Ҷоизаи Шабнами Сурайё дар Малайзия (ВИДЕО)

​Шабнами Сурайё, сарояндаи маъруфи тоҷик, дар Куала-Лумпури Малайзия ҷоизаи “беҳтарин овозхони зан дар миёни кишварҳои форсизабон”-ро ба даст овардааст.

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, ки ҳашт моҳи қабл дар пайи сафараш ба Ҳаҷҷи умра унвони “ҳоҷӣ-бибӣ”-ро соҳиб шуда, дар саҳнаҳо низ бо рӯсарӣ ҳозир мешавад, барандаи ҷоизаи "беҳтарин овозхони зан дар миёни кишварҳои форсизабон" шудааст. Диловари Мизроб, продюсери хоҳарон - Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, рӯзи 18 март дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ин ҷоиза ҳар сол аз тарафи телевизиони “Ориёно”-и Афғонистон тақдим мешавад ва имсол онро дар бахши “сарояндагии зан” Шабнами Сурайё соҳибӣ кардааст. Ба қавли мусоҳиби мо, маросими тақдими ҷоиза охирҳои моҳи феврал дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шудааст.

Диловари Мизроб афзуд: “Дар ин маросим Тоҷикистонро фақат Шабнами Сурайё намояндагӣ кард. Дар он ҷо овозхонҳои эрониву афғонӣ, аз ҷумла Ориёно Саид, Андӣ, Мужда ва дигарон ҳузур доштанд.”

Продюсери Шабнами Сурайё мегӯяд, ин овозхони маъруфи тоҷик, ки дар миёни эрониҳо ва афғонҳо низ аз маҳбубият бархӯрдор аст, бо даъвати мухлисони форсизабонаш дар хориҷи кишвар ва барои ширкат дар барномаҳои наврӯзӣ дар Канада қарор дорад. Вай рӯзи 13 март вориди Канада шудааст ва қарор аст дар барномаҳои наврӯзии 3 шаҳри он ширкат ва ҳунарнамоӣ кунад.

Шабнами Сурайё дар Канада

Торнамои Даф Интернтейтмент ва саҳифаи фейсбукии худи овозхон аксу наворҳоеро аз фурудгоҳ ва аз ҷараёни тамрину консертҳои Шабнам дар толорҳои Канада нашр кардаанд.

Дар ин тасвирҳо Шабнам бидуни ҳиҷоб бо як шеваи озодтар зоҳир шудааст. Ҳарчанд дар ин наворҳо ҳам дида мешавад, Шабнам мисли солҳои пеш либоси боз надорад, аммо дар ҳар сурат, имиҷ ё шеваи либоспӯшиаш аз навори охирине, ки дар ҷашни Соли нав дар Душанбе сабт шудаанд, фарқ мекунад.

Дар навор ё клипи охирини худ дар Душанбе дар моҳҳои декабру январ, Шабнам бо хоҳараш Фарзонаи Хуршед бо ҳиҷоб, куртаҳои дарозу рӯсариҳои бо сангу нигинҳо ороишдода зоҳир шудаанд. Вале яке аз афроди наздик ба Шабнаму Фарзона гуфт, Фарзона баъди бозгашт аз Ҳаҷҷи умра комилан шеваи пӯшиши худро дигар кардаву ҳамеша рӯйсарӣ дорад. Аммо Шабнам, агарчӣ баъди зиёрати Ҳаҷ дигар либоси зиёд кушод ба бар намекунад, вале бидуни рӯйсарӣ ҳам мегардад.

Хоҳарон Шабнаму Фарзона имсол бо шеваи либоспӯшӣ ва Ҳаҷҷи ғайриинтизорашон дар тобистони соли 2014 дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба по карданд. Мавзӯи ҳаҷ рафтан ва либоспӯшии Шабнам ва Фарзона ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам берун аз он хеле сербаҳс буд.

Худи Шабнам дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ чанд моҳи пеш аз ин муносибати расонаҳо ва нигаронӣ карда гуфта буд, шеваи либоспӯшии худро дигар кардааст: “Таронаҳои навам дар ҳоли омодашавӣ аст ва ният дорам бо либоси пӯшида, онҳоро омода ва пешниҳоди мухлисон кунам. Ростӣ, мо ҷавон будем, намефаҳмидем, ҳоло дигар фикрам тағйир ёфтааст ва ба ин андешаам, ки либоси зан набояд бисёр урён бошад.”

Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед духтарони падарҷудои овозхони маъруф Сурайёи Қосим мебошанд. Шабнами Сурайё дар оғози солҳои 2000 баъди як издивоҷи номуваффақаш ба саҳнаи ҳунар омад ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ситораҳои аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт.