Ширкати Трюдо дар маросими ҷанозаи Оқохони 4

Барои иштирок дар маросими хайрбод бо Оқохони 4, раҳбари маънавии исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 8 феврал ба шаҳри Лиссабони Португалия аз ҷумла нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳозир шудааст. Оқохони 4 ҳафтаи ҷорӣ дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт.

Барои иштирок дар маросими хайрбод бо Оқохони 4, раҳбари маънавии исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 8 феврал ба шаҳри Лиссабони Португалия аз ҷумла нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳозир шудааст. Оқохони 4 ҳафтаи ҷорӣ дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт.

Маросими хайрбод дар Маркази имоилиҳо барпо мешавад ва дар миёни иштирокдорони ин маросим мақомоти расмии кишвари Португалия ва дигар меҳмонҳои баландпояи хориҷӣ ҳузур доранд.

Рӯзи 5 феврал баъди нашри хабари даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони 4 Трюдо дар изҳороте аз ӯ чун “як дӯсти азизи” хонаводаӣ, “дӯсти тамоми мардуми Канада ва ҳар нафари хостори сулҳ дар ҷаҳон” ёд кард.

Баъди маросими ҷаноза, ҷасади раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон, ки пайравонаш дар Африқо, Осиё, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва ҳам Тоҷикистон ба сар мебаранд, қарор аст рӯзи 9 феврал дар як маросими бисёр хусусие дар Миср ба хок супурда шавад.

Бар асоси васияти ӯ, писараш Шоҳзода Раҳим Ал Ҳусайнӣ Оқохони 5-ум ва раҳбари нави исмоилиҳои ҷаҳон эълон шудааст. Маросими тахтнишинии ӯ рӯзи сешанбе барпо мешавад.

Рӯзи 8 феврал дар кишвари Покистон як рӯзи мотами миллӣ эълон шуд. Нахуствазир Шаҳбоз Шариф гуфт, ки Оқохон “як дӯсти ҳақиқии Покистон” буд ва ёди ӯ ба хотири саҳмаш дар рушди ҷаҳонӣ, маориф, беҳдошт ва тарҳҳои башардӯстона гиромӣ хоҳад буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Оқохони 4 дар Миср дафн мешавадОқохони 4 кӣ буд ва чӣ кард? Назарҳо аз ТоҷикистонШоҳзода Раҳим роҳбари нави исмоилиён эълон шудМуфтӣ гуфт, Тоҷикистон некиҳои Оқохонро фаромӯш намекунадПаёми ҳамдардии Раҳмон ба Девони Имомати ИсмолияОқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, даргузаштШоҳзода Карим Оқохони 4 дар аксҳо