Талаби истирдод нашудани Шабнам ба Тоҷикистон

Як маркази ҳомии ҳуқуқи башар дар Беларус аз ҳукумати ин кишвар даъват кардааст, ки ба ҳеч сурат шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодоваро ба ватанаш истирдод накунад.

Созмони "Вясна" аз ҳукумати Беларус талаб кардааст, ки билохира сирф сиёсӣ будани қазияи Шабнам Худойдодова, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар он кишварро эътироф намуда, ӯро ба ватанаш истирдод накунад.

Ин созмон бо пахши изҳороте гуфтааст, "гуноҳи ин зан танҳо ин аст, ки дар шабакаи Фейсбук дар иртибот бо ҳаводиси ватанаш изҳори назар мекард". Ҳуқуқшиноси маркази "Вясна" Настя Лойка рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Минск гуфт: "Ман бисёр мехоҳам, ки шумори тарафдорони ин даъвати мо бештар шавад, номаву паём фиристанд ва аз ҳукуматдорон дар Минск талаб кунанд, ки ӯро ба ҳеч сурат ба Душанбе таслим накунанд. Ӯро дар Тоҷикистон муҷозоти хеле шадид интизор аст."

Моҳи июни соли 2015 мақомоти Беларус Шабнам Худойдодоваро дар қаторе боздошт карданд, ки посгоҳи марзии Брест-Восточнийро убур мекард. Сабаби боздошт – дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштани Шабнам Хуйдододова буд.

Худойдодоваро мақомоти Тоҷикистон ба унвони як узви созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" бо иттиҳоми пахши матолиби интиқодӣ дар ҳаққи ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд. Ба ҳангоми кӯшиши фирор аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки маҳалли кору зиндагии муваққатии Шабнам Худойдодова будааст, ӯ боздошт шуд.

Худойдодова мехост аз роҳи Ҷумҳурии Беларус ба яке аз кишварҳои аврупоӣ биравад, вале баъди боздошташ аз мақомоти Беларус дархости паноҳандагӣ кард. Дафъатан баъди боздошт Худойдодова аризаи худро бо дархости ҳақи паноҳандагӣ дар Беларус ба унвонии ҳукумати ин кишвар ва ҳам Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, ки дар шаҳри Минск намояндагӣ дорад, ироа кард.

Тимофей Солодков, як масъули Созмони Милалаи Муттаҳид дар Минск рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз аризаи Худойдодова дар дасти баррасист ва ҳеч тасмим дар заминаи қабул ва ё рад шудани дархости ӯ гирифта нашудааст. Солодков гуфт, дархости Худойдодова дар ихтиёри шӯъбаи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Беларус қарор дорад ва ҳанӯз қазияи ӯ натиҷагирӣ нашудааст.

Ӯ гуфт, дар сурати рад шудани дархости паноҳандагии Худойдодова, қазияи ӯ ба ихтиёри СММ мегузарад.

То имрӯз, гуфт Тимофей Солодкоф, дар баробари ҳукумати Беларус, ин созмон ҳам бо кумак ба ин шаҳрванди Тоҷикистон машғул аст ва пайваста аз ҳоли ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Брест хабар мегирад. Солодков гуфт, бо вуҷуди ин ки мақомоти Беларус аз расонаӣ кардани қазияҳои назири Худойдодова худдорӣ мекунанд, вале расидагӣ ба қазияҳо "сирф дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар" сурат мегирад.

Созмони "Гурӯҳи 24", ки муассисаш соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов мебошад, дар Тоҷикистон аз октябри соли 2014 мамнӯъ ва ғайриқонунӣ эълон шудааст. То имрӯз даҳҳо нафар бо гумони узвият ва тарафдорӣ аз ин ташаккул боздошт ва зиндонӣ шуда, ҳудудан 10 нафар дар қаламрави Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин бо дархости Тоҷикистон ба хотири истирдод боздошт ва иддае аз онҳо озод гардидаанд.

Яке аз қазияҳои пурсарусадо – истирдоди пинҳонӣ аз Русия ва маҳкумият ба 17 соли зиндони Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар июли соли 2015 мебошад, ки як бахше аз созмони "Гурӯҳи 24" маҳсуб мешавад.

Зимнан, ин қазия ва ҳам парвандаҳои Собир Валиев ва Шабнам Худойдодова мавриди нигаронии ахири созмони Human Rights Watch гардид, ки исми онҳоро ҳамчун афроди мавриди таъқиб ва боздошти мухолифон дар хориҷи Тоҷикистон зикр кардааст. Шабнам Худойдодова дар ин феҳраст аввалин зане аз Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳоми пуштибонӣ аз ақоиди мухолифон бо дархости мақомот дар хориҷа боздошт шудааст.

Ин модари як фарзанд, ки аз ҳисоби нигоҳубини пиронсолон дар Санкт-Петербург рӯзи худу хонаводаашро таъмин мекард, 8 моҳ дар боздоштгоҳи шаҳри Брест ба сар мебарад. Ба гуфтаи хоҳараш Мижгона, ки рӯзи 3 феврал аз Санкт-Петербург бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, «Шабнам афсурдаву хаста шудааст ва бисёр мехоҳад, ки қазияи ӯ базудӣ ва ба манфиати ӯ ҳал шавад».

Хоҳарон дар мукотиба қарор доранд ва Мижгона моҳе аз Шабнам се мактуб аз боздоштгоҳ дарёфт мекунад. "Вай аз шароити зиндагиву нигаҳдорӣ аслан шикоят надорад, аз назари риоя шудани ҳуқуқи инсониаш ҳам ҳеч чиз намегӯяд. Ҳамин ки хаста шудааст, духтарча ва модарамро ёд мекунад. Ҳамин ҳолати интизорӣ барояш мушкил аст ва орзу дорад, ки ӯро ба ҳеч сурат ба Тоҷикистон таслим накунанд," - гуфт хоҳараш ба Озодӣ.

Хешовандон дар шаҳри Кӯлоб – маҳалли зисти модару духтари Шабнам мегӯянд, ки мақомоти амниятӣ қазияи Шабнамро ҳамоно дунбол мекунанд ва талош мекунанд аз роҳи бозпурсиҳои хешовандон дар ҷараёни ҳама таҳаввулоти марбут ба сарнавишти Шабнам дар боздошт бошанд.