Шаҳбол Мирзоевро ба Тоҷикистон оварданд (ВИДЕО)

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик, ки дар Маскав ҷарроҳӣ шуда буд, бомдоди рӯзи якшанбе тариқи ҳавопаймои ширкати "Тоҷикэйр" ба шаҳри Хуҷанд расид.
Субҳи 18 - уми май, тахминан соати 6 Шаҳболро як гурӯҳ наздиконаш дар фурудгоҳи Хуҷанд пешвоз гирифтанд ва аз фурудгоҳ ба бемористони вилоятӣ интиқол доданд. Шаҳболро дар ин сафар аз Маскав ба Тоҷикистон падар ва бародараш ҳамроҳӣ мекарданд.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол гуфт, ки сафари онҳо аз Маскави Русия ба Хуҷанд бидуни мушкили ҷиддӣ сурат гирифт . Вай афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия барои гусел ёрӣ расонд ва мақомоти консулгарӣ ба фурудгоҳ барои гусел омада буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳболро аз Маскав ба Хуҷанд оварданд



Нӯъмон Мирзоев гуфт, вазъи саломатии писараш умедворкунанда аст, вале табибон гуфтаанд - раванди табобат тӯлонӣ хоҳад буд ва шояд аз шаш моҳ то як солро дар бар бигирад. Баъди ҷарроҳӣ гардани Шаҳбол фаъол шудаву дастону пойҳояшро ҳис мекунад. Вай гуфт, дар Маскав чандин тан аз маризонро ба ҳамин шакли бемории Шаҳбол дидааст, ки дар ҳамин беморхона ҷарроҳӣ шуда, ба роҳгардиву ҳаракат даромадаанд ва Худо хоҳад, Шаҳбол ҳам ба по мехезад.

Вале ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш гирифтор шудани Шаҳбол бар асари ҳудуди 1 моҳ бо гардани маъюб ноҷунбон бистарӣ буданаш, ки табибони русро ба ҷарроҳии дуюми вай водор кардааст, сиҳатии ӯро хароб кардааст. Нӯъмон Мирзоев гуфт, ҳоло орзуи ягонааш ба по хезондани фарзандаш аст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон гуфт, ки роҳкирои сафари Шаҳбол, падар барода ва табибаш, ҳамчунин харҷи интиқол ба фурудгоҳ ва хадамоти дигари тиббӣ дар фурудгоҳро сафорат пардохт кардааст. Ӯ афзуд, ҳамчунин қабл аз парвоз, сафорат як миқдор кӯмаки дигар ба худи Шаҳбол кардааст, то имконият дошта бошад дар Хуҷанд дар марҳилаи аввал табобаташро ба роҳ монад."


Нӯъмон Мирзоев гуфт, ки вазъи саломатии писараш умедворкунанда аст ва ба гуфтаи ӯ, раванди табобат тӯлонӣ хоҳад буд ва шояд аз шаш моҳ то як солро дар бар бигирад. Баъди ҷарроҳӣ гардани Шаҳбол комилан дуруст аст ва ҳис мекунад ва дастҳо қувват пайдо кардаанд. Вай гуфт, ки дар Маскав чандин тан аз маризонро ба ҳамин шакли бемории Шаҳбол дидааст, ки дар ҳамин беморхона ҷарроҳӣ шуда ва ҳоло роҳ мегарданду ҳаракат мекунанд ва Худо хоста бошад Шаҳбол ҳам сари по мехезад. Нӯъмон Мирзоев гуфт, ки орзуи ягонааш ба по хезондани фарзандаш аст.

Вай бори дигар таъкид кард, ки аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки писараш дар он адои хизмат мекард, ҳеҷ кӯмаке дарёфт накарда ва тамоми харҷи бемористон аз ҳисоби худи онҳо будааст.

Нӯъмон Мирзоев ин хабарҳоро, ки гӯё табибон Шаҳболро бинобар нарасидани маблағ аз бемористон мураххас кардаанд, радд кард ва гуфт, ки амалиётҳои ҷарроҳӣ анҷом шудаанд ва танҳо давраи барқарорсозӣ боқӣ мондааст, ки ба гуфтаи табибон, ниёз ба мондан дар беморхона набудааст. Ба гуфтаи ӯ, раванди барқарорсозӣ бояд дар як шаҳри дигар сурат мегирифт ва ба шаҳри Ижевски Удмуртистон билет ҳам гирифта буданд, вале пас аз муқоиса мушаххас карданд, ки байни ин шаҳр ва Хуҷанд фарқе набудааст ва бинобар ҳамин афзал шумориданд, ки ба ватан баргарданд ва муолиҷаро дар инҷо идома бидиҳанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон рӯзи гузашта дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, масъулини хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон бо мақомоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр», ки шоми имрӯз бо хатсайри Маскав-Хуҷанд парвоз дорад, мулоқотҳо доштанд ва мувофиқа шуд, ки барои бурдани Шаҳбол дар дохили долони ҳавопаймо як ҷои махсусро дуруст кунанд ва имрӯз мо бо онҳо дар бораи бурдани Шаҳбол аз беморхона то фурудгоҳ маслиҳат кардем, зеро ин масъалаҳо дар салоҳияти як маркази тиббии худи фурудгоҳи Домодедово ҳаст, ки бояд дар наздики даромадгоҳи ин фурудгоҳ беморро истиқбол кунанд, худашон то замони парвоз онҷо баранд ва омода кунанд.

Сухангӯи сафорат дар идома гуфта буд, ки қарор аст имшаб консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба фурудгоҳ бираванд ва то замони парвоз дар онҷо бошанд ва масоили ҳуҷҷатгузории Шаҳболро тавассути сарҳади давлатии Русия ки ӯ бояд убур кунад, ки бо мақомоти он кишвар мувофиқа шудааст, ҳал намояд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Ҳисоби бонкӣ барои кумак ба Шаҳбол

Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд.

Онҳое ки мехоҳанд ба Шаҳбол кумак кунанд, тарзи расондани кумакро метавонанд аз инҷо бубинанд:

http://www.ozodi.org/content/how-you-can-help-the-injured-soldier-shahbol-mirzoev/25354184.html