Аз донишгоҳи Вашингтон то Бостону Вирҷиния ва Сиэтлу Йел. “Замини модарон” имсол Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолландро барои баҳсу таҳлили ин китоб ба Амрико бурд. Достоне, ки шебу фарози фурӯпошии Шӯравиро ба риштаи тасвир кашида ва ҳоло дар номгӯйи 75 китоби бартари тарҷумашудаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми декабр бо Шаҳзодаи Самарқандӣ гуфтугӯ кард.
Радиои Озодӣ: Сафари адабии шумо ба Амрико намунаи камёб дар адабиёти тоҷик аст. Нигоҳи амрикоиён ба адабиёти гузашта ва имрӯзаи тоҷикон чӣ гуна аст? Дар бораи он чӣ медонанд?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: “Дуруст аст, ки ин сафари аввалини густардае буд барои як китоб, асар, роман, достони тоҷикӣ, ки дар донишгоҳҳои муътабари Амрико матраҳ шуд ва рӯнамоиҳо ҳам баргузор карданд. Дар ҳини ин суҳбату боздид бо хонандагони амрикоӣ, бисёре аз нукот барои ман боз шуд, ки аз қабл барои ман равшан набуд. Ошноии онҳо бо забони форсии тоҷикӣ ва ангезаи онҳо барои шинохтани он гӯшаи камшинохташудаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ бисёр-бисёр барои ман тозагӣ дошт. Аз китобхонаҳои ин донишгоҳҳо ҳам боздид кардам ва теъдоди бисёре аз таҳқиқот, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон анҷом мешавад, дар онҷо буд, аммо дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб камтар.”
Радиои Озодӣ: Чанд даҳа пеш баъзе осори Садриддин Айнӣ аз тарафи Ҷон Пэррӣ ба англисӣ тарҷума шуда буд. Оё ғайр аз ин осоре аз адибони тоҷик дар Амрико мунташир шудааст?
Мо ҳанӯз адабиётро ҷиддӣ нагирифтем. Ҳамчунон бояд дигарҳо, беруниҳо биёянду адабиёти моро ҷиддӣ бигиранд, то мо ба худамон баргардем ва худамонро ҷиддӣ бигирем. Адабиёт арсаи муқовимат аст, мухолифат нест.
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Номи дигаре, ки дар канори Садриддин Айнӣ матраҳ шуд, Ҷалол Икромӣ буд. Назари маро роҷеъ ба "Духтари оташ" ва "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро"-и ӯ мепурсиданд. Ман фикр мекунам, ки "Духтари оташ" ва "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро"-ро ин донишҷӯён бо хати кириллӣ хонданд, яъне бо форсии тоҷикӣ хонданд, на дар тарҷума. Чун бисёре аз ин устодони аршад, ки адабиёти форсиро тадрис мекунанд, ба хубӣ ва шевоӣ тоҷикӣ гап мезаданд ва бисёр ташвиқ шудам, ки иртиботҳоро нигоҳ дорем ва ановини китобҳои бештареро вориди маводи омӯзишии донишгоҳҳои Амрико кунем. Албатта, алоқа ва пушти кори онҳо низ муҳим аст ва дар ҳоли анҷом додан ҳастанд. Ба назар мерасад, ки ҳамкориҳо байни ин донишгоҳҳо дар муқоиса бо дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, барои мисол, бо Қазоқистон, Арманистон ва Гурҷистон камтар буд. Ман эҳсос мекунам ва фикр мекунам, ки мо мутахассиси тоҷиктабор ё тоҷикзабон надорем, ки дар онҷо битавонад таъсире аз дохили ин донишгоҳҳо бигзорад. Аммо коре, ки мешавад кард, ин аст, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон солона китобҳои мунтахаби солро барои китобхонаҳои донишгоҳҳо бифиристанд, то дасти муҳаққиқони ҷавони амрикоӣ пур бошад. Пур будани мавод боис мешавад, ки адабиёт матраҳ шавад ва мардум ва кишвар бештар шинохта шавад."
