Шаҳло Акобирова раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова, раиси тозаинтихоби Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, гуфт, ки тарафдори ҳарчи бештари озодии расонаҳо дар кишвар аст. Ӯ гуфт, “ин далел собит шудааст, ки як зина поин рафтани мизони озодии баён ба 5 дарсад боло рафтани фасод баробар аст”. Акобирова рӯзи 2-юми декабр раҳбари нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин мақом Хуршеди Атовуллоро иваз кард. Хуршеди Атовулло тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмонро бар дӯш дошт.

Ӯ гуфт, зӯри молии ин созмон барои назорати тақрибан 50 расонае, ки меъёрҳои ахлоқиро қабул кардаанд, намерасад.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад. Дар гузашта ба ин созмон Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода ва Нуриддин Қаршибоев низ раҳбарӣ кардаанд.

Шаҳло Акобирова дар суханронии баъди интихоб шуданаш дар шаҳри Душанбе гуфт, аз он нигарон аст, ки журналистикаи тоҷик аз чанд ҷиҳат аз равандҳо ё трендҳои кори хабарнигорӣ дар ҷаҳон канор мондааст. Ӯ гуфт, "ҳамин майдони хубе, ки журналистикаи тоҷик дорад, на барои касеро сиёҳу бадном кардан ва паст задани озодии баён истифода шавад. Бояд як майдони созанда бошад."

Хуршеди Атовулло

То замони интихоби раҳбари нав, ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО баргузор шуд ва таҳияву қабули тавсияҳо ба хотири риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи аз масъалаҳои мавриди баҳс буд. Хуршеди Атовулло, раҳбари, инак, собиқи Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон гуфт, дар тӯли ду соли гузашта натанҳо аз журналистон, балки аз мақомҳои додгоҳӣ низ шикоят гирифтанд. Ба қавли ӯ, мақомоти додгоҳ аз он шикоят кардаанд, ки баъзе журналистон ҳангоми таҳияи матлаб ба пешдоварӣ роҳ дода, ба иззати нафси ин ё он мақомдор расидаанд. Вай гуфт, «Шӯро тамоми шикояту баҳсҳоро аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дод ва кор то ба додгоҳ кашида нашуд.»

Журналисти мустақил Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ҳарчанд Шӯрои ВАО дар ҳафт соли фаъолияти худ корҳои хубе анҷом дод, ҳанӯз аз ҷиҳати молӣ мушкил дорад ва дасташ барои корҳои зиёд кӯтаҳӣ мекунад. Ӯ гуфт, зӯри молии ин созмон барои назорати тақрибан 50 расонае, ки меъёрҳои ахлоқиро қабул кардаанд, намерасад.

Қироншоҳ Шарифзода

Созмонҳои байналмилалии озодии баён мегӯянд, дар Тоҷикистон баъди як қатор таҳаввулоти сиёсӣ, назири интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2015, ошӯби сентябри ҳамон сол ва баста шудани ҲНИТ фазои сиёсӣ тағйир ёфт. Таҳлилгарон қабули қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ"-ро дар соли 2016 низ як омили дигари таъсиргузор болои ҳавои сиёсии кишвар меноманд.

Дар соли 2016 бо сабабҳои мухталиф чаҳор нашрия, аз ҷумла ду расонаи мустақил баста шуд ва бархе журналистон гуфтанд, дигар дар фазои маҳдудшавии озодиҳои сиёсиву касбӣ ва ҳам дахолати сохторҳои давлатӣ кори худро озодона пеш бурда наметавонанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 312 матбаа, 376 рӯзнома, 319 маҷалла, тақрибан даҳ оҷонсии хабарӣ ва 71 нашриёт фаъолият мекунанд. Аксари нашрияҳо, матбаа ва расонаҳо ба гуфтаи мақомот хусусӣ ҳастанд. Аммо 10 телевизион, 110 нашрия, 7 радио ва як оҷонси хабарӣ (АМИТ Ховар) бо пули буҷет фаъолият мекунанд.