Ширкатҳои амрикоӣ дар феҳристи 100 ширкати тавлидкунандаи калони аслиҳаи ҷаҳон ҳастанд ва даромади 41-тои онҳо дар соли гузашта ба таври миёна 2,5 дарсад афзудааст.
Мизони афзоиши даромад ва фурӯши ширкатҳои аврупоӣ, ки 27 маврид аз бузургтарин тавлидкунандагони аслиҳа дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд, ба таври миёна фақат 2 дарсад буд. Вале чун ин ширкатҳо ҳанӯз машғули тавлиди супоришҳои қаблӣ ҳастанд, рушди андаки даромадашон инъикосунандаи афзоиши қарордодҳо ва супоришҳо дар соли гузашта нест.
Гузориши SIPRI меафзояд, ки даромади шуморе аз ширкатҳои аврупоӣ бинобар ҷанг дар Украина, бахусус тақозои чашмрас барои муҳимоти ҷангӣ ва сомонаҳои зиддиҳавоӣ дар соли 2023 афзоиши қобили мулоҳизае дошт.
Оморҳои вобаста ба Русия ҳарчанд комил нестанд, нишон медиҳанд, ки иқтисоди ин кишвар ҳарчӣ бештар рӯйи ҷанг ва тавлиди аслиҳа таваҷҷуҳ дорад. Даромади ду ширкати русӣ, ки дар феҳристи 100 ширкати калони ҷаҳон ҳастанд, ҳудуди 40 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Ҳаҷми фурӯши ширкатҳои исроилӣ, ки дар феҳристи 100 ширкати калони ҷаҳон ҳастанд, дар соли 2023 бо 15 дарсад афзоиш ба 13,6 миллиард доллар расид.
Даромади ширкати туркии "Байрактар" (Байрақдор), тавлидкунандаи паҳпод низ бинобар фурӯши ин ҷангафзорҳо ба Украина ва афзоиши сармоягузории артиши Туркия дар ин замина 24 дарсад афзоиш ёфтааст.