Навори суҳбат дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“МО ҲАНӮЗ БА ОН МАРҲИЛА НАРАСИДЕМ”
Радиои Озодӣ: Гоҳе гуфта мешавад, ки тиҷоратзадагии китобу адабиёт дар Амрико осори асилро дар нигоҳи ҷомеа камранг ё ҳатто нонамоён мекунад. Шумо ба ин нукта чӣ назар доред?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: “Бозори китоб дар Ғарб як мавзӯи ҷудогона аст, ки ҳанӯз фикр кунам барои адабиёти тоҷик зуд аст, ки вориди он марҳила шавем. Аммо фазои донишгоҳӣ аз ин навъ полоиш истифода мекунад, ки гурӯҳе аз адабиётшиносони аршад ба таври махфӣ ва пушти дарҳои пӯшида дар бораи як китоб назари худашонро баён мекунанд, то буҷаи донишгоҳӣ барои чоп ва тадриси он истифода шавад. Ва ин марҳилае, ки романи "Замини модарон" расидааст, дар асл бо пуштибонии донишгоҳҳо ва устодони аршади ин донишгоҳҳо будааст. Мо ҳанӯз ба он марҳила нарасидем, ки масалан бигӯем, як романи тоҷикӣ битавонад сад ҳазор нусха ё як миллион нусха мунташир шавад. Албатта, ман намегӯям, мо адабиёти ҷолиб ё ҷаҳоншамул надорем. Мо солона адабиёти муҳиме дар ҳоли тавлид кардан ҳастем, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар. Мушкил онҷост, ки мо ҳанӯз мутахассисонеро тарбият накардаем, ки ҷавҳари адабиётро бишносанд ва алоқаи хонандаро бидонанд. Дар асл намояндагонро надорем, ки китоберо вориди бозори ҷаҳонӣ ва бозори пурфурӯш ё бозори саргармкунандаи Ғарб кунанд. Ҷой дорад, ки мо рӯи он бисёр кор кунем. Ва ин кор бо буҷаи давлатӣ ё тоҷирони бетарафе, ки мехоҳанд ва метавонанд аз фарҳангу забони адабиёти тоҷик ҳимоят кунанд, бояд анҷом шавад. Иттиҳодияи нависандагон дар як сохтори даврони Шӯравӣ амал мекунад, ки мутаассифона ҳанӯз натавониста ҳатто китобҳоеро, ки дар дохили ин Иттиҳодия баррасӣ мешавад, ба гӯши мухотаби фарогир бирасонад."
"ИТТИЛОИ КАМЕ АЗ ТОҶИКОН ДОРАНД"
Радиои Озодӣ: Дар маҳфилҳои муаррифии асарҳои Шумо таваҷҷуҳи ширкатдорон бештар ба чиҳо равона мешуд? Онҳо бештар чиҳоро аз Шумо шунидан ва чиҳоро донистан мехостанд?
Ин мавзӯи рӯзи мо ҳаст, ки дастгоҳи "пропаганда" чӣ гуна метавонад вориди мағз ва эҳсосоти мо шавад ва аз мо як интиҳорӣ дуруст кунад. Ҳатто аз мо ин ҳисси афкори мустақилро бигирад, ки худро ғулом не, балки як қаҳрамон, як ҷонфидо эҳсос кунем.
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Нуктаи аслӣ ин аст, ки "Замини модарон"-ро вориди адабиёти пасоистеъмор, бахши сиёсӣ, бахши феминистӣ ва зистмуҳитӣ карданд ва ҳам бахши равоншиносии осебҳои наслҳо. То ҳол дар ин мавзуъ адабиёти АвруОсиё, дар чорчӯби кишварҳои Аврупои Шарқӣ, омӯзиш дода мешуд. Бахши Осиёи Миёна як бахши навтаре ҳаст дар донишгоҳҳои муътабари Амрико. Онҳо "Замини модарон"-ро бо меъёрҳо ва дар чорчӯб ва пуштвонаи Шӯравӣ баррасӣ мекарданд. Дар қатори китобҳое мегузоштанд, ки аз нависандагони Аврупои Шарқӣ хонданд ва мешиносанд. Дар романи "Замини модарон" масоиле чун суистифода аз модар, зан, замин, забон, ҳувияти фардӣ матраҳ мешавад. Ҳамаи инҳо таҳти як пӯшиши сӯзандае ба унвони "коллективизм" маҳв мешаванд. Бисёре аз мухотабон ва ё донишҷӯён дар Амрико ҳамчунон иттилооти каме аз тоҷикон ва ё Тоҷикистон доранд. Бархе аз донишҷӯёни ҷавон фикр мекарданд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ, масалан, мо адабиёте ба забони тоҷикӣ ё ба забонҳои дигари ақвоми Осиёи Миёна надоштем ва ҳама маҷбур будем танҳо ба як забон – ба забони русӣ – дарс бихонем. Дар ҳоле ки чунин набуд ва ин нишон медиҳад, ки мо бояд бештар суҳбат кунем. Мо бояд бубинем, ки чӣ навъ адабиёт ва дар кадом риштаҳо дар кадом донишгоҳҳо тадрис дода мешавад ва кадом устодоне ҳастанд, ки аз рӯйи алоқа ва аз рӯйи ҷаҳонбинӣ улгуҳои дигареро вориди матнҳои дарсии худ мекунанд. Хушбахтона, ман бо ин устодони аршад рӯ ба рӯ шудам, ошно шудам ва аз пуштибонии онҳо истифода кардам. Бурсияҳои зиёдеро ҳам ихтисос доданд, ки ман битавонам ин сафарро ба хубӣ анҷом диҳам. Онҳо ба танҳоӣ наметавонанд бигӯянд, ки масалан дар Осиёи Миёна чӣ навъ адабиёте аст. Адабиёт худ бояд суҳбат кунад ва чӣ хуб, ки нависанда ҳам бошад онҷо ва чӣ беҳтар, ки ба забони англисӣ суҳбат кунад. Тарҷумонҳо дар ҳоли тарбият шудан ҳастанд дар ин донишгоҳҳо. Манзурам ин аст, ки агар донишгоҳҳои Тоҷикистон бихоҳанд бо ин донишгоҳҳои муътабар, бо бахши адабиёти онҳо, дар иртибот бошанд, бо ҳамон забони тоҷикӣ навиштан ҳам ҳеч мушкил надорад. Онҳо бахшҳои муҳиме барои тарҷума ва барои барқарор кардани робитаҳо доранд."
ДАСТГОҲИ "ПРОПАГАНДА", АЗ ШӮРАВӢ ТО ҲОЛО
Радиои Озодӣ: Ба адабиёти хориҷӣ, фаразан форсию тоҷикӣ ё ба забони халқҳои дигари Шӯравии пешин дар Амрико бештар аз кадом зовия менигаранд: масъалагузориҳои сиёсӣ, ҷинсӣ, иҷтимоӣ ё ҳунару асолати нависандагӣ?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Ба назарам, баҳси сабк чандон матраҳ набуд. Баҳс ин аст, ки китоб бояд гӯёи фазои он мардум ва он рӯҳия бошад. Муҳим нест, ки он дар бораи даврони Шӯравӣ аст, ё пас аз Шӯравӣ. Саволҳое, ки онҳо дар зеҳн доранд бар асоси он таҷрибаи ҷомеаҳои худашон ҳаст. Як нукта бисёр барои ман муҳим буд ва ман талош кардам, тавзеҳ диҳам, ки чаро романи "Замини модарон" аз ин нукта муҳим аст. Асли саволе, ки дар зеҳни мухотаби амрикоӣ буд ин буд, ки оё шумо пахта чидед бо дастони худатон? Бале, ҳамаи мо пахта чидем. Албатта, ин донишҷӯёни ҷавоне ҳастанд, ки зери 20 сол умр доранд ва шинохти чандоне ҳанӯз аз даврони ғуломдории худи Ғарб ҳам надоранд. Танҳо аз китобҳо хонданд ва аз ман мепурсиданд, ки оё шумо эҳсоси ғуломӣ мекардед? Ман гуфтам, иттифоқан романи "Замини модарон" аз инҷо барои худи ман аҳамият дорад, ки ман хостам бетарафона нишон диҳам, ки чӣ гуна метавонад як дастгоҳи "пропаганда" мардумеро, миллатеро бо дастони худаш дар муқобили худаш қарор диҳад. Мо эҳсоси ғуломӣ намекардем. Масалан, ғунучини пахтаро табдил карда буданд ба як мусобиқот байни маҳаллаҳо, байни шаҳрҳо, байни кишварҳо. Мо аз хостани ҳаққи аввалияи худ, ки ташна ҳастем, гушна ҳастем, мариз ҳастем асло эҳсоси хубӣ намекардем. Ҳама дар ҳоли ҷонфидоӣ барои миллати бузургтаре ба номи СССР будем. Ҳатто бо ҳашар каналҳо мекандем, рӯдхонаҳоро ба самти пахтазорҳо мекашондем ва диде фаротар надоштем, ки Арал дар ҳоли хушк шудан аст. Ин як дастгоҳи "пропаганда" буд. Барои мисол, дар "Замини модарон" модар қаҳрамони бисёрфарзанд ҳаст ва медалҳое дорад ва эҳсос мекунад, ки он медалҳояш намояндагони фарзандҳояш ҳастанд. Яъне, саҳми ӯ ба унвони як модар барои ватани бузургтаре ҳаст, дар ҳоле ки як модар бояд ҳисси дигаре дошта бошад. Агар ёдатон бошад, вақте ҷавонони мо дар даврони Шӯравӣ дар артиш кушта мешуданд, модаронро иҷозат намедоданд, ки бигӯянд, чаро бояд писари ман дар ҷанг ширкат мекард? Магар ба мо ваъдаи сулҳ надода будед? Чаро инҳо барои забти кишварҳои дигаре кушта шуданд? Модар ҳаққи инро надошт, ки эътироз кунад. Ду-се медали тило медоданд, чанд сум медоданд, ки ҳисси мотамашро аз он бигиранд ва ин дастгоҳи "пропаганда" дар даврони Шӯравӣ буд. Дар ҷомеаҳои исломӣ, дар кишварҳои ифротии исломӣ, ин дастгоҳ дақиқан бо таҷрибаҳое, ки дар замони Шӯравӣ буд, дар ҳоли истифода шудан аст. Аз инҷо ҳаст, ки ин мавзуъ кӯҳна нест. Ин мавзӯи рӯзи мо ҳаст, ки дастгоҳи "пропаганда" чӣ гуна метавонад вориди мағз ва эҳсосоти мо шавад ва аз мо як интиҳорӣ дуруст кунад. Ҳатто аз мо ин ҳисси афкори мустақилро бигирад, ки мо худро ғулом не, балки як қаҳрамон, балки як ҷонфидо эҳсос кунем. Ва инҷост, ки дастгоҳи "пропаганда"-ҳоро мо бояд таҳти савол бибарем ва ин мавзӯи таърихӣ ҳеч вақт гузашта нест, мавзӯи рӯзи ҳамаи ақвоми ҷаҳон аст."
