Шаҳло Ҳафизова, сокини 18-солаи ноҳияи Рашт, тобистони имсол, вақте дар дараи Камароб бо хоҳиши кормандони “Телевизиони Тоҷикистон” ҳаваскорона таронаи мардумиро месуруд, тасаввур намекард, ки ин тарона роҳи ӯро ба саҳнаи бузургтар аз Дараи Камароб боз мекунад. Шаҳло бо даъвати президенти Тоҷикистон ба Душанбе омад ва дар дастаи ҳунармандони касбӣ тарона хонд. Ӯ ҳоло соҳиби имкони нодире шудааст, ки шояд бисёре аз овозхонҳо онро орзу мекунанд.
- Президенти Тоҷикистон ҳамасола ба минтақаҳои кишвар сафар мекунад ва ин сафарҳо барои баъзе ҷавонон, ки дар ҳузури президент суруд ё шеър мехонанд, сарнавиштсоз мешавад.
Президент гуфт, ки "дар куҷо дохил шудан мехоҳӣ?" Гуфтам, Донишгоҳи тиббӣ. Гуфт, "он ҷо ҳам, Худо хоҳад, мехонӣ, вале сурудхониатро напарто"
Шаҳло Ҳафизова рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тобистони имсол хабарнигорони телевизион тасодуфан ӯро аз кӯча пайдо ва бо ризоияти волидон ба сабти бозхонии суруди мардумии "Имрӯз, ки соқии чаман наргиси маст аст..." моил карданд. Ҳафизова гуфт, қаблан ин сурудро дар чорабиниҳои мактабӣ месуруд, аммо дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе ин таронаро дар Душанбе ва дар назди раҳбари аввали кишвар иҷро мекунад.
Ӯ мегӯяд, ҳанӯз чанд моҳ пеш барояш гуфтанд, ки сурудаш ба раҳбари давлат писанд омад, вале то 10-уми ноябр ба ин бовар надошт.
Рӯзи 10-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҳунари Шаҳло ситоиш кард ва бо ин имконияти тиллоии рушду зиндагӣ дар пойтахтро барои ӯ фароҳам сохт. Таваҷҷӯҳи президент ба як нафари алоҳида дар Тоҷикистон ба маъноест, ки ин нафар аз ин ба баъд мавриди эҳтироми қариб тамоми мақомот қарор мегирад ва ҳама мекӯшанд ӯро аз кумакҳои худ бархурдор кунанд.
Духтаре аз “Дараи Камароб”
Шаҳло хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 1-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аст, вале аллакай дар Душанбе ҷойи кор дорад. Бо дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои кор дар дастаи ҳунарии “Сипар”-и ВКД Тоҷикистон ҷалб шудааст.
"Вақте дар саҳна будам ва ҷаноб маро фарёд кард, ки “духтарҷон, пештар биё” ҳеҷ боварам наомад, ки маро мегӯяд. Президент дар Рӯзи милитсия гуфт, ки "куҷо дохил шудан мехоҳӣ?" Гуфтам, Донишгоҳи тиббӣ. Гуфт, "он ҷо ҳам, Худо хоҳад, мехонӣ, вале сурудхониатро напарто", - нақл кард ӯ.
Шаҳло мегӯяд, то хатми мактаби миёна чанд моҳи дигар мондааст ва баъдан бо дархости президент барои таҳсилу зиндагӣ ба Душанбе меравад: “Президент ваъда карданд, ки кумак мекунанд. Ҳоло барои кор дар дастаи “Сипар” зуд-зуд ба Душанбе рафта меоям. Ба ҳадде хушбахтам, ки ҳеҷ интизор надоштам.”
“Назаркардаҳо”
Нафароне ба мисли Шаҳло Ҳафизова, ки мавриди назари президент қарор мегиранд, маъмулан, солҳо аз ин таваҷҷӯҳ истифода мекунанд. Таваҷҷӯҳи президентро ба ҷавонони боистеъдод дар минтақаҳои дур аз пойтахт ҷонибдорони президент "гавҳаршиносӣ", вале мунтақидонаш "таблиғоти сиёсӣ барои касби маҳбубияти бештар" унвон мекунанд.
