони террористӣ медонанд, рӯзи ҳаштуми декабр аз суқути давлати Башор Асад хабар доданд. Башор Асад соли 2000 ба қудрат расида буд. Пеш аз падараш, Ҳофиз Асад, 29 сол бар ин кишвар раҳбарӣ мекард.

Муҳаммад Ҷалолӣ, сарвазири Сурия, гуфтааст, бояд интихоботи озод баргузор шавад, то мардуми ин кишвар битавонанд раҳбари худро интихоб кунанд.

Бино ба наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шӯришиён дар дохили кохи раёсати ҷумҳурӣ ва назди дарвозаҳои он дида шудаанд. Манобеъ мегӯянд, Башор Асад, раисҷумҳури Сурия аз Димишқ фирор кардааст.