"МАРДОНИ ТОҶИК АЗ КАЛИМАИ ФЕМИНИСТ МЕТАРСАНД"
Радиои Озодӣ: Дар баъзе аз эълонҳои маҳфилҳои Шумо ба ҷанбаҳое чун феминизм, экология ё деколонизейшн таъкид мешуд. Оё ин барои беҳтар шиносондани эҷодиёти Шумо буд ё ҳамхонӣ бо тамоюлҳои машҳур дар Амрико?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Иттиҳодияи мутарҷимони Амрико дар ҳоли пайдо кардани садоҳои қавии зан аз тамоми гӯшаву ақсои ҷаҳон ҳаст, ки битавонанд он ҳисси табииро баён кунанд. Ҳазор сол аст, ки садои зан дар адабиёти тамоми ҷаҳон таҳти сонсур будааст. Тоза садои занҳо дар ҳоли шакл гирифтан аст. Мо дар қарни "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" ба сар мебарем ва ин як рӯҳияи ҷаҳонӣ аст. "Замини модарон" дар бораи се насли зан, зани тоҷик, мегӯяд, ки таҷрибаи зист дар даврони Шӯравӣ ва пас аз Шӯравиро доранд. Нависандаи он ҳам зан ва аз кишваре ҳаст, ки барои онҳо тозагӣ дорад. Агар он дастгоҳи "пропаганда" набуд, агар ин огоҳие, ки шахси нависанда ҳоло дорад, дар 20 соли пеш медошт, оё мо метавонистем чунин адабиётро тавлид кунем? Оё "Замини модарон" 40 сол дер навишта нашудааст? Аз назари ман, ин бисёр табиӣ буд, ки пуштибонии занони пешгоми Амрикоро дошта бошам ва иртиботи бештаре барқарор кардам. Феминизм дар Ғарб танҳо бо занон хотима намеёбад. Дар Ғарб, ҳамин тавр, дар Амрико мардон ва ҷавононеро дорем, ки худашонро феминист медонанд. Аз нигоҳи ҳақхоҳӣ. Онҳо медонанд, ки адабиёт бахусус дар кишварҳои тоза ба истиқлол расидаи Осиёи Миёна ҳамчунон таҳти султаи ҷомеаи мардсолор ҳаст. Як садои нависандаи зан бояд чандин деворҳо ва монеаҳоро гузарад, ки шояд барои як нависандаи мард ин монеаҳо вуҷуд надошта бошад. Он чӣ вуҷуд дорад, он ҳаст, ки одат ба он сохторҳои қадимӣ. Мо камтар мардони тоҷик дорем, ки худашонро феминист номанд. Дар ҳоле ки аз калимаи феминист метарсанд, гуё феминистҳо заноне ҳастанд, ки зидди мард ҳастанд. Ин фикри ғалат аст."
"ДАВРОНИ ИСТИБДОДИ РУСӢ"
Радиои Озодӣ: Чаро на “Регистон”, на “Синдроми Стокҳолм”, балки “Замини модарон” баъди бештар аз даҳ соли нашраш ба забони тоҷикӣ ба бозори Амрико роҳ ёфт? Дар ҳоле ки дар "Регистон" баҳси фурӯпошии Шӯравӣ ҳаст, дар "Синдроми Стокҳолм" мавзӯи зан.
Мо пиёдагард набудем. Мо тасмимгирандагон дар дунёи ислом будем. Инро аз даст додем...
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Суҳбат аз "Синдроми Стокҳолм" бисёр шуд, дар канори "Замин модарон". Хушбахтона, ман дар фазое будам, ки адабиётро амиқ баррасӣ мекунанд, ҳатто "Замини модарон"-ро бар асоси ҳафт роҳи тариқат таҳлил карда буданд, ки ман бисёр-бисёр лаззат бурдам. Як нависанда дар давраҳои умри худ як равандеро тай мекунад, ки садояшро шакл диҳад. Дар "Синдроми Стокҳолм" як фард ҳаст, як духтар, нависанда, чолишҳои зеҳнӣ ва рӯҳӣ-равонии як духтари сисолаи тоҷики муҳоҷир. Ин як мавзӯи фардитар ҳаст. Мешавад гуфт, ки омода шудан барои навиштани "Замини модарон" метавонад бошад ва ҳаст. Романи "Регистон" аз як тобистоне мегӯяд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид ва як миллат, як мардум, як қавм дар мисоли Регистони Самарқанд, тоҷикон, дар як халои ҳувиятӣ қарор мегиранд. Бояд онҳо ба пайдо кардани ҳувияти фардии худ бирасанд, то ҳувияти миллӣ ва ҳувияти ҷадиди худро бисозанд. Ҳамаи инҳо дар иртибот бо ҳамдигар буданд. Ман умед дорам, ки навбат ба ин китобҳо ҳам мерасад. Ва аммо "Замини модарон" фаромиллӣ аст, фаротар аз миллати тоҷик. "Замини модарон" дар бораи тамоми қавмҳои Осиёи Миёна аст. Фазосозӣ аст. Он чизе, ки мардуми Осиёи Миёна таҷриба карданд дар даврони истибдоди русӣ. Мутаассифона, ин фазо дар донишгоҳҳои Ғарб танҳо аз забон ва аз таҷрибаи нависандагони Аврупои Шарқӣ, ба мисли Ҷумҳурии Чех, Руминия, Украина тадрис дода мешуд. Ҳоло як фазои паҳновартаре ба даст метавонанд биёранд бар асоси романи "Замини модарон".
"МОРО БА ЧӢ ТАБДИЛ ДОДАНД?"
Радиои Озодӣ: Ба қарибӣ дар як ҷо ишорае доштед, ки "Замини модарон" 50 дарсад аз мусибати даврони Шӯравиро бозгӯ кардааст, на ҳамаи фоҷиаҳоро. Фикр мекунед, чӣ мусибат ва фоҷиаҳои дигари он замон ба ин китоб роҳ наёфтанд?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Ман сари ин мавзуъ ҳамчунон суҳбат хоҳам кард, чунки ҷойи он холӣ ҳаст. Мо фикр мекунем, ки сӣ сол аз фурӯпошии Шӯравӣ гузаштааст, мо ҳоло бояд як кори наве тавлид кунем. Ба ҳар ҳол, он сад соли ҳамзистӣ ва сад соли мусибат дар тамоми ҳувиятсозии имрӯзаи мо, миллатсозии имрӯзаи мо реша дорад. Мо ҳанӯз ба истиқлоли сад дарсадии рӯҳӣ-равонӣ ва иҷтимоии худ ва ҳатто сиёсии худ нарасидем. 50 дарсад аз он гуфтам, ки дуруст аст, ки ба масъалаҳои занон, ба масъалаҳои кори ройгон, ба масоили суистеъмори замин, табиат, обҳо, тахриби ҳувияти фардӣ дар романи "Замини модарон" суҳбат мешавад, ки ҳатто се насл ҳаст, ки ин мусибатҳо идома дорад. Аммо аз байн бурдани нухбагони миллӣ, аз байн бурдани решаҳои қавӣ, ки барои мисол мардуми Осиёи Миёна дар ҷаҳони мазҳабӣ, дар ҷаҳони рӯҳӣ-равонӣ дар муқоиса бо кишварҳои арабӣ ва ҳатто Эрону Афғонистон пешгом буданд. Аз мо Берунӣ омад, аз мо Хоразмӣ баромад, аз мо бисёр нухбагон баромаданд. Мадрасаҳои