Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавсими имсолаи баҳорӣ дар бораи рафтори номуносиби мақомот ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш "қариб 30 дарсад кам" арзу шикоят гирифтанд.
"Имсол, дар ҳақиқат, шикояту муроҷиат кам аст. Видеоҳо аз "облава" низ кам ба назар мерасанд," -- гуфт хонум Самадова.
Мусоҳиби мо як сабаби кам шудани арзу шикоятҳоро ба "беҳтар шудани маъракаи фаҳмондадиҳӣ" ва "афзоиши сафи хоҳишмандон"-е рабт дод, ки танҳо пас аз хидмати яксолаи сарбозӣ барои кор дар идораҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ роҳ хоҳанд ёфт.
Ӯ ҳамзамон таъкид кард, тарсу ҳароси сокинон боис шудааст, ки волидон аз шикоят кардан дар бораи даъвати иҷбории фарзандон ба артиш худдорӣ кунанд: "Одамон телефон мекунанду машварат мегиранд. Мепурсанд, ки ҳамин кор қонунист ё ғайриқонунӣ? Вақте мегӯем ғайриқонунӣ, аз шикоят кардан метарсанд, даст мекашанд. Метарсанд."
Бо вуҷуди коҳиши сабти шикоятҳо, дар Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ гуфтанд, мавридҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш идома дорад. "Ҳолатҳои аз кӯча бурдани ҷавонон ҳаст. Телефонҳояшонро мегиранд, мукотибаҳоро мехонанд. Ба волидони онҳое, ки дар Русия ҳастанд, фишор меоранд. Ҳамин чизҳо аст, вале камтар," -- шарҳ дод Дилрабо Самадова.
Аксу наворҳо аз “сарбозшикор” дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо паҳн шудааст. Дар мавсими имсолаи баҳорӣ ҳам баъзе нигарониҳо садо медиҳанд.
Корбаре бо номи Шаҳзод Зафарҷон дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки дар роҳ мунтазири нақлиёт буд ва мусофирбари “берақам” наздаш истоду се нафар пиёда гаштанд... ва хостанд ӯро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намоянд.
Як зан, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, писари 21-солаи беморашро дар Душанбе аз кӯча дастгир карда, маҷбурӣ ба хидмат бурдаанд: “Мо ба идораҳои дахлдор ариза навиштем, ки писари мо бемор аст, қобилияти хидматро дар артиш надорад. То ҳол талошҳоямон бенатиҷа буда, фарзандам дар қисми ҳарбӣ аст. Гуфтанд, ки баррасӣ мекунем. Интизорем, чӣ мешавад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дари масҷидро бастанд, сими барқро буриданд." "Роҳи нав"-и даъват ба артиш?Чунин шикоятҳо дар ҳолест, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар эъломияи расмӣ гуфтааст, дар давоми як моҳи даъвати баҳорӣ зиёда аз 70 дарсади нақшаро иҷро кард. Ба тамосҳои батакрори мо дар ин ниҳод посух надоданд.
Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ давоми чор моҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш мебаранд. Солҳост, ки мавсими даъват бо ҷалби иҷборӣ ё “облава” сари забонҳо мешавад.
Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубҳа мебарад. Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар мавриди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.