Улф-Ялмар Кристерссон, нахуствазири Шветсия 13-уми октябр Сипоҳи посдоронро ба даст доштан дар чанд ҳамла муттаҳам кард.
Хадамоти ҷосусии Шветсия Эронро муттаҳам кардааст, ки бо ҷалби аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ талош кардааст, ба ширкатҳои исроилӣ ҳамла кунад. Теҳрон ин иттиҳомро рад кардааст.
Давоми як соли ахир, ба сафорати Исроил дар шаҳри Стокҳолм, пойтахти Шветсия се маротиба ҳамла сурат гирифт. Як ширкати фанноварии исроилӣ низ дар ин кишвари аврупоӣ ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо ҳудуди 125 ҳазор узви мусалллаҳ дар саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломӣ нуфузи густурда дорад.
Нерӯҳои Қудс, як шохаи Сипоҳи посдорон, ба он муттаҳам мешавад, ки амалиёти хориҷиро дар Ховари Миёна раҳбарӣ мекунад ва дастрас кардани силоҳ барои шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳонро танзим менамояд.