Бар хилофи раҳбарони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, ки ба далели бӯҳрон дар шарқи Украина ба Маскав наомаданд, раҳбарони 27 кишвар дар паради низомии бахшида ба ҳафтодсолагии пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар пойтахти Русия иштирок карданд. Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сӣ Ҷинпинг -- раҳбари Чин низ дар Майдони Сурхи Маскав буданд. Раул Кастро, раҳбари Куба ва Роберт Мугабе, раисиҷумҳури Зимбабве аз ҷумлаи меҳмонони дигари ин парад ба шумор мерафтанд. Ҷараёни гашти низомӣ дар пойтахти Русияро, инчунин, Бан Ки Мун -- дабири кулли Созмони Милал ва Стивен Сигал, ҳунарпешаи шинохтаи дунё назорат мекарданд.
Оқои Раҳмон рӯзи ҳаштуми май, баъди баргузории иди ғалаба дар Тоҷикистон ба Маскав рафт ва шоми ҳамон рӯз дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳам иштирок кард. Мавзӯи асосии ин нишаст 70-солагии ҷашни ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони нозӣ буд.
Вале раҳбарони кишварҳои ғарбӣ барои муноқишаҳо дар шарқи Украина ин парадро бойкот карданд ва ба Маскав наомаданд. Кишвраҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия дар шарқи Украина ба ҷудоихоҳон кумак мекунад, аммо Кохи Кремл ин гуфтаҳоро қабул надорад ва мегӯяд, дар минтақаҳои Луҳанску Донбасс ҷудоихоҳонро мусаллаҳ накардааст. Бештар аз 6 100 нафар дар ҷангҳои шарқи Украина кушта шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгарон мегӯянд, паради низомии Маскав як навъ намоиши қудрати Путин аст, ки таҳримҳои Ғарб бар зидди Русияро “аблаҳона” номид. Ин таҳримҳо барои ҷудо кардани нимҷазираи Қрим аз Украина ва пайвастани он ба Русия соли гузашта ҷорӣ шуд.
Бино ба хабари Вазорати дифои Русия дар 25 шаҳри дигари Русия, ҳатто дар киштиҳои атомии зериобӣ парадҳои хурд-хурд баргузор шудааст. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ тақрибан 26 миллион нафарро қурбонӣ дод. Путин ҳамеша аз ҷашнҳои солона барои таблиғи кишвари худ чун кишвари тавоно, ки тавонистааст ҷаҳонро аз таҷовузи нозиҳо наҷот диҳад, истифода мекунад ва мегӯяд, ҳоло низ дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ аз сӯи Амрико устуворона истодааст.
Дар паради низомии рӯзи 9 май дар Маскав ҳудуди 16 ҳазор нерӯ, аз ҷумла сарбозону афсарони Вазорати дифои Тоҷикистон, Арманистону Озарбойҷон, Беларусу Қазоқистон, Қирғизистону Муғулистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Сербистону Чин ва дар маҷмӯъ 200 техникаи низомӣ, 143 ҳавопаймо ва чархбол иштирок доштанд.
Бар ҷараёни ин парад, ки дар Майдони Сурхи Маскав баргузор шуд, Владимир Путин, раисиҷумҳур, Сергей Шойгу -- вазири дифои Русия ва намояндагони дигари баландпояи Русияву хориҷӣ назорат карданд. Ҳангоми суханони худ дар ин маросим Путин ба кишварҳои ҳампаймон дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба Фаронсаву Бритониё ва Амрико изҳори сипос кард. Аммо ӯ аз "сабуксарӣ"-е, ки ҷаҳони ғайримаъмулӣ ба вуҷуд овардааст ё ба паймонҳои низомӣ такя мешавад, интиқод намуд.
Баъд аз хатми паради низомӣ ҳамаи раисони ҷумҳур ба пояи ёдгории сарбози номаълум дар боғи Александри назди Кохи Кремл гулчанбар гузоштанд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ тақрибан 26 миллион нафарро қурбонӣ додааст.
Ҷашни 70-солагии ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ё фашистӣ дар ҳоле ба як баҳси ҷаҳонӣ табдил шудааст, ки даҳ соли қабл, яъне шастсолагияш орому бе дарди сар гузашта буд. Он вақт дар шаҳри Маскав, дар майдони сурх, ба ифтихори пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум парад ё реҷаи низомии идона баргузор шуд, ки дар он 4 ҳазор собиқадорони ҷанг, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва 7 ҳазор низомиёни артиши Русия ширкат карданд.
Ҷараёни реҷаи низомии идона дар майдони сурхро сарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони вақти Амрикову Фаронса -- Ҷорҷ Буш ва Жак Ширак, собиқ нахуствазири Олмон Герҳард Шрёдер, роҳбарони Чин, Ҳинд, Ҷопон ва 11 ҷумҳури шӯравии собиқ тамошо карданд.