Рӯзи 9 июн дар мурофиаипарвандаи латукӯби сарбози нерӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев дар гарнизони ҳарбии Душанбе шоҳиди асосӣ гуфт, онҷо на гуштӣ, балки латтукӯб буд.
Шоҳиди асосии маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев, сарбози воҳиди марзбонии Тоҷикистон мавриди латтукӯб шудани ӯ аз сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратовро тасдиқ кард. Ҷавлон Ёриев, сарбози воҳиди низомии марзбонӣ рӯзи душанбеи 9 июн зимни шоҳидӣ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки Шаҳбол Мирзоев, тавассути Усмоналӣ Ғайратовро лату куб шудааст.
Ин сарбоз гуфт, "бегоҳии он ҳодиса вай ҳамроҳи Усмоналӣ Ғайратов дар утоқи тиббии қисми низомӣ будааст ва чун Усмоналт аз панҷара Шаҳболро дидааст ӯро ба дохил фарёд кардааст."
Ба гуфтаи Ҷавлон Ёриев, ҳангоме, ки Шаҳбол вориди утоқи тиббӣ шуд, Усмоналӣ ба ӯ гуфтааст, ки ҳар ду бари рӯяшро чун пуфак дам кунад ва ҳамин ҳангом як шапотиаш зада, гуфтааст, ки биё, гуштӣ гмрем, аммо Шаҳбол ин даъватро рад кардааст.
Сарбоз Ёриев мегӯяд, "чун Шаҳбол ин даъватро рад кард, Усмоналӣ ӯро бардошта ва ба замин зад ва баъдан ба шикамаш як лагад низ фаровард". Ин сарбоз гуфт, Шаҳбол дар ин ҳангом беҳуш шуда ва Қосим Бобоназаров, сарбози дигар об оварда ва ба рӯи ӯ пошидааст. Пасон Манучеҳр Файзуллоев, фелдшери дигар аз ин воқеа огоҳ шуда, омада ва Шаҳболро ба утоқи дигар бурдааст.
Дар робита ба он, ки сарбозон чаро қисми навбатдории қисми низомиро аз қазия огоҳ накардаанд? Чунин посух дод: «Дар нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ телефон ҳаст, аммо он хуб кор намекунад. Аз он тараф тамос гирифта мешавад, аммо аз ҷониби мо занг зада намешуд.»
Пас аз пурсиши шоҳиди дуюм, ки шоҳиди асосӣ номида мешавад, додраси додгоҳи низомии шаҳри Душанбе мурофиаи баъдиро ба таърихи 11 июн таъин кард.
Усмоналӣ гуноҳашро "қисман" ба гардан гирифт
Мурофиаи додгоҳии парвандаи латукӯби сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шаҳбол Мирзоев дар гарнизони ҳарбии Душанбе, ки рӯзи 2 июн оғоз ёфта, имрӯз, 9 июн давом кард.
Рӯзи 9 июн гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев гуноҳи худро дар додгоҳ қисман ба гарданд гирифт.
Дар курсии айборӣ ду нафар – фелдшер Усмоналӣ Ғайратов ва раҳбари бахши тиббии қисми низомӣ Гулрафтор Ширинова нишастаанд.
Дар мурофиаи қабл аз зуҳри рӯзи 9 июн Фаррухи Сафаралӣ - фелдшери қисми марзбонӣ ва ҳамзамон сарбози ҳамин қисми низомӣ ба пурсишҳо посух дод.
Фаррухи Сафаралӣ гуфтааст, ки ӯ дақиқан надид, ки ҳодиса чӣ гуна рух додааст, аммо иқрор кард, ки рӯзи 6-уми март соати 7 ба 8 бегоҳ ҳини шустани коса ва табақ садои доду вой ба гӯшаш расид ва баъд аз ним соат ба берун рафта Шаҳболро дар рӯи замин ва Усмоналӣ Ғайратовро дар наздаш дидааст.
Ба нақли Фаррухи Сафаралӣ он замон Шаҳбол гиря мекард ва раҳбари бахши тиббии қисм, ки мебоист дар ҷои кор мебуд, дар қисми ҳарбӣ ҳузур надошт. Фаррухи Сафаралӣ дар идома гуфтааст, ки Усмоналӣ Ғайратов аз ӯ тақозо кард, ки дастҳои Шаҳболро массаж (молиш) диҳад ва ҳамчунон рафта дору ва сӯзан биёварад. Ӯ гуфт, натавонист сузану дору биёварад, чун дари бемористон баста буд.
Ба гуфтаи Фаррухи Сафаралӣ пас аз ин ӯ ба ҳуҷрааш рафт то бихобад. Ҳудудан соати чаҳори субҳ Усмоналӣ Ғайратов дубора ба ӯ муроҷиат кардааст, ки дасту пойи Шаҳболро массаж кунад. Фаррухи Сафаралӣ ҳамчунин иқрор кардааст, ки онҳо раҳбарони қисмро аз ин ҳодиса огоҳ накарданд.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Мақомоти ин қисми низомӣ латукӯб ё бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев аз сӯи ҳамхидматонашро рад карда, мегуфтанд, ки Усмоналӣ Ғайратов бо Шаҳбол ... гуштӣ гирифтааст.
Аммо Шаҳбол Мирзоев баъдан ба хабарнигорон қисса кард, ки ҳатто баъди шикастани гарданашро ӯро як шабонарӯз дар дохили бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, ба бемористон нарасондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ӯро танҳо баъди онки қасам хӯрдааст, ки сирри ин моҷароро ҳеҷ гоҳ фош нахоҳад кард, ба бемористон бурдаанд.
Алайҳи Ғайратов ҳанӯз рӯзи 14 март бар асоси қисми дуюми моддаи 373-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби додситонии низомии гарнизони Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро рӯзи 28 апрел барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд.
Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав анҷом шуд. Баъди 2 ҳафта, рӯзи 18 май падараш Шаҳболро ба Хуҷанд овард ва ӯ аз он замон то имрӯз дар бемористони Хуҷанд шушҳояшро табобат мекунад.