Теъдоди онҳое, ки пас аз мулоқот бо президент донишҷӯ ва ё соҳиби мансаб шудаанд, зиёд аст. Дар ҷомеа ҳам онҳоро ба навъе "назаркардаи президент" меноманд.
Таҳмина Ҳасан, муҳаррири шинохтаи телевизиони “Сафина” аз ҷумлаи онҳост. Сарнавишти Таҳмина ҳам дар соли 2004 баъд аз як суханронӣ дар назди раиси ҷумҳур, ба гуфтаи худаш, ба самти мусбат тағйир ёфт. Ӯ донишҷӯ шуд ва ҳоло муаллифи чандин барномаҳо дар телевизиони "Сафина" аст. Дар як мулоқоташ бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ӯ Таҳминаро аз майдони пахта пайдо ва ба илмомӯзӣ роҳнамоӣ кард ва ҳоло ӯро чун як рӯзноманигори варзидаи тоҷик мешиносанд.
Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик дар Олимпиадаи Лондон-2012 медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ низ аз алоқа ва пуштибонии президент бархӯрдор буд.
"Ҳам президент ва ҳам дигарон намехостанд, ки шавҳар кунам. Баъдан, вақте як толори варзиширо боз мекарданд, аз ман пурсид, ки "нақшаҳои ояндааат чӣ аст?" Гуфтам, агар иҷозат диҳед ва дуо диҳед, ман ба шавҳар бароям. Гуфт, "розӣ ҳастам, вале аз варзиш нарав". Соли 2012, вақте медал гирифта омадам, гуфтанд, ки "хуб мешавад карйера кунӣ", - нақл кард ӯ.
"Дар 11 рӯз оиладор карданд"
Саидшоҳ Асроров, як омӯзгори 25-сола аз ноҳияи Кушониён (Бохтари собиқ) дар ҳоле дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор гирифт, ки дар моҳи августи соли гузашта бо шеъре президентро ситоиш кард. Дастури издивоҷи ин муаллими муҷаррад дар ҳамон мулоқот содир шуд ва мақомоти ноҳия ӯро дар муддати 11 рӯзи баъди ин мулоқот оиладор карданд.
Саидшоҳ Асроров мегӯяд, мақомот на танҳо дар маросими арӯсиаш кӯмак карданд, балки барои бунёди манзили зист замин ҳам доданд. Ҳоло ӯро дар ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён ба кор гирифтаанд. Маъмулан, кор дар Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон роҳро барои боло рафтан дар зинаи мансаб боз мекунад.
“Президент писанд кард, ба ҳама писанд мешавад”
Хуршеди Атовулло, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, танҳо васфи президент аз тариқи телевизион кифоя ҳаст, ки бисёре аз дарҳо бар рӯи “назаркарда” боз шавад. Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, ин афрод дар маҳали зист ва ҷойи кору таҳсил аз эҳтироми вижа бархӯрдор мешаванд.
“Агар донишҷӯ шаванд, устодон то анҷоми таҳсил боэҳтиёт бо ӯ муносибат мекунанд. Аз худи он одам ҳам вобаста аст, ки то куҷо ин шонсро дуруст истифода мебарад. Ҷое корафтода шуд, кораш амалӣ мешавад. Чун мансабдорон метарсанд, ки агар гап ба президент расад, ки одами мавриди таваҷҷӯҳи онҳо аз мансабдоре шикоят дорад, хуб намешавад”, - гуфт ӯ.
Тоҷикистон кишвари ҷавон аст ва бахши умдаи аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аммо на ҳама метавонад ба раиси ҷумҳур мулоқот кунанд ва дар як шаб ситора шаванд ё имкони тиллоӣ ба даст биёранд.
Мулоқоти минтақавӣ бо раиси ҷумҳур маъмулан таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ баргузор мешавад ва ба он баргузидаҳо роҳ меёбанд.