Бухоро аз он суҳбат мекарданд, ки Қуръонро бо мантиқи рӯзи худ бихонем. Қуръонро модерн месохтанд, на афкори фардиро, Қуръонро, китоби илоҳиро. Он қадар қудрат ва он қадар иқтидори рӯҳӣ-равонӣ доштанд ва мардум ба мадрасаҳои мазҳабии он ҷо меомаданд, то тадрис кунанд. Ин бисёр нуктаи муҳим буд ва ин чизро мо аз даст додем. Ҳоло ба чӣ табдил шудаем? Табдил шудаем ба он ки нафаре меравад дар мадрасаҳои кишварҳои арабӣ мехонад ва бармегардад ва бақия ҳамаи мардум бояд пушти рави он бошанд. Моро ба ҳадди пиёдагард расонданд. Мо пиёдагард набудем. Мо тасмимгирандагон дар дунёи ислом будем. Инро аз даст додем ва ҳоло мо бояд инро барқарор кунем... Тасаввур кунед мо хатро аз даст додем. Китобхонаҳои Осиёи Миёна пур аз дастхатҳоест, ки ҳанӯз хонда нашуданд ва мо наметавонем инҳоро бихонем. Мутахассисони моро куштанд. Суҳбат аз "голодомор"-и Аврупои Шарқӣ меравад, аз Украина меравад. Тозагиҳо кишвари Қазоқистон бисёр мадорик ҷамъ кардааст, ки садҳо ҳазор нафар дар замони қаҳтӣ дар Қазоқистон низ ҷон доданд. Аммо оё дар он қаҳтӣ, ки мо таҷриба кардем, дар Узбекистон, дар Тоҷикистон, суҳбат мешавад? Не. Оё ҳанӯз суҳбат шудааст, ки мо худ гушна будем, мо худ мурдаҳои худро ба хок супурда наметавонистем, аммо меомаданд ҳатто мурғамонро, тухми мурғамонро, шири говамонро, говамонро, ҳосили заминамонро, ҳама чизи моро гирифта мебурданд. Ман достонҳое, ки аз модарбузургҳоям шунидам, аз падарбузургҳоям шунидам, ҳанӯз баён нашуда. Дар "Замини модарон" ишорае ба он нашудааст. Модарбузургам мегуфт, ки мурдаҳоро мо ҳатто ним метр, 20 сантиметр дарунтар наметавонистем биканем ва сагҳо берун мекашиданд. Мо худ гушна будем. Ҳамаи инҳо оё дар адабиёти мо ҷо дорад? Не, ҷой надорад. Тасаввур кунед, аз Донишгоҳи Қоҳира "Сармаддеҳ"-и Баҳманёр ва романи "Замини модарон" ва "Синдроми Стокҳолм"-ро ба забони арабӣ тарҷума карданд ва таҳқиқоти докторӣ ҳимоят шуд. Аз ман пурсиданд, ки яке аз мутахассисони аршади мо мехоҳад, романи мавзӯи тоҷикиро баррасӣ кунад, ки мусибатҳои даврони Шӯравиро навишта бошад. Мо надорем. Надорем. Агар дошта бошем, ба ман гӯед. Мутаассифона ман ҳам дур ҳастам. Ман ҳам наметавонам ҳар китоберо, ки дар Тоҷикистон ё дар Осиёи Миёна, байни дигар ҳамтаборон ба чоп мерасад, бихонам. Ин вазифаи Иттиҳодияи нависандагон аст. Ин вазифаи расонаҳо ҳаст, ки аз Иттиҳодияи нависандагон бипурсанд, ки оё ин вазифаи як фард ҳаст ё вазифаи кулли Иттиҳодия? Ман дар ҳоле ки узви ин Иттиҳодия нестам, аммо бовар кунед дар ин 20 соле, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарам, фаъолиятеро бояд анҷом диҳам, ки дар асл Иттиҳодияи нависандагон бояд анҷом диҳад."
Мо ҳанӯз дар мактабҳо адабиёти муосир дарс медиҳем ва сардафтари онро Садриддин Айнӣ медонем. Дар ҳоле ки қарни Садриддин Айнӣ тамом шудааст.
“БОЯД ОЗОДИИ ФИКРӢ, ОЗОДИИ ЗЕҲНӢ ДИҲЕМ”
Радиои Озодӣ: “То ин сохтори амиқи ҷомеа барпост, ҳеч унсури мудерн сари пой нахоҳад истод. То касоне мисли ту бедор нашаванд, тағйире ба вуҷуд нахоҳад омад!!!” Ин иқтибос аз “Замини модарон” аст. Аз суҳбатҳои шумо ба назар мерасад, бедорӣ ҳанӯз нарасида ва тағйироте нашуда?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Бубинед, дақиқан дар он ҷо вақте Моҳтоб бармегардад ва ҳофизаи худро пайдо мекунад, ба мактаб бармегардад ва ба кӯдакон ёд медиҳад, ки як нафар тағйир эҷод карда метавонад. Ҳамон тавр, ки тасмими имрӯзи моро як нафар куллан дигаргун кард ва ин пояи демократия ҳаст. Як нафар, бале, метавонад тағйир эҷод кунад. Як нафар метавонад садои миллатро ба ҷаҳон расонад. "Замини модарон" тавонист, дигарон ҳам метавонанд. Ман мутмаин ҳастам, ки агар мо огоҳона ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта бошем, дар 10-20 соли оянда, 30 соли оянда садҳо Шаҳзода хоҳем дошт, садҳо Садриддин Айнӣ хоҳем дошт. Барои мисол, ҳанӯз мо дар мактабҳо адабиёти муосир дарс медиҳем ва сардафтари онро Садриддин Айнӣ медонем. Дар ҳоле ки қарни Садриддин Айнӣ тамом шудааст. Мо дар асри ҷадид ба сар мебарем ва ин ҳарфҳо дар адабиёт ба ҳар ҳол бояд баён шавад. Ман тамоми талошам бар ин ҳаст, ки адабиёте тавлид кунам, ки хориҷ аз замон бошад. Адабиёте, ки дар ҳама давронҳои ҷадид бо насли ояндаи тоҷик ва ҷаҳон дар иртибот бошад ва аз фазои мо гӯяд ва аз чолишҳои мо гӯяд."
"МО ҲАНӮЗ АДАБИЁТРО ҶИДДӢ НАГИРИФТЕМ"
Радиои Озодӣ: Ва дар охир. Дар Тоҷикистон шоириву нависандигиро сарчашмаи зиндагӣ кардану даромад гирифтан намедонанд. Аз таҷрибаи худатон бигӯед, ки бо нависандагӣ дар Аврупо ё дар Амрико зиндагӣ кардан мумкин аст?
Шаҳзодаи Самарқандӣ: "Бисёр-бисёр кори душвор аст, магар ин ки нависанда вориди бозори ҳангуфти китоб шавад. Мо бояд нависандагонро озодии фикрӣ, озодии зеҳнӣ диҳем. Ман ҳам бояд даромади рӯзонаи худро касб кунам. Ман ҳам бояд вақт ҷудо кунам барои адабиёт ва ман ҳам аз ҳисоби фардӣ ва шахсии худ ин корҳоро анҷом медиҳам. Ҳамон тавр, ки дар дохили кишвар, мутаассифона, шоирон ва нависандагони мо анҷом медиҳанд. Мо аз тоҷирони бетарафе кумак ниёз дорем, ки танҳо ба хотири миллат ва қавӣ шудани садои адабиёт кумак кунанд ва ҳамон гуна, ки барои баргузории арӯсиҳо ва намедонам ҳар маросиме кумак мекунанд. Як мисол, вақте дар Амрико будам, се тоҷик дар Бруклин, дар Ню-Йорк аз олам гузаштанд ва ҳеч нафареро надоштанд. Тамоми миллат ҳазинаҳои ҳангуфте ҷамъ оварданд ва ҷасади ин муҳоҷиронро ба кишвари худашон, ба зодгоҳашон баргардонданд. Аммо оё мо ҳамин ҳамфикриро, ҳамин ҳамдилиро дар бораи адабиёт дорем? Надорем. Адабиётро мо ҳанӯз ҷиддӣ нагирифтем. Ҳамчунон бояд дигарҳо, беруниҳо биёянд адабиёти моро ҷиддӣ бигиранд ва то мо ба худамон баргардем ва худамонро ҷиддӣ бигирем. Адабиёт арсаи муқовимат аст, мухолифат нест. Мо мухолифи ҳамдигар нестем, мо садои ҳамдигар ҳастем."
Навори суҳбат дар Ютуб: