Шохаи "Хуросон" масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи сӯфиёнро ба дӯш гирифт

Бағлон. Акс аз моҳи июли соли 2024

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ рӯзи 23-юми ноябр масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи сӯфиёнро дар вилояти Бағлони Афғонистон ба дӯш гирифт.

Абдулматин Қонеъ, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии "Толибон", ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, дар ин ҳодиса, ки рӯзи панҷшанбе, 20-уми ноябр, иттифоқ уфтод, 10 нафар кушта шуданд.

Бино ба гузоришҳо, ин афрод ҳангоме ки дар зиёратгоҳи Сайидподшоҳ Оғо саргарми ибодат буданд, ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) рӯзи 23-юми ноябр ҳамларо маҳкум кард ва аз “Толибон” хост, ки ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ кунад.

Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башари Афғонистон, дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки камшуморон ё ақаллиятҳои мазҳабӣ то ҳол зери таҳдиди ҷиддӣ ҳастанд. Вай афзуд, ҳамаи афғонистониҳо ҳақ доранд, ки дар сулҳу оромӣ ибодат кунанд.

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ пас аз бозгашти “Толибон” ба қудрат дар се соли охир масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар Афғонистон бар уҳда гирифт.