Созмони ҷаҳонии триатлон гуфт, чунин қарор бо сабаби олуда будани оби дарёи Сенаи шаҳри Париж (Порис) гирифта шудааст ва онҳо наметавонанд саломати варзишгаронро бо хатар рӯбарӯ кунанд.
Бозиҳое, ки қарор буд рӯзи 30-юми июл барпо шаванд, барои фардо таъин шудааст, вале эҳтимоли ба рӯзи дигар баргузор шуданашон ҳам ҳаст.
Сифати оби дарёи Сена баъд аз боронгариҳои шадиди рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта бад шуд.
Масъулон бо нашри изҳороте гуфтанд, дар чанд соати гузашта сифати об хеле беҳтар шуд, вале ҳамоно дар бисёр ҷойҳои дарё ба меъёри муқарраршудаи бехатарӣ ҷавобгӯ нест.
Триатлон мусобиқаи бисёрҷиҳата буда, аз иштирокдоронаш талаб мекунад, ки дар баробари шиноварӣ, инчунин мусобиқаҳои дучархасаворӣ ва давро иҷро кунанд.