Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ Умед Бобоматов рӯзи 7 май аз сарбози маъюбшудаи нирӯҳои марзбониии Тоҷикистон Шаҳбол Мирзоев дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав аёдат кард. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, Шаҳбол баъди ҷарроҳӣ худро хуб ҳис мекунад.
Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 8 март бар асари бадрафтории ҳамхидматон гарданаш шикаст, рӯзи 5 май дар беморхонаи ба номи А.А. Вишневскийи вазорати мудофиаи Федератсияи Русия тайи 5 соат ҷарроҳӣ шуд.
Ба хабарнигори Озодӣ муяссар шуд, то бо табиби Шаҳбол – сарҳанги хадамоти тиббии артиши Русия Иван Иванов низ мусоҳибае доир кунад.
Озодӣ: Иван Иванович, ҷарроҳии Шаҳбол чигуна гузашт?
Иванов: Ҷарроҳӣ тавре мо мехостем, анҷом шуд. Мо тавонистем як ҳалқаи шикастаи сутунмӯҳраи Шаҳболро бигирем ва ба ҷояш ҳалқаи сунъӣ шинонем. Ҷарроҳӣ беш аз 5 соат идома кард. Ҳама чиз хуб аст ва, Худоро шукр, ки алакай дар рӯзи дувуми баъд аз ҷарроҳӣ вай метавонад нишинад, дасташро ҳам озодона ба ҳаракат дарорад. Албатта, барои пурра барқарор кардани ҳаракати аъзои бадани Шаҳбол тай кардани тамоми давраҳои табобат ва баъдан марҳалаи эҳё зарур аст.
Озодӣ: Имкони пурра сиҳат ёфтану ба пои худ рост шудани Шаҳбол чӣ қадар аст?
Иванов: Бояд бигӯям, ки ҷароҳат хеле вазнин аст, хеле… Мӯҳраҳои сутунмӯҳраи Шаҳбол пора-пора шудааст. Ин ҳамаро маҷбур шудем, ки берун бикашем. Ҳароммағз низ сахт зарб зӯрдааст. Аз ин рӯ ягон замонат додан ҳанӯз бармаҳал аст. Вале инки пойҳояш ҳаракат мекунанд, умед медиҳад, ки саломатияш барқарор мешавад. Вале ин вақт талаб мекунад. Аз ҷумла муддати тӯлоние барои тай кардани марҳалаи эҳё (реабилитатсия) зарур аст.
Озодӣ: Қадами баъдӣ чӣ аст? Оё Шаҳбол ба ягон ҷарроҳии дигар ҳам ниёз дорад?
Иванов: Аз ҳама асосӣ, ҷарроҳии сутунмӯҳра буд, ки гузашт. Дигар ба кори ҷарроҳон ниёз нест. Тавре ба ман гуфтанд, табибон дар Тоҷикистон ба падари Шаҳбол гуфтаанд, ки танҳо як диск (мӯҳра)-и сутунмӯҳраи ӯ шикастааст. Вале дар асл 3 мӯҳрааш шикастааст. Мо ин мӯҳраҳои шикастаро гирифтем, ба ҷояш диски сунъӣ мондем ва бо шруп маҳкам кардем, то сутунмӯҳраро нигоҳ бидорад. Аммо бо сабаби бо фишор зарб хӯрдани Шаҳбол шояд аз ноҳияи коси пушташ ҳам ҷарроҳӣ шавад, чунки ин ҷавон хеле зиёд бо пушт хоб рафтааст.
Озодӣ: Иван Иванович, агар дар артиши Русия касе ҷарроҳат бардорад, пули табобати ӯро кӣ пардохт мекунад?
Иванов: Пурра аз сӯи давлат пардохт мешавад. Дар аввал ба шахси маҷрӯҳ дар ҷои ҳодиса тамоми кӯмакҳои тиббиро мерасонанд. Агар табибони маҳаллӣ мушаххас карданд, ки сарбоз ҷароҳати вазнин бардоштааст, ӯро аз тариқи чархбол ё ҳавопаймо ва ё нақлиёти дигар ба таври таъҷилӣ дар бемористонҳои вижаи ҳарбӣ мефиристанд. Дар бемористони Вишневскийи мо алакай ҳамаи таҷҳизоти табобатиро омода кардаем. Дигар ин ки дар мо ҳамаи кӯчактарин системаи таъҷилии кӯмаки тиббӣ барои хизматчиёни ҳарбиро муҳайё кардаанд. Қонун шудаааст, ки мо ҳамаи талошҳои худро барои раҳонидани ҳаёти сарбозон равон мекунем.
Озодӣ: То чанд муддат Шаҳбол дар зери муроқибати Шумо қарор хоҳад дошт?
Иван Иванович: Имрӯз танҳо рӯзи дувуми баъди ҷарроҳист. То ҳол ягон ҳолати фавқулоддае пеш наомадааст ва агар ба ҳамин минвол идома ёбад, шояд баъд аз 12-14 рӯзи дигар мо битавонем Шаҳболро барои идомаи табобат ва реабилитатсия аз инҷо ҷавоб диҳем.
Таърихчаи қазия
Шаҳбол Мирзоев рӯзи 28 апрел барои ҷарроҳӣ ба Маскав интиқол дода шуд. Ӯ феълан дар бемористони низомии шаҳри Красногорск табобат мегирад.
Шаҳбол Мирзоев, ки ним сол пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабаона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, моҳи март дар қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш сахт маъюб шуд. Азбаски мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон табобати ӯро бар ӯҳда нагирифтанд, барои кӯмак ба ин сарбоз як ҳисоби бонкӣ таъсис доданд. Волидони ин сарбоз мегӯянд, дар ин ҳисоб ҳудуди ҳамагӣ 1700 сомонӣ ҷамъ шудааст ва онҳо барои табобати Шаҳбол чизу чора ва ҳатто хонаашон дар ноҳияи Аштро фурӯхтаанд.
Онҳое ки ҳанӯз мехоҳанд ба Шаҳбол кумак кунанд, шумораи ҳисоби бонкии ӯро метавонанд аз инҷо дарёфт кунанд:
http://www.ozodi.org/content/how-you-can-help-the-injured-soldier-shahbol-mirzoev/25354184.html