Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Шаҳбол кумак кунед! Тақозои ҳомиёни ҳуқуқ аз генерал Раҳмоналӣ


Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ба зӯровариву озор дар қисмҳои низомии марзбонӣ поён дода, масъулияти табобати Шаҳбол Мирзоевро билохира бар ӯҳда бигирад.

Як гурӯҳи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа дар як номаи саркушода аз фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хостаанд, ба "дедовшина" ва озору шиканҷа дар қисмҳои ҳарбии ин ниҳод хотима дода, ба қурбониёни бадрафториҳо, бахусус ба Шаҳбол Мирзоев кумак кунанд.

Дар мактуби кушодаи гурӯҳи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Полшаву Белгия, ба фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ки рӯзи 29-уми май нашр ва дастраси расонаҳои хабарӣ шуд омадааст, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд барҳам дода шавад.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз ҷумла «Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон», «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир», « Маркази ҳуқуқи кӯдак Фонди ҷамъиятии «Нотабене», «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Қазоқистон», Оҷонсии маълумоти ҳуқуқӣ ва таҳқиқоти журналистии «Витяз», « Анҷумани шахсони ҳуқуқии «Иттифоқи марказҳои буҳронӣ», Иттиҳодияи ҷамъиятии «Аруана» дар номаи худ бо таассуф зикр кардаанд, дар давоми якчанд моҳи охир ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ («дедовшина»), ҳамчунин истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ нисбат ба сарбозони Қушунҳои сарҳадӣ афзудаанд.

Онҳо зикр кардаанд, ки аз 4 ҳолати мушобеҳ огоҳ шудаанд, ки дар давоми соли 2014 ба амал омаданд.

«Аз ин шумор дар 3 ҳолат ҷабрдидагон фавтиданд. Ин қазияҳои фоҷиаомез нигаронии амиқро аз тақдири наваскарон ба вуҷуд меоранд. Яке аз ҷабрдидагони чунин муносибатҳои ғайриоинномавӣ Шаҳбол Мирзоеви 22-сола мебошад, ки дар моҳи октябри соли 2013 пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтааст», зикр шудааст дар номаи кушоди созмонҳои дифоъи ҳуқуқи инсон.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бо назардошти бадрафториҳо дар суфуи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз фармондеҳи Сарраёсати сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ даъват ба амал овардаанд, ки шароити зарурӣ барои хизмати бидуни тарс аз зӯроварию таҳқир шудан фароҳам оварда шавад.

Дуввум дархости ин созмонҳо ин аст, ки «барои таъмини ҷуброни кофӣ ба Шаҳбол Мирзоев ва дигар ҷабрдидагони муносибатҳои ғайриоинномавӣ барои барқарорсозии саломатӣ ва офиятбахшии минбаъда мусоидат карда шавад.»

Дархости севуми созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ин фароҳам овардани шароит барои боздиди ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон аз қисмҳои ҳарбӣ аст.

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар қисмҳои ҳарбии марбут ба қушунҳои сарҳадӣ ба гуфтаи ин созмонҳо 4 ҳолати шиканҷаву зӯроварӣ рух додаст. Аз ҷумла Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд. Наздикони Шаҳбол гуфтанд, ки мақомот ҳеҷ кӯмаке барои табобати сарбози худ накарданд ва ҳамаи хароҷоти табобат дар маскав аз ҳисоби наздикон ва шахсони алоҳида будааст. Ҳоло баъд аз ҷарроҳӣ Шаҳбол дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Ҳодисаи дигар марги мармузи сарбози нерӯҳои марзбонӣ Акмал Давлатов аст, ки дар қисми ҳарбӣ ба ҳалокат расид. Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва сарбози қисми ҳарбии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки 6 моҳ қабл тариқи «облава» ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, дар қисми ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст ва масъулони қисми ҳарбӣ сабаби марги сарбозро руст кардани нон дар гулӯяш шарҳ дода буданд. Аммо баъдан додситони Хуҷанд зимни тафтиш муайян кардаанд, ки ин сарбоз на аз руст кардани нон дар гулӯяш, балки «бар асари латту кӯби як сержанти хурди қисми ҳарбӣ» ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG