Дигарон ба дебат наомаданд. Ба суолҳо Шокирҷон Ҳакимов ҷавоб дод. ВИДЕО

Шокирҷон Ҳакимов

Радиои Озодӣ нақша дошт, ки рӯзи 19-уми феврал даври дувуми дебат ё мунозираи интихоботиро баргузор кунад. Барои иштирок дар ин мунозира намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон даъват шуда буданд. Намояндагони ҲХДТ ва ҲДТ аввал даъватро пазируфтанд, вале сипас бо сабабҳои барои мо номаълум рад карданд. Дар натиҷа, танҳо муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ба студия ҳозир шуд ва ба суолҳо посух гуфт.

Радиои Озодӣ: Суоли аввал ин аст, ки ба маъракаи пешазинтихоботӣ чӣ назар доред?

Шокирҷон Ҳакимов: “Дар муқоиса ба 5-10 соли пеш беҳтар аст, вале то ҳол баъзе муаммову мушкилҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солим миёни иштирокдорон вуҷуд надорад.”

Радиои Озодӣ: Кадом муаммоҳо?

Шокирҷон Ҳакимов: “Эҳсос мешавад, ки то ҳол масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ, мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо зери таъсири ким-кадом омилҳо авлавиятро ба ҲХДТ медиҳанд, бо дарназардошти онки пешвои ин ҳизб сардори давлат аст.”

Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки муборизаи ҳамаи ҳизбҳо аз ҷумла ҳизби Шумо барои соҳиб шудан ба курсии порлумонӣ аст. Фикр намекунед, ки соҳибони ин курсиҳо чизеро тағйир намедиҳанд ва танҳо ба тарафдории қонунҳое овоз медиҳанд, ки ҳукумат мехоҳад ё пешниҳод мекунад?

Шокирҷон Ҳакимов: “Ин мутлақо ғалат аст. Ман эҳсос кардам, ки аксарияти мутлақи шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи ваколат, салоҳият ва авлавиятҳои порлумон тасаввурот надоранд. Дар низоми ҳокимият бисёр ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки президент бе мувофиқа ё розигии порлумони кишвар наметавонад тасмим бигирад. Масалан, тасдиқи сохтор ва аъзои ҳукумат, буҷа, тасдиқи Кодекси андоз ва таъмини заминаҳои молиявии сиёсати хориҷии Тоҷикистон.”

ВИДЕОРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даври дувуми дебат бо Шокирҷон Ҳакимов. Намояндаҳои ҲХДТ ва ҲДТ наомаданд

Радиои Озодӣ: Дуруст, вале дар 5-10 соли ахир ҳеч гоҳ шоҳид нашудем, ки порлумон ягон қонуни пешниҳодкардаи ҳукуматро рад карда бошад...

Шокирҷон Ҳакимов: “Ин натиҷаи набудани иродаи сиёсӣ аст. Чун асосан вакилҳо чӣ тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ё ҳизбҳои қаблан мувофиқашуда мандати вакилӣ мегиранд ва дар ифодаи иродаи худ маҳдуд мебошанд. Аз ҷузъиёту назокатҳои раванд ва техникаи қонунгузорӣ огоҳӣ надоранд.”

Радиои Озодӣ: Агар ҲСДТ дар интихоботи порлумонӣ як ё ду курсиро ба даст овард, чӣ чизро тағйир медиҳад дар порлумон?

Шокирҷон Ҳакимов: “Хеле чизро, зеро ки ҳам қонунгузор замина ва кафолатҳои мустақилии фаъолияти вакилиро пешбинӣ кардааст ва ҳам дастури Маҷлиси Намояндагон. Аз ҷумла, тариқи баргузор намудани музокираҳои порлумонӣ бо ҷалби субъектҳои фазои иттилоотӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда. Ё худ тариқи ҳамкорӣ бо васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва мустақили ватанӣ ҷиҳати ташаккул додани афкори мусбат ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун субъекти асосие, ки ташаббуси қонунгузорӣ дорад.”

Радиои Озодӣ: Дар шароите, ки Ҳизби сотсиал-демократ дар пардохти гаравпулӣ мушкилӣ мекашад, бо кадом қуввае бовар доред, ки дар интихобот ғалаба мекунед? Аз тарафи дигар Шумо ба шаффофияти интихобот ҳам боварӣ надоред...

Шокирҷон Ҳакимов: "Аввал инки мо тамоми воқеиятҳо ва вижагиҳои фарҳанги сиёсӣ ва қонунгузории Тоҷикистонро ба инобат гирифтем. Бо вуҷуди онки эҳсос мекунем таҳти таъсири президенти Тоҷикистон ин ҳизб бештари раъйи мардумро мегирад. Чун ниҳодҳои таъсиргузор низ доранд.”

Радиои Озодӣ: Манзуратон Ҳизби халқии демократӣ аст?

Шокирҷон Ҳакимов: “Албатта, вале бо баробари ин ҳизби мо низ вориди ин раванд шуд ва ин рисолати мо, таъиноти иҷтимоии мо, ки ба ғайр аз кӯшиши ворид шудан ба порлумон ҳамон тарсу ҳаросе, ки дар вуҷуди шаҳрвандони Тоҷикистон эҳсос мешавад барорем. Ва шаҳрвандони Тоҷикистон худашонро ҳамчун шахсиятҳои комили ин диёр эҳсос кунанд ва масъулиятҳоро низ.”

Радиои Озодӣ: Суоли охир. Пирӯзии ҳизби Шумо дар интихоботи дар пеш истода, ба ақидаатон, аз кӣ ва ё аз чӣ вобастааст?

Шокирҷон Ҳакимов: “Пеш аз ҳама ҳолати идеалиашро ба инобат гирем ва тасаввур кунем, ки сад фоиз қонун риоя ва танзим мешавад, бо назардошти асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон, мо ақаллан ҷиҳати гузарондани 2-3 нафар номзад аз рӯйхати ҳизб имконият дорем ва чунин фурсатҳоро низ. Вале аз чӣ вобастааст ё аз кӣ бештар аз раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳизбе, ки таҳти назари ӯ аст. Зеро, ки тақрибан 1 миллион баргаи раъйдиҳӣ объекти манипулятсия аст. Зеро, ки участкаҳои интихоботие, ки дар хориҷ аз кишвар таъсис дода мешаванд, фарогири тамоми муҳоҷирон шуда наметавонад. Аз ин хотир, ҳамин гуна эҳтимолият вуҷуд дорад. Аммо ворид шудани ҳизби мо ба порлумон бидуни шак боиси бештар эътибор пайдо кардани низоми сиёсии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шуда, сабаби бештар шудани ҷалби сармояи хориҷӣ низ ба иқтисоди миллӣ мегардад.”

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!