"Шокирҷон Ҳакимов ҳеч иттиҳомро напазируфт; ҳанӯз дар ИВС аст"

Шокирҷон Ҳакимов. Акс аз бойгонӣ

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқдони шинохта, ҳанӯз дар боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат (тавқифгоҳ; ИВС) нигоҳ дошта мешавад. Ӯ рӯзи 12-уми июли имсол дастгир шуд. Наздиконаш мегӯянд, аз он лаҳза то кунун ба ӯ ба тавқифгоҳ хӯроку либос мебаранд.

Мақомоти расмӣ далелҳои то кунун дар тавқифгоҳ (ИВС) нигоҳ доштани ин сиёсатмадорро шарҳ намедиҳанд. Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 3-юми сентябр гуфт, яке аз далелҳо ин аст, ки “Шокирҷон Ҳакимов ҳеч иттиҳомро напазируфтааст”.

Қонунгузории Тоҷикистон нигоҳ доштани як шахси гумонзадро ба ҷиноят дар тавқифгоҳ ҳамагӣ 72 соат иҷозат медиҳад. Баъд аз он бояд дастур ё санксияи боздошти ӯ содир шуда, бо қарори додгоҳ ба Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) фиристода шавад.

Мақомоти Тоҷикистон намегӯянд, ки муовини раиси ҲСДТ ба чӣ муттаҳам аст. Юсуф Раҳмон, додситони кул, рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, боздошти Ҳакимов ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, рабт дорад. Усмонзодаро расман ба “кӯшиши табаддулоти давлативу ғасби ҳокимият” муттаҳам медонанд.

Аммо манбаи наздик ба тафтишот мегӯяд, яке аз иттиҳомҳо дар парвандаи Шокирҷон Ҳакимов ба изҳори назарҳои ӯ дар пайванд ба равобити Тоҷикистону Чин дар расонаҳо марбут аст.

Дар акс: Ҳамроҳхон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Шокирҷон Ҳакимов ва Саидҷаъфар Усмонзода

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба зидди Шокирҷон Ҳакимов ва афроди дигари боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуд, вале мушаххас нагуфт, ки бар асоси кадом банди қонуни ҷиноӣ. Ӯ танҳо гуфт, ки қазияи ҳамаи шахсони боздоштшуда ба якдигар “алоқамандии зич” дорад.

То кунун наздикони Шокирҷон Ҳакимов муваффақ нашудаанд, ки ӯро бинанд. Танҳо вакили мудофеъ тавонистааст, ки бо ӯ гап занад. Ҳоло, ба гуфтаи манбаи мо, “ӯро саҳару бегоҳ ба ҳавохӯрӣ мебароранд”. Наздиконаш мегӯянд, пеш аз боздошт Ҳакимов муолиҷа мегирифт ва ҳоло ҳам баъзе доруро барояш ба тавқифгоҳ мебаранд.

Мақомоти Тоҷикистон ба парвандаи Шокирҷон Ҳакимов ва боздоштшудаҳои маъруф муҳри махфӣ задаанд.

То ин дам Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти

  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ;
  • Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ;
  • Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси ҲДТ;
  • Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ;
  • Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистонро таъйид кардааст.

Юсуф Раҳмон дар бораи боз шудани парванда алайҳи "чанд нафари дигар" хабар дод, вале аз онҳо ном набурд.

Боздошти ин афрод дар моҳи июн сар шуд. Додситонӣ рӯзи 14-уми июн хабар дод, ки Саидҷаъфар Усмонзода, ки бештар ба ҳимоят аз ҳукумат ном бароварда буд, рӯзи 12-уми июн дастгир шудааст. Бо пешниҳоди Додситонии кул, рӯзи 14-уми июн вакилони порлумон ӯро аз дахлнопазирӣ ё масунияти вакилӣ маҳрум карданд.

Наздикон ва вакилони дифои ин афроди боздоштшуда аз суҳбат ва ҳамкорӣ бо расонаҳҳо худдорӣ мекунанд ва мегӯянд ба далели махфӣ будани парванда ҳаққи ошкор кардани ҷузъиёти онро надоранд.