Дар хадамоти матбуотии сафорат гуфтанд, шаҳрвандони Узбекистон асосан дар бораи мушкил шудани вуруди онҳо ба Русия ё сафар ба кишварҳои дигар тавассути фурудгоҳи "Шереметево"-и шаҳри Маскав шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, марзбонони рус онҳоро аз ҳад зиёд тафтиш мекунанд.
Сафорат гуфтааст, бо ирсоли нома аз Вазорати корҳои хориҷии Русия дархост кардааст, ки ба ин вазъ равшанӣ андозад.
Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар охири моҳи марти имсол баррасии чораҳо алайҳи муҳоҷирон, аз ҷумла ҷорӣ кардани раводид, ихроҷ барои қоидавайронкунӣ ва надодани иҷозатномаи кор дар Русия бештар шудааст.
Расонаи "Агентство" моҳи майи имсол бо истинод ба ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик навишт, ки марзбонони рус вақтҳои ахир хориҷиҳоро дастаҷамъона аз фурудгоҳҳо бозпас мегардонанд ва аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мекунанд.