Чанд шарти фиристодани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Корея

Корҷӯён дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ ҷузъиёти санадеро ба даст овард, ки роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба Кореяи Ҷанубӣ боз мекунад.

Ёддошти тафоҳум барои фиристодани коргарон аз Тоҷикистон ба Корея 30-юми октябри имсол дар Душанбе имзо шуд. Намояндагони Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, “интизор меравад, аз оғози соли 2025” фиристодани коргарон ба Кореяи Ҷанубӣ сар шавад.

Коргаронро чӣ гуна интихоб мекунанд?

Бар асоси Ёддошти тафоҳум, ки нусхааш рӯзи 14-уми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид, фиристодани коргарон аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ танҳо аз сӯи “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, як ниҳоди зертобеи Вазорати кор анҷом мешавад. Дигар ягон корхона дар доираи ин санад ҳаққи фиристодани коргаронро надорад.

Ниҳоди зертобеи Вазорати меҳнат коргаронеро, ки ба талаботи ҷониби Корея ҷавобгӯ ҳастанд, интихоб мекунад ва “ба таври фаврӣ омӯзиши пеш аз сафар мегузаронад.” Аз ҷумла, коргарон дар марказҳои муайян забони кореягиро меомӯзанд, чун як шарти асосӣ ҳамин аст.

Рӯйхати коргаронро Вазорати меҳнат тартиб дода, ба Кореяи Ҷанубӣ мефиристад ва онҷо ҳар корфармо корманди зарурии худро интихоб карда, шартнома равон мекунад.

Коргарон пеш аз фиристодан шудан ба Корея дар Тоҷикистон аз санҷиши пизишкӣ мегузаранд. Дар санад омадааст, ки баъди расидан ба Корея ва қабл аз оғози кор, коргарон дар он ҷо низ боз аз муоина мегузаранд. "Коргароне, ки аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд," -- омадааст дар санад.

Хароҷоти сафарро худи коргарон пардохт мекунанд. Пули он дертар маълум ва эълон мешудааст.

Видео дар инҷо:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷузъиёти шарту шароити кори тоҷикон дар Корея

Агар коргар саривақт баргардад…

Бар асоси санаде, ки миёни ҷонибҳо имзо шудааст, танҳо шахсони аз 18 то 39-сола ба Корея фиристода хоҳанд шуд. Онҳое, ки дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, аз Кореяи Ҷанубӣ ронда шудаанд ё баромаданашон аз Тоҷикистон маҳдуд шудааст, фиристода намешаванд.

Онҳое, ки қабул мешаванд, ҳақ доранд, то 3 сол дар Корея кор кунанд ва дар ҳолати зарурӣ ин муҳлатро то 1 солу 10 моҳи дигар тамдид кунанд. Нуктаи муҳим ин аст, ки коргар аз Тоҷикистон бояд баъд аз поёни шартномаи корияш ихтиёрӣ Кореяро тарк кунад.

Дар санад омадааст, коргароне ки “ба кори худ содиқ буданд” пас аз як моҳи тарки Корея, метавонанд баргарданд ва ин бор шартҳои аввала пурсида намешаванд. Дар ҳолати баръакс, агар коргар “ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул шавад ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод кунад”, аз Корея ихроҷ мешавад.

Фасодро чӣ гуна пешгирӣ мекунанд?

Тоҷикистон ва Корея тавофуқ кардаанд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои фасодкорӣ дар интихоби коргарон метавонанд, як маркази шикоятӣ таъсис диҳанд. "Дар сурати ошкор шудани фасод ё қонуншиканӣ дар раванди фиристодан" ва "будубоши ғайриқонунӣ", Корея метавонад шумораи коргаронро аз Тоҷикистон кам ё қабули онҳоро пурра манъ кунад.

Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои меҳнати Тоҷикистон ва Корея ба муҳлати ду сол имзо шудааст ва баъди он шояд тамдид шавад.

Мақомоти Тоҷикистон солҳост талош доранд, ки роҳи муҳоҷирони тоҷик ба ҷуз аз Русия ба кишварҳои дигар ҳам боз шавад. Тибқи омори расмӣ, бештари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва як қисми дигар барои кор ба Қазоқистон мераванд.

Баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳриму афзоиши фишорҳо ба муҳоҷирон, таваҷҷӯҳи корҷӯёни тоҷик ба бозори кор дар Кореяи Ҷанубӣ бештар шуд. Муҳоҷирон мегӯянд, маош дар Корея назар ба Русия баландтар ва пулис хушмуомила аст. Тибқи ҳисобҳои гуногун, беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Бархе аз ин муҳоҷирон солҳои гузашта бо шиносномаи Русия ба Корея рафтанд.