Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дебати интихоботии баргузорнашуда. ВИДЕО


Курсии холии меҳмони дебати интихоботӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Курсии холии меҳмони дебати интихоботӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Рӯзи 19 феврал даври дуюми мунозира ё дебати пешазинтихоботӣ, ки кормандони Радиои Озодӣ дар Душанбе ташкил карданд, бидуни ширкати намояндаи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон баргузор шуд. Даъвати Радиои Озодиро танҳо номзади ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов пазируфт ва ба студия ҳозир шуд.

Мунозираи ҳизбҳои сиёсӣ дар остонаи интихоботи парлумонии 1 марти имсол бо ҳадафи ошноии беҳтари интихобкунандҳо бо барномаву ҳадафҳои ҳизбҳои сиёсии муддаии курсии парлумони Тоҷикистон ташкил шуд. Дар даври дуюми дебат Радиои Озодӣ тасмим гирифт, ки намояндаи ду ҳизби мухталифи сиёсӣ – Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва Ҳизби сотсиал-демократиро даъват кунад. Радиои Озодӣ ҲХДТ-ро нахуст ба таври хаттӣ даъват кард, онҳо дар оғоз розӣ шуданд, ки дар ин нишаст иштирок кунанд, вале баъд ширкат дар мунозираро рад карданд.

Дар ситоди интихоботии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар сурати ба баҳс даъват шудани ҳама намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ онҳо омодаанд ба ин нишаст намояндаи худро фиристанд. Баъди ин дигар ҳизбҳо ҳам даъвати ширкат дар мунозираро рад карданд.

Радиои Озодӣ тасмим гирифт, ки сӯҳбати пешазинтихоботиро танҳо бо Шокирҷон Ҳакимов барпо кунад. Шокирҷон Ҳакимов, ки ба унвони номзад аз рӯйхати ҳизбии сотсиал-демократҳо пешбарӣ шудааст, гуфт, то ҳол дар мулоқоту чорабиниҳои муаррифии барномаи интихоботии ҳизбаш иштирок кардаанд. Ӯ гуфт, ки мулоқоти онҳо ҳам дар чаҳорчӯби мулоқоти умумии намояндагони ҳизбҳо бо интихобкунандаҳо ва ҳам ҷудогона сурат мегирад. Ӯ гуфт, то ҳол “ҳеҷ фишор”-ро эҳсос накардаанд.

Дебати баргузорнашуда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Сӯҳбати видеоии Радиои Озодӣ бо Шокирҷон Ҳакимов дар рӯзҳои наздик нашр мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки ба андешаи мунаққидон, ба ҷуз сотсиал-демократҳо аксарашон ҳизбҳои “кисагӣ” ва “рӯ ба ҳукумат” номида мешаванд.

Нахустин мунозираи пешазинтихоботии Радиои Озодӣ рӯзи 6 феврал нашр шуд ва дар он ҳама раҳбарону фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ иштирок карданд. Дар ин нишаст сӯҳбати аслӣ атрофи риояи қонун дар ҷараёни интихоботҳо, шаффофияти овоздиҳӣ ва барномаҳои ҳизбҳо буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG