Шаҳрдори Ню-Йоркро ба ҷиноят гумонбар медонанд

Эрик Адамс

Нашрияи "The New York Times" бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки бори аввал дар таърихи ин кишвар шаҳрдори Ню-Йорк Эрик Адамс дар содир кардани ҷиноят гумонбар эълон мешавад.

Ҳанӯз дар бораи иттиҳомҳои зидди Адамс хабаре нашр нашудааст, вале як соли охир додситонии федеролии Ню-Йорк алайҳи чандин мушовир ва ёвари шаҳрдор, инчунин, муовини ӯ дар масоили амниятӣ таҳқиқе ба роҳ мондааст.

Чанде пеш раиси полиси шаҳр ва мудири мактабҳои Ню-Йорк аз мақомашон истеъфо доданд.

Матбуоти шаҳр бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки додситони федеролии Ню-Йорк манбаъҳои маблағгузории маъракаи интихоботии Адамсро, ки соли 2021 пешбарӣ шудааст, таҳқиқ мекунад.

Дар бораи таваҷҷӯҳи мақомоти тафтишотӣ ба Адамс тирамоҳи соли гузашта маълум шуд, вақте Бюрои федеролии тафтишот баъди як маъракаи ҷамъиятӣ аз дасти шаҳрдор смартфон ва планшеташро мусодира кард.

Эрик Адамс дар таърихи Ню-Йорк раиси дуюми сиёҳпӯст аст ва дар гузашта дар мақоми раиси полис ҳам кор кардааст.

Худи ӯ дар як муроҷиати видеоӣ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, ҳар иттиҳоме, ки нисбат ба ӯ нашр хоҳад шуд, “комилан дурӯғ” аст. Вай афзуд, ҳимояташ аз манфиатҳои сокинони шаҳр боиси таъқиби ҷиноӣ алайҳи ӯ шудааст. Адамс ишора кард, ки ба истеъфо рафтанӣ нест.