Шабнами Сурайё, овозхони тоҷик дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, матолибе, ки расонаҳо нашр мекунанд, дур аз воқеият буда, ҳадаф аз онҳо латма задан ба шахси ӯ мебошад. Вай ба муносибати ғайриҳирфаии рӯзноманигорони Тоҷикистон ишора кард ва афзуд, ҳеҷ яке бо ӯ тариқи Интернет ё телефон тамос нагирифта, дар борааш матлаб нашр кардаанд.
Қаблан, рӯзи 9 ноябр, дар шабакаи Фейсбук аксе аз Шабнами Сурайё ба нашр расид, ки вокуниши шадиди на фақат истифодабарандагон дар Тоҷикистон, балки эрониҳову афғонҳоро ҳам ба бор овард. Дар он овозхони маъруф бо рӯймол, шими ба истилоҳ «шик», ки ҷойе бо пораҳои тӯр оро дода шудааст, зоҳир шуда буд. Пойҳояш ҳам рӯи дари мошин буданд. Ин акси Шабнами Сурайё дар қиёс бо аксҳои қаблиаш аз нигоҳи Шариат беҳтар маҳсуб мешуд, агар мавсуф ҳангоми Ҳаҷи умра зиёрати Каъба намекард ва пас аз он Ҳоҷибибӣ муаррифӣ намешуд.
Вокунишҳои аксари фейсбукиён ҳам ба ин далел хашин, пур аз накӯҳишҳо буданд ва аз Шабнам даъват мекарданд, ки “аз Худо битарсад.” Дар ҳамин ҳол, ин баррасиҳо танҳо дар Фейсбук намонданд. Расонаҳои Тоҷикистон ҳам ин аксҳоро нусхабардорӣ карда, ба нашр расониданд.
Аммо Шабнами Сурайё мегӯяд, ин аксе, ки ба нашр расид, қабл аз зиёрати ҳаҷ бардошта шуда, як тавтиа алайҳи ӯ мебошад, ки аз ҷониби бадхоҳони ӯ ва бо дасти рӯзноманигорон роҳандозӣ шуд. Вай афзуд, аз расонаҳое, ки ин акс ва матлабро нашр карданд, даъват мекунад, то дар кори худ ҳирфаӣ рафтор кунанд ва қабл аз ҳама ба зиндагии шахсии инсонҳо дахолати ноҷо нанамоянд, зеро ба гуфтаи ӯ, "танҳо Худованд қазоват мекунад, ки кӣ дӯзахиву кӣ биҳиштист."
Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, бо иттифоқи хоҳараш – Фарзонаи Хуршед, низ овозхони шинохта, моҳи июл ҳаҷҷи умра карданд. Пас аз ин маросим Фарзона ба ватан баргашт, аммо Шабнам танҳо ду рӯзи қабл, 15 ноябр, ба Тоҷикистон омаду ин субҳ, ки бо Озодӣ тамос гирифт, гуфт, ки ҳамин рӯз, яъне 18 ноябр боз ба Дубай бармегардад.
Сабаби бозгашташ ба Дубайро Шабнам ба омодагиҳо ба як силсила консертҳо рабт дод, ки барои оянда тарҳрезӣ бояд шаванд. Аммо вай гуфт, Тоҷикистонро зиёд ёд мекунад, халқу президенташро дӯст медорад, оромиву суботашро мехоҳад ва ҳеҷ гоҳ дар фикри тарк кардани Ватани худ нест.
Овозхони маъруф дар ин бора, ки оё дар хориҷа ба шавҳар баромадааст ва умуман бо чӣ кор машғул аст, ки сафарҳояш ин қадар тӯл мекашанд?, сӯҳбат накард.